ИСТИҚЛОЛ - ЧАРОҒИ РОҲНАМО ВА САРНАВИШТИ МИЛЛАТ

 08.09.2025

ИСТИҚЛОЛ - ЧАРОҒИ РОҲНАМО ВА САРНАВИШТИ МИЛЛАТ
 
Ҳар миллате, ки соҳиби мустақилият мегардад, дар ҳақиқат ба дараҷаи олии шуур ва худогоҳии сиёсӣ мерасад. Барои мадуми тоҷик чунин рӯз 9 сентябри соли 1991 ҳамчун оғози як давраи нав дар таърих бо хатҳои заррин сабт гардид. Аз ҳамон лаҳза тоҷикон ба ҷаҳониниён эълон карданд, ки онҳо давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ба иродаи худ идорашавандаро доро ҳастанд.
 
Истиқлол танҳо як калима нест. Он рамзи озодӣ, ваҳдат, масъулият ва эҳёи орзуҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошад. Миллати мо, ки аз тӯфонҳои таърихӣ гузаштааст, имрӯз зери сояи истиқлоли миллӣ нафаси озод мегирад, фарҳанг ва забони худро арҷ мегузорад ва бо чеҳраи нав ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.
 
Даврони истиқлол дар баробари шодию ифтихор, санҷишу имтиҳонҳои душвор низ дошт. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Вале бо хираду сиёсат ва фаъолияти шабонарӯзии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии миллати тоҷик оташи ҷанг хомӯш гардид ва дар замини мо сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Ин дастоварди бузургтарин ва пойдортарини давлати навбунёди тоҷикон ба шумор меравад.
Имрӯз вақте, ки мо ҷавонон ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар назар меафканем мебинем, ки кишвари азизамон роҳи пуршарафро тай намуда, ба дастовардҳои назаррас ва таърихӣ ноил гашта истодааст, аз ҷумла:
 
• Неругоҳҳои азими барқӣ, аз ҷумла Роғун (НБО-Роғун), ҳамчун рамзи қудрати иқтисодиву сиёсӣ бунё шуда истодааст;
• Шаҳру деҳот бо роҳу пулҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва муассисаҳои замонавӣ рушд ёфтаанд;
• Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвару ташаббускор шинохта шуд;
 
Ҷавонону наврасон бо дастгирии давлату ҳукумат ба илму дониш рӯ оварда, дар арсаи илм, варзиш ва ихтироъкорӣ парчамбардори миллат дар арсаи байналмилалӣ гардиданд.
Ҳамаи ин пешрафтҳо танҳо бо шарофати истиқлол ва доштани роҳбари сиёсатмадор, ки тамоми фаъолияти худро дар рушди давлату миллат равона сохтааст, имконпазир шудаанд. Агар истиқлол намебуд, имрӯз мо тоҷикон наметавонистем дар бораи давлатдории худ бо ифтихор сухан гуем.
Ҳоло масъулияти бузург бар дӯши ҳар як фарди кишвар аст, ки манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти кишвар, фарҳанг ва анъаноти ӯро ҳифз намояд. Истиқлол мисли оина аст, агар онро эҳтиёт накунӣ, шикастанаш осон аст, вале дубора бо ҳам пайванд карданаш мушкил аст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишвар хоҳ донишҷӯ бошад, хоҳ деҳқон, хоҳ омӯзгор бошад ё муҳандис бояд дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошад.
 
Истиқлол барои мо ҷавонон танҳо санаи таърихӣ нест, балки фалсафаи зиндагӣ ва эътиқоди миллӣ аст. Пас, биёед ин гаҳвари ниёгонро арҷ гузорем, онро ҳифз кунем ва бо дастони поку дилҳои самимиӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба биҳишти рӯи Замин табдил диҳем.
 
НАЗАРАЛӢ Назаров – донишҷӯи курси 3-и гурӯҳи 430101-А1-и факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

 


Ба рӯйхат