ГУСТАРИШИ САМТИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

 16.10.2025

ГУСТАРИШИ САМТИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

 
Боиси хушнудист, ки санаҳои 8 - 10 ояткбри соли равон дар шаҳри гулбадомони Душанбе сарони кишварҳои ба мо дӯсту бародар ба ҳам омада, роҷеъ ба масъалаҳои мухталифи минтақа, густариши соҳаи энергетика ва гидроэнергетика гуфтушунидҳо ба сомон расид. Махсусан, имзои созишномаҳо дар бахшҳои мухталиф бо Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон заминаи боз ҳам устувор гардидани муносибатҳоро гузошта, кафолат медиҳад, ки дӯстӣ ва ҳампаймонӣ бо ин кишварҳо таҳким ёбад.
Миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик бо фарҳанги волои меҳмоннавозӣ ва ташаббусҳои инсондӯстонаи хеш таҳти сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҳратёр гардида, ҳамасола дар қалби Тоҷикистон Душанбешаҳри азиз даҳҳо чорабиниҳо ва саммитҳои байналмилалию минтақавии сатҳи баланд баргузор мегардад.
 

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз лаҳзаҳои аввали ба даст омадани истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии худ қарор дода, то имрӯз ин равобит марҳала ба марҳала рушд намуда истодааст. Ҳузури сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ дар саммити навбатӣ дар Душанбе паёмади сиёсати муваффақи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, бори дигар симои миллати тоҷик ҳамчун миллати меҳмоннавоз муаррифӣ гардид.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ Федератсияи Русияро ба ҳайси шарики асосии стратегӣ эътироф намуда, дар тамоми самтҳо муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла дар нишасти матбуотии сарони ду давлат роҷеъ ба соҳаи энергетика ва рушди гидроэнергетика гуфтушунидҳо ва саволу ҷавобҳо баргузор гардид, ки дар самти энергетика ва рушди бомурури он нақши назаррас дорад. Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки муносибат ва ҳамкориҳои сарони давлатҳо ҷиҳати рӯ овардан ба самти энергияҳои тоза, аз қабили гидроэнергетика, неругоҳҳои офтобӣ ва шамол таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз омӯзиши таҷрибаи муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар бармеояд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидан Русияро ҳамчун шарики боэътимоду стратегӣ ҳисобида то имрӯз марҳала ба марҳала ин муносибатҳо боз ҳам мустаҳкамтар шудаистодаанд.

 
Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарики боэтимод ва боварибахш миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, ҳамкориҳоро бо кишвари Русия муҳим арзёбӣ намуданд, ки дар бобати мазкур метавон ҷаласаи 66 Шӯрои электроэнергетикии ИДМ дар Қазонро мисол овард, ки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ шуда, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, ки Тоҷикистон метавонад садҳо миллиард кВт‑соат иқтидор дошта бошад, вале феълан танҳо 4 % аз он истифода мешавад.
Роҷеъ ба гуфтаҳои боло андар боби густариши соҳаи энергетика метавон чанд манбаъ ва ё маълумоти заруриро пешниҳод намуд, ки дар ҷараёни САММИТ баррасӣ гардиданд:
 
Анҷомдиҳии санадҳо оид ба эъломия дар бораи амнияти энергиявӣ - яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими имзошуда дар ҷаласаи сарони давлатҳо дар Душанбе эъломияи “Declaration on Regional Energy Security” буд, ки тавсеаи муносибатҳои стратегӣ миёни кишварҳои иштироккунанда дар бахши таъмини амнияти энергетикиро фаро мегирад.
• Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, пешниҳоди рушди барномаҳои дарозмуддати инноватсионӣ дар бахши энергетика — ҳам дар соҳаи сарчашмаҳои анъанавӣ ва ҳам имкониятҳои энергияҳои барқароршаванда.
• Ҳушдор ба масъалаи таъмин ва устувории таъмини энергия, таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини интиқол ва пардохтҳои энергияи анъанавӣ (нафт, газ, барқ) ва оғози фаъолиятҳо барои сармоягузорӣ дар энергияҳои тоза.
• Пешниҳод барои таҳияи барномаи дарозмуддати рушди инноватсионӣ дар бахши энергетика - ин барнома метавонад барномаҳои сармоягузорӣ дар технологияҳои нави нерӯи барқароршаванда, самаранокии энергетикӣ, моделҳои идоракунии шабакаҳои бузург ва таҳкими ҳамкориҳои шабакаҳои интиқолро дар бар гирад.
 
Хулоса, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе дар соли 2025 дар соҳаи энергетика ҷиҳати рушд ва густариши ин самт қадамҳои устувор гузошт. Аз ҷониби сарони давлатҳо пешниҳодҳо ва ҳуҷҷатҳое имзо шуд, ки метавонанд ба тақвияти амнияти энергетикӣ, рушди энергияҳои тоза ва ҳамгироии шабакаҳо мусоидат намояд.
 

Манучеҳр Юсуфзода – декани факултети энергетикии

ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ


Ба рӯйхат