ИСТИҚЛОЛ ВА ДУРНАМОИ ЭНЕРГЕТИКАИ ИННОВАТСИОНӢ

 06.09.2025

ИСТИҚЛОЛ ВА ДУРНАМОИ ЭНЕРГЕТИКАИ ИННОВАТСИОНӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ин сана барои миллати тоҷик на танҳо як ёдгории таърихӣ, балки фурсати арзёбии дастовардҳо ва муайян намудани самтҳои нави рушд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Дар ин раванд, соҳаи энергетика, ки ҳамчун омили калидии пешрафти иқтисодиёт шинохта мешавад, аҳамияти хоса касб мекунад.
Дар тӯли 34 соли Истиқлол, Ҳукумати Тоҷикистон талошҳои зиёдеро барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар равона намуд ва дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Инфрасохтори энергетикии кишвар давра ба давра бунёд ва таҷдид гардида, сохтмони неругоҳҳои барқии обии хурду бузург, аз ҷумла НБО "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", таҷдиди НБО "Норак" ва ба кор даромадани агрегатҳои аввалини иншооти муҳими аср - НБО "Роғун" иқтидори энергетикии Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш дод.
 
Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки ҳамчун рамзи иродаи миллӣ ва талоши кишвар ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ шинохта мешавад, бо суръати баланд идома дошта, умедҳоро барои ояндаи дурахшони энергетикии Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин самт лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ шуда истодаанд, ки ба коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории анъанавӣ мусоидат мекунанд.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқии обӣ мебошад, ки аз рӯи ҳаҷми он дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳамзамон, иқлими мусоиди кишвар имконият фароҳам меорад, ки аз энергияи офтобӣ ба таври васеъ истифода шавад. Ин ду омил заминаи мустаҳкамро барои рушди энергетикаи устувор ва муосири Тоҷикистон фароҳам меоранд.
 
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳо бо суръати бесобиқа пеш мераванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи энергетика диққати махсус зиҳир намояд. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки самаранокии истеҳсол, интиқол ва тақсими энергия ба маротиб баланд бардошта, талафот кам карда шавад ва таъминоти боэътимоди энергия таъмин гардад.
 
Ҷорӣ намудани шабакаҳои интеллектуалӣ (Smart Grids) имкон медиҳад, ки идоракунии системаи энергетикӣ автоматикунонида шуда, таъминоти боэътимоди энергия таъмин карда шавад ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ҳамоҳанг гардад. Татбиқи технологияҳои сарфаи энергия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, сохтмон ва нақлиёт, имкон медиҳад, ки талабот ба энергия кам карда шуда, хароҷот сарфа карда шавад. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтмон ва таҷдиди НБО, аз ҷумла турбинаҳои самаранок ва системаҳои автоматикунонии идоракунӣ, имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии НБО афзоиш дода шавад. Дастгирии лоиҳаҳои энергияи офтобӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, имкон медиҳад, ки вобастагии кишвар аз манбаъҳои анъанавии энергия кам карда шавад. Рушди технологияҳои захираи энергия, аз ҷумла батареяҳои литий-ионӣ ва системаҳои захираи энергияи гидроэнергетикӣ (Pumped Hydro Storage), имкон медиҳад, ки номутавозунии истеҳсол ва истеъмоли энергия ҷуброн карда шуда, эътимоднокии системаи энергетикӣ баланд бардошта шавад.
 
Бинобар ин ин, бе муҳобо метавон гуфт ки истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар самти рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузорад. Захираҳои бузурги обӣ ва потенсиали энергияи офтобӣ, дар якҷоягӣ бо татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, метавонад Тоҷикистонро ба кишвари пешқадам дар соҳаи энергетика табдил диҳад ва ба рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф, зарур аст, ки Ҳукумат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи илмӣ якҷоя фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони энергетикии Тоҷикистон замина гузоранд.
 
САИДЗОДА Хушдил Саид – н.и.т., дотсент,
мудири кафедраи электротаъминкунии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ,

Ба рӯйхат