РӮЗИ ДОНИШ - ДАРСИ СУЛҲ ВА ЗИНДАГӢ

 29.08.2025

РӮЗИ ДОНИШ - ДАРСИ СУЛҲ ВА ЗИНДАГӢ
Рӯзи офтобӣ буд. Гунҷишкакон сурӯд мехонданд. Кӯдакон бо шавқу завқи кӯдакӣ давон-давон ба мактаб мерафтанд. Аз ҳар кӯча садои хандаю суҳбатҳои шакарини хонандагон меомад. Дар дасташон гул ва дафтар доштанд, чеҳраҳояшон бо табассум нуронӣ менамуд. Онҳо бо дили пурумед ба остонаи дониш қадам мегузоштанд. Дар ин рӯз мактабҳо ва донишгоҳҳо бо садои қаноатбахши занг пур аз шодиву сурур мегарданд. Омӯзгорон бо меҳр ва самимият шогирдонашонро истиқбол мегиранд. Падару модарон бо дили пурифтихор фарзандонашонро ба мактаб мебаранд ва орзу мекунанд, ки онҳо аз таҳсил комёб бароянд. Ҳамин тавр, Рӯзи дониш ба як ид мубаддал мегардад, ки ҳамаи табақаҳои ҷомеаро ба ҳам меорад.
 
Ин манзара барои ҳар касе, ки дидааст, хотирмон мемонад. Ҳар сол бо фаро расидани фасли зебои тирамоҳ дар саросари кишварамон рӯзе фаро мерасад, ки бо шодию ифтихор таҷлил карда мешавад. Ин рӯз 1-уми сентябр – Рӯзи дониш аст. Агар ба назар расад, ки ин танҳо оғози соли нави таҳсил мебошад, пас бо диққати бештар фикр кунем, хоҳем дид, ки он як падидаи азимтару пурмаънитар аст. 1 сентябр танҳо як рӯз нест – он оғози як сафар аст. Сафаре, ки ҳар як кӯдак ва ҳар як донишҷӯ бо орзуву умедҳои худ шурӯъ мекунад. Ин рӯз на танҳо барои хонандагон ва донишҷӯён, балки барои омӯзгорон, падару модарон ва тамоми ҷомеа як санаи пурифтихор ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дониш ояндаи миллатро равшан месозад ва роҳи пешрафти давлатро таъмин мекунад.
 
Вақте ки занги аввал садо медиҳад, гӯё тамоми кишвар якбора бедор мешавад. Ин занг рамзи оғози илм аст, рамзи он ки инсон қадами нав ба сӯи ояндаи худ мегузорад. Ҳар як нафар бо шунидани он эҳсос мекунад, ки роҳи маърифат боз шуд. Дониш барои инсон мисли нур барои чашм аст. Агар нур набошад, чашм чизеро намебинад. Агар дониш набошад, инсон роҳи дурустро намешиносад. Бинобар ин, рӯзи дониш ба мо хотиррасон мекунад, ки бояд аз илм дур нашавем ва ҳамеша дар ҷустуҷӯйи маърифат бошем.
Дониш барои инсон ҳамон қадар зарур аст, ки нон барои зиндагӣ. Илм инсонро на танҳо бо маърифат, балки бо ахлоқ, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ муҷаҳҳаз месозад. Дар ҷомеаи муосир бе дониш пеш рафтан ғайриимкон аст. Пешрафти техника ва технология, ихтироъҳои нав, рушди саноат ва иқтисодиёт ҳама ба дониш вобастаанд. Агар ҷавонони имрӯз илм омӯзанд, фардои миллат равшан ва пурасрор хоҳад буд. Бинобар ҳамин, Рӯзи дониш барои ҳама аҳамияти бузург дорад.
 
