ҚАЛБИ МОДАР ЧУН ОТАШУ БАҲР БАХШАНДА ВА БЕБОК АСТ

 25.08.2025

ҚАЛБИ МОДАР ЧУН ОТАШУ БАҲР БАХШАНДА ВА БЕБОК АСТ
 
МОДАР — Ту ин қадар маҳфилоро ҳастӣ. Ту монанди боғбоне, ки гулро парвариш мекунад, маро ба монанди гул парваридӣ ва ҳаёт бахшидӣ. Ман барои вуҷудат, васфи покат, меҳри бепоёнат месароям. Ту қуллаи баланди зиндагӣ, саршори муҳаббат, чашмаи беғубор, офтоби толеъ ва равшангари дилҳоӣ.
МОДАР — Ту дар рӯи Замин як муъҷизае ҳастӣ, ки ҳам бузург, муқаддас, азизу ғамхор ва офарандаи инсонӣ!
МОДАР — Оне, ки фарзандро ба дунё меоварад, бо азобу машаққат ба воя мерасонад, бо каме нооромшавии фарзанди дилбандаш бо чашмони ҳаросону дили пурмеҳру муҳаббат ба он менигарад, дар роҳи оромию офиятмандӣ нахли гулшани умраш тамоми ақлу ҳуш ва фикру зикрашро хаёлоти печ дар пече фаро мегираду ноором мешавад.
МОДАР — Меҳри ту бузург ва мисли оби дарё ҷӯшону хурӯшон ва мисли офтоби зарҳалин сӯзон аст. Ӯ ҷисман латиф, вале руҳан тавоно ҳаст, дар қалби ҷисман кӯчак, аммо дар асл бузургаш ҳамаи ҷаҳонро ҷой додааст. Бо бузургиву тавоноиаш ягона нафаре мебошад, ки дардҳои ҷонро, оташи ниҳонро, сӯзиши дардро, пушти ханда ашкҳои фарзандро бе ишора мефаҳмад ва ҷумлаи гуноҳи фарзандро мебахшад.
 
МОДАР — Бузургии ту ҳадду канор надорад. Як тӯи, ки ғамбарори беминнат ҳастӣ. Ба ақидаи олимону орифон – дар хонае, ки зан нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд. Ҳақ бар ҷониби шоир, ки қалби поку вуҷуди бегазанд ва ботамкинатро чунин васф намудааст:
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил соҳили ман буд.
 
 
ЛОИҚ Қасобов — дотсенти кафедраи
неругоҳҳои электрикии ДТТ
ба номи академик М.С. Осимӣ

Ба рӯйхат