АЗ МИЛЛАТУ АЗ ЗАБОНИ ХУД ЁД КУНЕД…
Оре, ҳақ ба ҷони шоир, ки гуфтааст:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Воқеан, забонро метавон яке аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳувияту бақои ҳар як миллат ҳисобид. Дар чандин баромаду вохуриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро появу шиноснома ва нишони бақои ҳар халқу миллат донистаанд.
Забони модарии мо – забони тоҷикӣ, ки бо номҳои форсии дарӣ ё форсии тоҷикӣ низ машҳур аст ва имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ қабул гардидааст, таърихи куҳан дошта, яке аз қадимтарин забонҳо ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ ва ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил шуда, аз гузашта то ба имрӯз дар ташаккулу бақои миллати тоҷик саҳми бориз гузоштааст. Маҳз ҳамин забони мо буд, ки дар тӯли таърих миллати моро аз ҳар гуна хавфу хатари нестшавӣ эмин нигоҳ дошт. Ҳамин забони ноби мо буд, ки на танҳо бо ғосибони сарзаминҳои мо муқобилият намуду миллати моро аз то ба имрӯз зинда нигоҳ дошт, балки онҳоро маҷбур намуд то дар назди забони мо оҷизона зону зананд ва дар давлатдории худ ҳамчун забони давлатӣ истифода баранд.
Ҳамин забони миллии мо буд, ки ба муқобили аъробе, ки бо баҳонаи паҳн кардани ислом забону фарҳанг ва тамаддуни бисёре аз халқияту миллатҳои сайёраро ба монанди мисриёну яманиҳо фаластиниёну ироқиҳо ва дигаронро аз байн бурда, ҷойи он забону фарҳанг ва тамаддуни арабиро ҷорӣ намуданд, истодагарӣ намояд. Дар навбати худ аъробро маҷбур намояд, ки забони модарии моро ҳамчун дуюмин забони расмии ислом қабул намоянд ва дар баробари забони арабӣ - забони аҳли биҳишт хонанд. Дигар сулолаҳои ғосиб низ мисли Ғазнавиёну Салҷуқиён ва Темуриёну Аштархониён дар назди забони мо оҷиз монда буданд. Магар ин забон қобили ситоиш ва дӯстдорӣ нест? Албатта, ҳаст ва ҷои ифтихор кардан ҳам дорад. Забоне, ки таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, бузургтарин мероси маънавии миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз бо он офарида шудааст.
Ҷойи зикр аст, ки ин мероси маънавии гаронбаҳо аз гузашта то ба имрӯз дар пешрафту такомули маънавиёти башарият нақши амиқ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки гузашта то ба имрӯз асарҳои оламшумули фарзандони фарзонаи миллати мо монанди Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Шайх Фариддадуни Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода Бобоҷон Ғафуров, китоби рӯимизии аҳли илму адаби дунё буду ҳаст.
Замони муосир – замони бархурди тамаддунҳост. Моро зарур аст, ки аз пештара дида бештар забони модарии худро дӯст дорем, баҳри покизагии он боз ҳам кӯшиш намоем. Зеро забони миллии мо - бақои миллати мост. Месазад, ки дар ниҳоди худу фарзандони хеш ҳамеша дӯст доштану эҳтиром намудани забони миллии худ – забони форсии тоҷикиро талқин намоем. Муҳимтар аз ҳама дар ҳама ҷо ба забони модарии худ арҷ гузорем.
Ҳикматов Ҷумъабой – н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.