ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ОБ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
Об захираи муҳими табиӣ мебошад, ки бе он зиндагӣ ва дигар фаъолиятҳо ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, вазъи захираҳои об дар ҷаҳон ҳар сол аз сабаби талабот ба онҳо ва таъсири тағирёбии иқлим бадтар мешавад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар айни замон талабот ба оби тоза дар 20% аҳолии шаҳрӣ ва 75% аҳолии деҳоти ҷаҳон қонеъ карда намешавад. Дар айни замон, то 1 миллиард нафар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд ва 2,6 миллиард ба шароити зарурии санитарӣ дастрасӣ надоранд.
Тадқиқот дар соҳаи гидрогеология барои инсоният хеле муҳим аст. Тибқи таҳқиқоти илмӣ, 74% - и ҷаҳон бо об пӯшонида шудааст. Аммо, дар саросари ҷаҳон норасоии об вуҷуд дорад, алахусус оби нӯшокӣ.
Тибқи маълумоти СММ, тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият мекашанд. Коршиносон тахмин мекунанд, ки дар саросари ҷаҳон беш аз 780 миллион нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 1,7 миллиард нафар ба оби тоза ниёз доранд. Ҳар сол ҳазорон нафар аз сабаби набудани оби тоза ва шароити ғайрисанитарӣ дар ҷаҳон мемиранд, ки аксари онҳо кӯдакон мебошанд.
Дар робита ба ин, пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои дастгирии ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030, қабули амалҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва академияҳоро талаб мекунад.
Тоҷикистон дар ин самт яке аз кишварҳои пешсаф ба шумор меравад. То имрӯз Тоҷикистон аз минбарҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ ва дигар платформаҳо оид ба мушкилоти мазкур борҳои суханронӣ намуда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар радифи он ки иқдомҳои муассиреро дар самти рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ омода буд, амалӣ мекард, ҳамчунин, нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор марҳила ба марҳила мустаҳкам намуд. Талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рӯ ба рушд ниҳодани давлати тозаистиқлол натиҷа бахшид ва Тоҷикистон рӯ ба тараққиёт ниҳод. Дар ин самт тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, хоса, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ нерӯи тоза гирифт. Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аввалин иқдомҳои худро пешниҳод кард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бо муҳим будани пешниҳодҳо ва дархӯри замон будани онҳо ин иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, татбиқи онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монданд.
Бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, афзоиши талабот ба захираҳои об бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ, кам шудани захираҳои об дар зери таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои фавқулоддаи гидрометеорологӣ, бӯҳрони молиявӣ, урбанизатсия, биебоншавӣ ва ғайра, мушкилот дар бахши оби кишвар меафзояд.
Амалҳои кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об бо хоҳиши ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот ва беҳтар намудани ҳамкории об тавсиф карда мешаванд.
Ташаббусҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва иқлим ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд ва ҷонибдории дастаҷамъона ёфтаанд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Бо ҳамин иқдомоти пайгирона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон пайи ҳам аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд. Дар ин баробар Тоҷикистон маркази қабули барномаҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Бо натиҷагирӣ аз татбиқи «Соли оби тоза», ки назаррасу манфиатнок будани худро нишон дод, қарор дода шуд, ки солҳои минбаъда низ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифз ва нигоҳдории оби ошомиданӣ ва таъмини он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. То имрӯз панҷ ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст.
эълони соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза (Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2000, 55/196);
эълони солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003, сессияи 58/217, 58);
эълони соли 2013 ҳамчун соли Байналмилалии ҳамкории обӣ (Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2010, 65/154, сессияи 65);
эълони солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи Байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" (Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли 2016, сессияи 71/222, 71).
эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, муайян намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди ҳифзи пиряхҳо.
Тоҷикистон ташаббускори аксари қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои об буда, масъалаҳои “об” - ро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона пеш мебарад.
Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, чи дар Арктикаву Антарктида ва чи дар қитъаҳои континенталии сайёра, намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад. Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста буда, Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба обу иқлим барои саодати аҳли башар ҳарф мезанад ва кишвари мо дар ин самт яке аз давлатҳои пешсаф дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст.
Ҳамин тавр, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам бо талошҳои башардӯстонаи худ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст ва дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон наҷоти башарият қарор дорад. Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз дар танзими ҳама равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳми шоён дорад, махсусан силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об беназир аст. Дар замоне, ки масъалаи оби тозаи ошомиданӣ барои ҷаҳониён дар ҳазорсолаи нав мушкилии ҷиддиеро пеши рӯ овард, Тоҷикистон аввалин мамлакате буд, ки масаъалаи таъмини аҳолӣ ва дастраси ба оби тозаи ошомиданиро дар минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба миён гузошт.
БОБОЗОДА Шукруллоҳ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