Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди сиёсати ҷавонон ва ташаккули фарҳанги худшиносии онҳо равона карда шудааст. Президенти кишвар ба неруи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи баъзе омилҳои мусбӣ, инчунин эҷодгари чандин хусусиятҳои манфист, ки метавонад манфиатҳои милливу фарҳангиро таҳти хатарҳои маҳвшавӣ бурда расонад. Таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, қабл аз ҳама ба қишри ҷавони кишвар расидагӣ менамояд, зеро ҳама гуна хатарҳо ва падидаҳои манфие, ки сар мезананд, нахуст ба насли наврас ва ҷавонон сироят мекунад. Ин нуктаи ниҳоят муҳимро Пешвои миллат хирадмандона дарк намуда, пайваста ҷавононро аз таҳдидҳои хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои нохуши он ҳушдор дода, ҳуввияти фарҳангиву худшиносиро дар афкори онҳо мепарварад.
Ин мавзӯъ, ба хусус дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат бештар ба назар мерасад.
Асари мазкури Пешвои миллат дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, пешкаши мардум гардид, ки онро метавон махсусан туҳфаи хубу арзандае барои аҳли илму фарҳанг ҳисобид.
Таълифи асари мазкури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати воқеии забоншиносии таърихӣ мебошад, зеро масъалаҳои бисёр муҳиме дар масири таърих аз сари забони тоҷикӣ гузаштаанд, ки онҳо ба бозкушоӣ ва таҳқиқи ҳаматарафаи илмӣ ниёз доранд. Муҳимияти тадқиқот қабл аз ҳама дар он аст, ки имрӯз асари нисбатан ҷамъбастӣ буда, дар он ҳаёти забони беш аз сеҳазорсолаи халқи ориёӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст ва чунин асари калонҳаҷм то имрӯз вуҷуд надорад. Ин асар дар навбати худ ягона буда, тамоми ҷанбаҳои муҳими давраҳои гуногуни тараққиёти забони тоҷикиро фаро мегирад ва бо забони бисёр хуби илмию оммафаҳми тоҷикӣ навишта шудааст, ки барои ҳамаи мардум дастрас аст.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи асари мазкури Пешвои миллат ҳуввияти милливу хештаншиносӣ ва худогоҳиву фарҳангдӯстиро дар замири миллати тоҷик, бахусус ҷавонони миллат парвариш намуда, тамоми нозукиҳои милливу фарҳангӣ ва дӯст доштану ҳифзи забони модариро меомӯзад.
Бешак, таърихи ҷамъият бо забон алоқаи ногусастанӣ дошта, ҷамъият бе забон ва забон бе ҷамъият арзи вуҷуд карда наметавонад. Аз ин рӯ, муайян кардани вазъи забон дар ҳар давраи таърихӣ дар таҳқиқи таърихи халқ аҳамияти калон дорад.
Ҷавонони моро низ мебояд, ки дар ҳифзи асолати фарҳангӣ ва забони миллӣ саъю талошҳои шабонарӯзӣ намоянд ва нагузоранд, ки дар раванди ҷаҳонишавии муосир зери таъсирҳои манфӣ қарор бигиранд. Аз ин рӯ, омӯзиши асари «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми мардуми тоҷик, ба хусус ҷавонон чун обу ҳаво зарур буда, дар рушду ташаккули фарҳанги худшиносӣ ва ҳуввияти миллии онҳо саҳми босазое хоҳад гузошт.
Холмуродов С.Н. – донишҷӯи курси 3, г. 530105-01А, факултети энергетикӣ.