КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ ВАҲДАТУ АДОЛАТ

 05.11.2025

КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ ВАҲДАТУ АДОЛАТ

Дар таърихи ҳар як давлат санаде ҳаст, ки на танҳо қонун, балки сарнавишт ва пояи ҳастии он ба ҳисоб меравад. Барои мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, чунин санад — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсия китоби оддӣ нест — он рамзи озодӣ, ҳуқуқ ва баробарии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Маҳз бо қабул гардидани он, Тоҷикистони азиз роҳи нави худро оғоз намуд — роҳи давлатдории мустақил, роҳи адолат, субот ва ҳуқуқбунёдӣ. Вақте мо “Конститутсия” мегӯем, ин маънои онро дорад, ки ҳар як инсон дар ин кишвар ҳақ дорад озод зиндагӣ кунад, таҳсил намояд, кору фаъолият кунад ва фикри худро баён намояд. Он барои ҳама як аст новобаста аз мансаб, синну сол ё миллат.
 
6 ноябри соли 1994 ин санаи муборак дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо иродаи худ ва боварӣ ба ояндаи дурахшон Конститутсияро қабул карданд, ки то имрӯз роҳнамои рушди кишвар аст. Конститутсия мисли оинае мебошад, ки дар он симои давлат ва миллат инъикос ёфтааст. Он ба мо меомӯзонад, ки давлат бе инсон вуҷуд надорад ва инсон бе қонун наметавонад озод бошад. Яке аз принсипҳои муҳими он ҳамин аст: “Давлат барои инсон аст, на инсон барои давлат.”
 
Қонуни асосӣ барои ҳама яксон аст — новобаста аз мансаб, синну сол ё миллат. Конститутсияро метавон паймони муқаддаси давлат ва миллат номид. Зеро он на танҳо донишҳои ҳуқуқӣ меомӯзонад, балки масъулият ҳам талаб мекунад, яъне эҳтиром ба қонун, дӯст доштани Ватан ва хизмат ба ҷомеа.
Конститутсия на танҳо маҷмӯи қонунҳо, балки рамзи ваҳдат ва соҳибихтиёрии давлат аст. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, низоми идоракунии давлатро муайян мекунад ва муносибати байни давлат ва ҷомеаро танзим менамояд. Конститутсия барои пойдории давлатдорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва таҳкими волоияти қонун нақши муҳим мебозад. Маҳз дар асоси он тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд.
 
Бо шарофати ҳамин санад имрӯз Тоҷикистони мо дар фазои сулҳ, оромӣ ва субот зиндагӣ дорад. Конститутсия ба насли ҷавон — ба монанди мо донишҷӯён, роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Вай моро ба меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Мо бояд донем, ки пойдории давлат аз донистан ва риояи Конститутсия оғоз меёбад. Ман, ҳамчун як донишҷӯ, ифтихор мекунам, ки дар кишвари дорои чунин Конститутсияи мустақилу инсонмеҳвар зиндагӣ мекунам. Барои мо — насли ҷавон — ин санад танҳо як ҳуҷҷати расмӣ нест, балки як роҳнамо, як дили зиндаи миллат аст, ки ба мо мегӯяд: чӣ гуна зиндагӣ кунем, ватанамонро дӯст дорем ва ба ояндаи он саҳм гузорем.

Бигузор Рӯзи Конститутсия барои ҳар яки мо рӯзи ваҳдат, масъулият ва ифтихор бошад. Зеро то даме ки мо қонуни асосии кишварамонро эҳтиром мекунем — Тоҷикистони мо қавӣ, озод ва обод мемонад!

 

Салимов Шохрухҷон - донишҷӯи курси 2-уми гуруҳи 530102Б -и

ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ


Ба рӯйхат