Хушбахтии мо – ҷавонон дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳалаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.
Мо аз он ифтихормандем, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат қарор дорем. Дидаҳо диданд, сарҳо тафаккуру фаҳм карданд, ки дар самои даврон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои миллат раҳнамои воқеист, зеро Роҳбари давлат ҷонфидои ин халқу Ватананд. Мо – ҷавонон низ дар роҳи хизмат ба халқу Ватан мисли Пешвои миллат ҳастии худро фидо мекунем.
Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Мо – ҷавонон доимо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем.
Забиров Некрӯз – донишҷӯи курси 3-юми шӯъбаи рӯзонаи гурӯҳи 430101-А1 факултети Энергетикӣ