ШУУРИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПАРТАВИ ДИГАР ШАКЛҲОИ ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ

 11.11.2025

ШУУРИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПАРТАВИ ДИГАР ШАКЛҲОИ ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ

(дар ҳошияи Рӯзи Коститутсисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
 
Миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳи таърихӣ тавонист давлати миллии хешро бунёд намояду низоми қонунгузориашро ба қонунҳои байналмилалӣ мувофиқ намояд. Маҳз таҳия ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба зинаи нави таҳаввули давлати миллӣ ворид намуд. Албатта, Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ барои мо тоҷикон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад, аммо рушди шуури ҳуқуқӣ ва мавқеи он дар низоми дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ барои шаҳрвандони давлатҳои миллӣ мавқеи фарохтарро ишғол менамояд. Бинобар ин мо лозим донистем, ки таъсири мутақобилаи шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ва шуури ҳуқуқиро мухтасаран таҳлил намоем:
 
1. Шуури ахлоқӣ – асосан вазифаҳои идоранамоӣ ва фаъолияти ҷамъиятии одамонро ба танзим медарорад. Маълум аст, ки ҳар як зинаи инкишофи таърихӣ ва халқу миллатҳо дорои ахлоқи ба худ хос мебошанд ва бинобар ин, муносибати ҳуқуқ ва ахлоқ дар як ҷамъият ба таври ба худ хос ба роҳ монда мешавад. Унсури муайянкунандаи муносибатҳои ахлоқ ва ҳуқуқ - фарҳанг ва урфу одатҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳангоми таҳия ва тарғиби қонунҳо зарур аст, ки ахлоқи ҷомеа ба назар гирифта шавад.
2. Шуури динӣ. Дин дар навбати худ ҳамчун институти мукаммал дар раванди таърихӣ муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароваранда буда, дар шуури намояндагонаш ҳамчун рафторҳои қолабигашта ба ҳисоб меравад. Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолияти дин ва муассисаҳои динӣ ба танзим дароварда шудаанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, гуфтан мукин аст, ки дар таҳияи баъзе қонунҳо меъёрҳо ва сифатҳои танзимкунандаи динӣ ҳамчун сарчашма истифода мегарданд. Дар асоси моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «...озодии пайравӣ ба дин – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона интихоб кардани ягон дин ва пайравӣ намудан ба он...» эътиқоди динии шаҳрвандон озод буда, аммо ҳодисаҳое вомехӯранд, ки барои таҳқири эҳсоси динӣ шахс ба қонунвайронкунӣ даст мезанад. Аз ин бармеояд, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон эътиқоди диниашонро аз қонунгузорӣ болотар медонад. Дар байни шуури динӣ ва шуури ҳуқуқӣ арзишҳо меистанд, ки донистани онҳо барои ҳуқуқшиносон чун боду ҳаво зарур аст. Пас, моро мебояд, ки ҳангоми таҳияи қонунҳо эътиқоди динии аҳолиро ба назар гирем.
3. Шуури сиёсӣ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, дар худ воқеияти сиёсиро тавассути маҷмӯи ғояҳо, муҳокимаҳо, баҳодиҳӣ, эмотсияҳо ва фаъолият инъикос менамояд. Асоси шуури ҷамъиятиро унсурҳои зерин ташкил медиҳанд: эътимоди сиёсӣ, меъёрҳо ва арзишҳои сиёсӣ, ҳазми ҳаёти сиёсӣ ва ғ. Ҳамагуна фаъолияти сиёсии шаҳрванд баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд амалӣ мегарданд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд» дарҷ гардидааст.
Агар ба сохтор ва вазифаҳои шуури ҳуқуқӣ ва шуури сиёсӣ амиқтар назар андозем, пас мебинем, ки ҳардуи онҳо ниҳоят ба ҳам таъсиррасонии зиёд доранд, зеро: а) ҳамаи фаъолияти сиёсӣ тавассути қонунҳо ба танзим дароварда мешаванд; б) фаъолияти бомувафақияти сиёсии субъект аз донистани қонунҳои амалкунанда вобастагии зиёд дорад; в) дар Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон барои ба вуҷуд овардани ҳокимият интихоботи умумиҷумҳуриявӣ дарҷ гаштааст. Иштироки фаъолонаи шаҳрванд аз шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии ӯ вобаста аст. Раванди ба вуҷуд омадани амалҳои иҷтимоӣ – психологии қолабигардидаи шаҳрванд ба ҳисоб мераванд. г) ченаки асосии фаъолии ҳуқуқӣ- сиёсии шаҳрванд, ба дӯш гирифтани корҳои масъулиятнок (фард бояд дар инкишофи шахсияташ ва ҷомеааш масъул бошад) ва истифода кардани ҳуқуқ ва озодиҳои хеш, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ба ӯ медиҳанд, ба ҳисоб мераванд. Агар чунин ҳолатро мушоҳида кардед, пас маълум мегардад, ки шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрванд дар сатҳи зарурӣ қарор доранду манфиати шахсӣ ва ҷамъиятиаш бо ҳамдигар тавъаманд. ғ) шахс фишанги асосии рушди демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
4. Шуури илмӣ. Дар ҷомеае, ки шуури илмӣ боло меравад, аҳолиаш бемамониат метавонад, ки моҳияти ҳамагуна ҳодисаю равандҳоро дуруст дарк намояд ва манзараи илмии оламро ба вуҷуд оварда, дар асоси кашфиёти илмӣ фаъолияташро пеш барад. Албатта, шуури илмӣ ҳама вақт ба қонунҳои амалкунандаи ҷомеа такя мекунад ва моро зарур аст, ки ҷаҳонбинии асотирии баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷаҳонбинии илмӣ иваз намоем. Дар воқеъ, ин кори басо мушкил, заҳматталаб буда, фурсати дарозро талаб мекунад.
5. Шуури педагогӣ. Яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки муносибати хонанда ва омӯзгорро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот фаро мегирад. дар раванди таълим гирифтан хусусиятҳои дарки олам ва ҷаҳонбинӣ рушд меёбанд. То кадом андоза омӯзгорони мо бо донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ бошанд, ҳамон қадар дастпарваронашон дорои шууру тафаккури замонавӣ мегарданд. Албатта, ҳангоми таълим гирифтан дар тамоми зинаҳои таҳсилот хонандагон бо масълаҳои ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва омӯзгоронро мебояд, ки ҳар як хонандаро барои омӯзиши низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрик намоянд. Дар ин сурат, шахс аз овони илмомӯзиаш ба омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мепардозад, ки боиси рушди маърифати ҳуқуқиаш мегардад.
 
Яке аз муаммоҳои замони муосир дар он аст, ки кадом шакли шуури ҷамъиятӣ метавонад нисбат ба дигаронаш дар рушди шуури ҳуқуқӣ бештар таъсир дошта бошад. Барои ҳамагон пӯшида нест, ки шуури ҷамъиятиро ҳастии ҷамъият муайян мекунад ва ҳар як нафар онро ба таври худ инъикос мекунад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба мо нишон медиҳад, ки аз ҳама шакли шуури ҷамъиятии таъсиргузор ба дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ шуури илмӣ ба ҳисоб меравад, зеро инсонҳо ба қувваи илм такя намуда, ҷаҳони хешро месозанду пешрафт менамоянд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз омӯзиши илм фарсахҳо дуранду тамоми зиндагии хеш ва пешравии дигаронро дар қувваҳои фавқуттабиӣ мебинанд, ки он аз нигоҳи илми имрӯза тамоман хатост. Пас, моро мебояд, ки дар соли маърифати ҳуқуқӣ ба рушди шуури илмии шаҳрвандонамон аҳаммият диҳем, зеро чуноне, ки дар боло зикр намудем, шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ба рушди шуури ҳуқуқӣ таъсиргузоранд.
Ҳамин тавр, аз таҳлилу барррасии масъала метавон чунин натиҷагирӣ кард:
- Зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон меъёрҳои ахлоқии хешро бо меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ намояд, на ба меъёрҳои ахлоқии дигар кишварҳо;
- Маърифати ҳуқуқӣ боиси рушди худшиносии фард ва миллат мегардад, зеро фард пеш аз ҳама ҳуқуқҳои хешро дуруст дарк намуда, баҳри худамалигардонии қобилияту донишҳои хеш дар доираи қонунҳои амалкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз тарафи дигар шахс худро барои миллат ҳамчун фарди зарурӣ шуморида, манфиатҳои давлат ва миллатро дар дохил ва хориҷ бемамониат ҳифз менамояд;
- Шуури ҳуқуқӣ набояд ҳамчун дониш ба омма тарғиб гардад, балки ҳамчун арзиши миллӣ ва ё давлатӣ бояд дар шуури ҳар як шаҳрванд ҷой гирад, зеро инсон метавонад донишҳои ба дастовардаашро дар як муддати кутоҳ фаромӯш кунад, аммо арзишҳо то охири умри инсон ӯро ҳамроҳӣ менамоянд.
- Дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба шаҳрвандон тарғиб карда шавад, ки донистани ҳуқуқҳояшон ба онҳо чӣ манфиат меоранд, яъне мо роҳҳои омӯхтани ҳуқуқҳояшонро нишон диҳем, на аз ёд намудани қонуну кодексҳоро.
 

Тураев Ф.Р., Абдулоев А.Ш. - омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ


Ба рӯйхат