МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 19.11.2025

МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 
Бо шарофати истиқлоли давлатӣ - бахти гарони миллат, хуршеди саодати истиқлоли Тоҷикистон ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар дастгириҳои беандоза зоҳир гардида истодааст.
Мактабу маориф, ки асоси пешрафти тараққиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад аз ин миён холӣ нест. Рушди маорифи устувор маҳз заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти имрӯзаро ифода намуда, ба пешрафти ояндаи ҳар як давлату миллат нақши калидӣ мебозад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки он, ки маориф дар рушди давлат нақши асосӣ дорад, ташаккули маорифи устуворро яке аз афзалиятҳои сиёсатгузории худ қарор дода, бо амалисозии бунёди мактабу муассисаҳои замонавӣ иқдомҳои ҷиддиеро дар ин самт роҳандозӣ намуда истодаанд, ки баёнгари соҳаи маорифи рушд карда истодаву ташаккулёфта ба ҳисоб меравад.
Таваҷҷӯҳи Президенти кишвар дар рушди соҳаи маориф ҳанӯз соли 2010 аз эълон гардидани “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” зоҳир гардида, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм– фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф», баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз ташаббусҳои дигари роҳбари давлат арзёбӣ мегардад. Зикр бояд кард, ки ин иқдомҳои беназир дар соҳаи маориф ба мо имкон медиҳад, ки системаи "маорифи рушд кардаву устувор”-ро дар мамлакат ба вуҷуд овард, ки ҳамчун сармояи бебаҳо барои рушди минбаъдаи кишвари азизамон хизмат намояд. Ҳамин тариқ рушди маорифи устувор асоси роҳҳои омода намудани шаҳрвандони фаъол ба ҳаёт дар ҷомеаи муосир буда, он аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дошта, ба ташаккули шахсият, арзишҳои ҷамъият ва пойдории давлат мусоидат мекунад.
 
Лоиқ Қасобов - дотсенти кафедраи нерӯгоҳҳои электрикии
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Ба рӯйхат