Ҳар гоҳ сухан аз дониш меравад, нақши омӯзгор дар мадди аввал меистад. Онҳо бо заҳмати шабонарӯзӣ насли наврасро ба камол мерасонанд ва онҳоро ба сӯи хирад раҳнамоӣ менамоянд. Ҳар як хонанда бо меҳри омӯзгор роҳи илми худро оғоз мекунад. Омӯзгор мисли чароғест, ки дар торикӣ равшанӣ мебахшад. Бо суханони гарм, бо дастгирӣ ва бо меҳрубонӣ, ӯ дар дилҳои кӯдак орзу мекорад. Дар 1-уми сентябр, вақте ки омӯзгор аввалин суханро мегӯяд, он ба мисли донаи умед дар қалби хонанда мерезад. Шояд баъзе аз он кӯдакон пас аз солҳо олим, муаллим, муҳандис ё табиб шаванд. Ҳамааш аз ҳамон лаҳзаи аввал сар мешавад ва пешравии ҳар як насли наврас аз заҳмат ва меҳрубонии омӯзгор сарчашма мегирад. Дар ин рӯз бояд махсусан ба омӯзгорон изҳори сипос кард. Зеро ҳар як комёбии шогирд, ҳар як муваффақияти донишҷӯ, ҳар як пешрафти ҷомеа аз меҳнату ҳидояти омӯзгор сарчашма мегирад.
 
Рӯзи дониш рамзи бедории фикр, рӯй овардан ба илм ва ҷӯстани маърифат аст. Дониш ганҷест, ки инсонро ба камол мерасонад, ба ӯ қудрати фарқ кардани нек аз бад, дуруст аз нодуруст ва ҳақиқат аз дурӯғро медиҳад. Бе илм ва дониш на шахсият метавонад рушд кунад ва на давлат метавонад пеш равад. Аз ҳамин рӯст, ки дар саросари ҷаҳон рӯзи аввалини мактаб ҳамчун рӯзи дониш гиромӣ дошта мешавад.
 
Дар давоми садсолаҳо мардуми мо бо ифтихор аз донишмандон, олимон ва мутафаккирони бузургашон ном мебаранд. Форобӣ, Ибни Сино, Рӯдакӣ, Берунӣ ва садҳо донишмандони дигар аз ҷумлаи он фарзонагонанд, ки бо хираду илми худ ҷаҳонро равшан сохтанд. Аҷдодони мо ҳамеша донишро аз ҳама чиз болотар медонистанд. Ибни Сино гуфтааст, ки илм инсонро зинда нигоҳ медорад. Имрӯз низ идомадиҳандагони роҳи онҳо – насли ҷавони мо – бо кушодани дафтари нав ва нишастан ба курсии мактаб, сафари маърифатро шурӯъ мекунанд. Миллате, ки фарзандонаш ба дониш рӯй меоранд, ҳамеша пешрафта мешавад. Давлат танҳо бо пул ва қувваи ҷисмонӣ қавӣ намешавад. Вақте ҷавонон илму маърифат меомӯзанд, ихтироъ мекунанд, роҳҳои нав меёбанд, он вақт миллат пеш меравад.
 
Хулас 1 сентябр барои мо рамзи нур, рамзи умед ва рамзи оянда аст. Ин рӯз на танҳо рӯзи оғози таҳсил, балки рӯзи бедории рӯҳу ақл, рӯзи шинохти арзишҳои маънавӣ ва рӯзи орзуву ормони ҷавонон аст. Дар асл, дониш сармояест, ки инсонро дар ҳама давру замон дастгирӣ мекунад ва ба мақсад мерасонад. Ҳар як кӯдак ва ҳар як донишҷӯ бояд дарк кунад, ки дониш ганҷест, ки ҳеҷ кас онро рабуда наметавонад. Ин ганҷ ҳамеша бо ту мемонад ва туро ба қуллаҳои баланд мебарад.
 
Нурмадзода Шуҳрат – донишҷйи курси 3-и ихтисоси 700201-05,
факултети сохтмон ва меъмории ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат