МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ТАШАББУСҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РОҲИ ҲАЛЛИ ОН

 19.11.2025

МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ТАШАББУСҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РОҲИ ҲАЛЛИ ОН

Об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии фаъолияти инсон, ҳайвонот ва наботот мебошад. Бо вуҷуди ин, танҳо тақрибан 2,5% тамоми захираҳои оби рӯи замин оби тоза аст ва аз он ҳам камтар — 0,007% — барои истифодаи инсон дастрас мебошад. Бисёр кишварҳо ва минтақаҳои сайёра аз мушкилоти норасоии оби тоза ва ошомиданӣ ранҷ мебаранд, ки сабабҳо ва оқибатҳои зиёде дорад.
Сабабҳои асосии норасоии оби ошомиданиро метавон ба таври зайл таснифбандӣ намуд, ки аксаран ба ақидаи олимони соҳаи гидрология дуруст ва аз мушкилоти асосии самти мазкур ба шумор меравад.
а) Афзоиши аҳолӣ Аҳолии ҷаҳон ҳамасола меафзояд. Аз як тараф, талабот ба оби ошомиданӣ зиёд мешавад, аз тарафи дигар, захираҳои об тадриҷан коҳиш меёбанд. Дар шаҳрҳои калон, истифодаи об дар хоҷагии рӯзгор ва саноат чандин баробар бештар шудааст.
б) Ифлосшавии манбаъҳои об Саноат, партовҳои кишоварзӣ, партовҳои маишӣ ва моддаҳои кимиёвӣ обҳоро олуда мекунанд. Бисёре аз рӯдхонаҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминӣ дигар барои нӯшидан муносиб нестанд.
в) Тағйирёбии иқлим Тағйироти глобалии иқлим боиси хушксолӣ, камборишӣ ва бухоршавии бештари об гардидаанд. Дар баъзе минтақаҳо дарёҳо ва кӯлҳо хушк шуда, муҳити зист тағйир меёбад.
г) Истифодаи ғайримақсадноки об Талафоти зиёд дар шабакаҳои обрасонӣ, истифодаи бемасъулият дар саноат ва кишоварзӣ боиси аз даст рафтани об мешавад. Баъзе кишварҳо обро бе назорат масраф мекунанд.
д) Нобаробарии дастрасӣ ба захираҳои об Захираҳои об дар ҷаҳон баробар тақсим нашудаанд. Кишварҳои камбориш ва биёбонзор, ба монанди кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ бештар ба ин мушкил дучоранд.
Мушкилоти номбаргардида аксаран қисми асосии проблемаи норасоии оби тозаи ошомиданиро дар сартосари ҷаҳон бозгӯй менамояд. Ҷойгиршавии нодурусти захираҳои гидрологӣ дар сайёра ва сиёсати ғайриоқилонаи аксари ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон аз ҷумлаи сабабҳои асосии мушкилоти мазкур буда метавонанд. Мутаассифона проблемаи мазкур имрӯз сарҳаду марзҳоро убур карда, ба ҳастии ҷомеаи инсонӣ таҳдиди воқеӣ пеш овардааст. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ ва бо дастгирии аксари созмонҳои экологӣ ва кишварҳои ташаббускори соҳаи обу иқлим дар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилот талош менамоянд, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомада, чораи ягонаи ҳалли мушкилоти мазкур муайян нагардидааст.
Таҳлилгарони соҳаи обу иқлим ҳамаи паёмадҳои ин мушкилотро таҳқиқ намуда, оқибатҳои гуногуни таъсири онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намудаанд. Муҳимтарин паёмадҳоро метавон ба таври зерин гуруҳбандӣ намуд:
Марги зиёд: Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ мекунад, ки ҳамасола аз бемориҳои вобаста ба оби ифлос қариб 2 миллион нафар, бахусус кӯдакон, мемиранд.
Фақр ва гуруснагӣ: Норасоии об ба коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сабаб мешавад, ки дар навбати худ ба гуруснагӣ ва фақр оварда мерасонад.
Низоъ ва муноқишаҳо: Дар минтақаҳои обнок мушкили тақсими об метавонад сабаби низоъҳо миёни давлатҳо ва гуруҳҳо гардад (мисоли оби дарёи Нил, дарёи Яммуна ва амсоли ин).
Муҳоҷират ва беҷошавӣ: Аҳолии минтақаҳои хушк барои ёфтани манобеи об маҷбур ба кӯч бастан мешаванд.
Бад шудани саломатии ҷомеа: Истифодаи оби ифлос боиси бемориҳои хатарнок (вугуна, диарея, гепатит, холера) мегардад.
Зимни таҳлили мавзӯъ аллакай метавон ба паёмадҳои ин мушкилоти экологӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид гашт. Масалан метавон зикр намуд, ки шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон, аз ҷумла Ченнай, бо хушк шудани захираҳои об рӯбарӯянд, деҳоти Африқои Шарқӣ бо камбуди оби ошомиданӣ ва ифлосшавии манобеъ мубориза мебаранд, дар Миср ва Эфиопия баҳси шадиди сиёсӣ дар мавриди оби дарёи Нил вуҷуд дорад ва ё дар Осиёи Марказӣ гарчанде Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ бошад ҳам, ҳамсоякишварҳо вобастаи обҳои он мебошанд ва масъалаи тақсимоти одилонаи об ҳамеша муҳим боқӣ мемонад. Ин гуна мушкилотҳо, ки дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон вуҷуд доранд, боиси ташвиши бузурги сиёсӣ ва оқибатҳои манфии иқтисодӣ барои тамоми минтақаҳои ҷаҳон гардидааст.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли масъалаҳои муҳити зист, об ва тағйирёбии иқлим шинохта шудааст. Бо вуҷуди он ки ин кишвар яке аз давлатҳои кӯҳӣ ва рӯ ба рушд мебошад, тавассути сиёсати хирадмандона ва пешбурди манфиатҳои умумибашарӣ тавонистааст таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили оби тоза ва тағйирёбии иқлим, ҷалб намояд.
Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ аз соли 2000 ба ин сӯ бо тозагии андеша ва диди глобалӣ пайгирӣ мешаванд. Яке аз нахустин иқдомҳои муҳим пешниҳод кардани эълони соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” буд. Ин ташаббус дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт ва боиси он гардид, ки дар тамоми ҷаҳон масъалаи дастрасӣ ба оби тоза мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирад.
Пас аз он Тоҷикистон пешниҳоди эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005–2015)-ро ироа кард, ки онро низ СММ қабул намуд. Дар давоми ин даҳ сол кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош намуданд, ки роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва санитарияро пайдо кунанд ва аҳолии ҷаҳонро ба ин масъала бештар ҳассос гардонанд.
Дигар ташаббуси муҳими Тоҷикистон эълони Даҳсолаи навбатии байналмилалии амал бо унвони “Об барои рушди устувор” мебошад, ки солҳои 2018 то 2028-ро дар бар мегирад. Ин ташаббус низ дар Маҷмааи Умумии СММ қабул шуд ва имрӯз ба унвони заминаи муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо ва созмонҳои мухталифи байналмилалӣ хизмат мекунад. Мақсади асосии он на танҳо таъмини дастрасӣ ба об, балки робитаи мустаҳкам байни истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди устувор мебошад.
Тоҷикистон ҳамчунин яке аз аввалин кишварҳоест, ки масъалаи пиряхҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ба миён гузошт. Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза ҳастанд ва обшавии онҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим метавонад ба ояндаи захираҳои об таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар кишвар Маркази байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ин марказ вазифаи таҳқиқ, мониторинг ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо дар самти ҳифзи пиряхҳоро иҷро хоҳад кард.
Ҳамзамон, Тоҷикистон пайваста мизбони конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба об ва иқлим мегардад. Конфронсҳои байналмилалии об, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, платформаи муҳим барои табодули таҷриба ва мусоидат ба гуфтугӯи глобалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар доираи ҳамин чорабиниҳо пешниҳодҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ омода гардида, ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мешаванд.
Тоҷикистон ба масъалаи тағйирёбии иқлим низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Бо он ки саҳми он дар партобҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст, аммо оқибатҳои тағйири иқлим дар қаламрави кишвар шадидан эҳсос мешаванд — пиряхҳо об мешаванд, офатҳои табиӣ зиёд мегарданд ва таназзули муҳити зист афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, кишвар ба созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созишномаи Париж оид ба иқлим, пайвастааст ва дар дохили кишвар барномаҳои мутобиқшавӣ ва ҳифзи муҳити зистро амалӣ мекунад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим нишон медиҳанд, ки як кишвари кӯчак бо иродаи сиёсӣ ва рӯҳияи умумибашарӣ метавонад дар таҳияи сиёсати глобалӣ таъсиргузор бошад. Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ:
- Ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳаётан муҳими об ҳушдор медиҳад;
- Бунёди платформаҳо ва абзорҳои ҳуқуқӣ ва молиявиро пешниҳод мекунад;
- Ҷараёни ҳалли мушкилоти глобалиро ба сӯи ҳамкорӣ, на рақобат, равона месозад.
Ҳамаи ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаҳои об ва иқлимро на танҳо мушкили миллӣ, балки масъулияти умумибашарӣ медонад. Иқдомҳои пайдарпайи он дар сатҳи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баёнгари нақши фаъоли кишвар дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва талош барои ҷаҳони сабзу амн мебошанд. Тоҷикистон собит намуд, ки бо иродаи сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ҳатто як кишвари кӯчак метавонад дар ҳалли мушкилоти бузурги башар саҳми арзишманд гузорад.
ЧИЛАХОН Бадарғаев – сармутахассиси раёсати тарбияи
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат