ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ СОЗАНДА

 16.10.2025

ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ СОЗАНДА

Рӯзҳои 8 -10 октябри соли равон шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву дипломатӣ буд. Барномаи серӯза иштирок ва мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро фаро гирифт. Он ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва амнияти минтақа дониста мешавад.
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон санаи 8 октябр оғоз шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар мулоқоти расмӣ бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, музокирот дар шаклҳои “як ба як” ва бо ҳайатҳои васеъ, инчунин, имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг ба имзо расид. Дар анҷоми вохӯрӣ нишасти матбуотии муштараки роҳбарони ду кишвар баргузор гардид.
 
Юрий Ушаков, ёвари Президенти Русия ба расонаҳои кишвари худ иттилоъ дод, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар соли 2024 ба ватани худ беш аз 1,8 миллиард доллар фиристодаанд, ки 17% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад”. Ҳамчунин, Ушаков иброз дошт, ки дар Русия тақрибан 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, ки 16% коргарони хориҷӣ дар ин кишварро ташкил медиҳад.
9 октябр роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дар Душанбе гирд омада Саммити дуюми “Осиёи Марказӣ – Русия”-ро баргузор намуданд. Дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳамоиш масъалаҳои амният, муқовимат ба таҳдидҳои фаромарзӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, ҳамкории энергетикӣ ва нақлиёт қарор гирифт.
Ба андешаи коршиносон, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо буҳронҳои мураккаб рӯ ба рӯст, чунин форматҳои минтақавии ҳамкорӣ на танҳо василаи ҳалли мушкилот, балки заминаи эътимод ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамсоякишварҳоро фароҳам месозанд.
 
Дар ҳамин ҷо пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкориҳои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” эълон намуд.
10 октябр ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат баргузор гардид. Ин ҷаласа баррасии масъалаҳои амният, иқтисоди минтақа, тағйирёбии иқлим ва равандҳои глобалиро дар бар гирифт. Дар ин САММИТ сарони давлатҳо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.
 
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон солҳои охир бо сиёсати мусолиҳатомез нишон дод, ки метавонад нақши калидӣ дар мустаҳкам сохтани робитаҳои байни кишварҳои пасошуравӣ ва махсусан дар арсаи ИДМ бозӣ кунад. Ин ҳамоиш як имкони хуб барои эҳёи рӯҳияи ҳамкорӣ дар фазои пас аз танишҳои солҳои охир аст.
Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо мавқеи геосиёсии Тоҷикистонро тақвият мебахшад, балки ба густариши ҳамкориҳои судманд дар тамоми минтақа мусоидат мекунад. Иштироки фаъолонаи роҳбарони кишварҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо гувоҳи равшани эътимод ба сиёсати давлати Тоҷикистон ва нақши афзояндаи он дар муътадилсозии равандҳои минтақавӣ мебошад.
 

Дар ҷаҳони имрӯза, ки пиёда кардани аҳдофи тиҷоратию бозаргонӣ дар афзалият қарор дорад, барномаи кории ҳеҷ созмону ташкилот ва иттиҳоде бидуни мавҷудияти бандҳои хоси иқтисодӣ амал намекунад. Барномаи кории ИДМ низ аз рӯзи аввали таъсис то имрӯз орӣ аз бандҳои хоси иқтисодӣ набудааст, зеро ҳадафи сарони ин иттиҳод ҳамеша он будааст, ки дар фазои ҳамдилӣ ва дасти мадад дароз кардан ба ҳамдигар дар кишварҳои худ рушди иқтисодиро ҳамаҷониба таъмин созанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста дар талоши боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинони кишварро дар авлавият қарор додааст, албатта, дар баробари таҳкими дигар соҳаҳои давлатдорӣ ба василаи узвият дар ИДМ дар талоши пурқувват сохтани пояҳои иқтисоди мамлакат аст.

 
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ба унвони мизбони Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меҳмононро дар сатҳи баланд пазируфт, ки барои мо мардуми Тоҷикистон ин шеваи меҳмоннавозӣ мояи ифтихору сарфарозист, зеро алакай тоҷикон дар олам ба унвони миллати меҳмоннавоз пазируфта шудаанд. Бо чунин шеваи ҷаззобу оламгир истиқбол гирифтани меҳмонон низ орӣ аз ҷанбаҳои иқтисодӣ буда наметавонад, зеро кишваре барои ташкили чунин шеваи меҳмондорӣ қодир аст, ки дар баробари таъмини зиндагии шоиста ба мардуми хеш иқтидори иқтисодии чунин меҳмоннавозиро дорад.
Хулоса, перомуни ин фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ, ки дар Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт, месазад матолиби алоҳидае иншо кард.
 

Шарофзода Э.У. – н.и.т., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ


Ба рӯйхат