КОНСТИТУТСИЯ - ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

 05.11.2025

КОНСТИТУТСИЯ - ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

 
Тоҷикистон, ки имрӯз соҳибистиқлол гашта, дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон шомили Созмони Милали Муттаҳид аст ва баробар бо дигар кишварҳо мақому эътибор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи давлатии худро дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтнома ва шаҳодатномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
 
Маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад, зеро ки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягона санади ҳуқуқии дигари баробар эътибор вуҷуд надорад.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар хусусиятҳояш аз конститутсияҳои пешин фарқ мекунад, масалан меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуд, сиёсати сулҳҷуёна бо дигар давлатҳоро Тоҷикистон муайян намуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ эътироф гардид ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дод.
 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши басо муҳим дорад. Конститутсия шиносномаест, ки моро муаррифӣ мекунад ва мақсаду мароми ҷомеа ва давлат дар он нишон дода шудаанд. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, дар моддаи 6-и конститутсия омада: Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд кардаанд, ки: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
 
Имрӯз агар аз рӯи виҷдону инсоф ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ назар андозем фарқро “байни замину осмон мебинем”, яъне сохтмонҳои азим ва корҳои муҳимме ба манфиати мардум анҷом шудаанд, ки то ин замон чун афсона менамуданд. Шоҳроҳҳое, ки дар ин давра бунёд гардиданд тамоми кишварро ба ҳам пайвастанд ва мушкили садсолаҳои мардумро осон намуданд. Назар андозем ба шаҳру навоҳии кишвар: аксар шаҳру шаҳракҳо, ноҳияву деҳкадаҳо...ба мисле аз нав сохта шудаанд, биноҳои замонавию барҳаво, мактабу дабистонҳои ҳозиразамон, боғу гулгаштҳои ҳамешасабз, ки аз диданашон дил равшан ва чашмҳо нур мегиранд.
 
Мо устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ низ дар баробари таълиму тарбияи хуб додан ба шогирдон, инчунин вазифадорем, ки онҳоро аз қонунҳо ва санадҳои меёриҳуқуии кишвар, хусусан аз Конститутсияи мамлакат, ки раҳнамои ҳар яки мост, баҳраманд гардонем. Дар ин росто, мо устодон сарфи назар аз дарсҳои ихтисосӣ бояд ба онҳо китобу дастурҳои лозимаро пешкаш намоем, муҳиммияти онҳоро ба ҳар яке шарҳ бидиҳем то маърифати ҳуқуқии насли хушбахти замони истиқлол боло равад, чунки ҷавонони мо ояндасозони кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб мераванд. Дар ростои таҷлили Рӯзи Конститутсияи мамлакат дар донишгоҳи мо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, конфронсу семинарҳо ва суҳбатҳо бо иштироки васеи шогирдону омӯзгорон дойир мегарданд, ки аз аҳаммият орӣ нестанд. Маҳз тавассути чунин чорабиниҳо шогирдони мо боз беҳтару амиқтар аз муҳиммияти Конститутсия, ки раҳнамои имрӯзу фардои дурахшони мост, огаҳ мегарданд ва ҷаҳонбиниашонро боз васеътар мекунанд.

Ҷашни пурифтихори Конститутсияи кишвари маҳбубамон, ки раҳнамои фардои дурахшони мардуми сарбаланди тоҷик аст, ба ҳамагон мубораку фархунда бошад!

 

НАҶИБУЛЛО Шарипов – муовини декан оид ба тарбияи факултети

технологияи химиявӣ ва металлургияи ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ


Ба рӯйхат