ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16 ноябр тачлил мешавад, яке аз санахои мухими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз ба эҳтироми хизматхои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тачлил мешавад, ки дар таърихи муосири кишвар накши сарнавиштсоз доранд.
Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги шахрвандӣ дар ибтидои соли 1992 Тоҷикистон ба як марҳилаи буҳронӣ ворид шуд. Махз бо рохбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар соли 1992 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид роҳи сулҳу субот ва эҳёи давлати миллӣ оғоз шуд. Дар натиҷаи пайвасти ӯ, сулҳи тоҷикон ба даст омад ва кишвар ба марҳилаи рушди устувор қадам гузошт.
Рӯзи Президент на танҳо ба хотири эҳтиром ба як шахсият аст, балки ин рӯз рамзи шукргузорӣ ба сулҳ, Вахдат ва истиклол аст. Инчунин ин рӯз барои насли нав имконятест, то ба арзишҳои ватандорӣ худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан буда, дар заминаи сулҳ ва суботи пойдор барои пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мархилаи ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омад ва масъулияти баланди роҳбарии мамлакатро бар ухда гирифт. Дар замоне, ки ҳаёт ва мамоти Тоҷикистон чун ашк дар сари мижгон буд, ӯ тавонист миллатро сарчамъ ва давлатро аз парокандагӣи наҷот диҳад. Ӯ маҳбуби ҳамагон шуд, мардум ӯро фарзанди фарзонаи миллат шинохт. Хизматҳои ин марди шариф дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ беназир аст. Агар Исмоили Сомонӣ 1100 сол қабл аз ин «девори Бухоро» буд, имрӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «девори Тоҷикон» аст.
Воқеан ҳам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон девори давлати тоҷикон аст, зеро хокимятро замоне ба даст гирифт, ки дар он вақт ҳеҷ кас ба ухда намегирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили оштии миллӣ ва бунёдгузори сулҳи тоҷикон ба ҷанги шахрвандӣ, ки фоҷиаи миллии мо буд, хотима бахшид. Фирориёнро баргардонид, амнияти мардуми бозгаштаро таъмин намуд ва барои бесарпаноҳон сарпаноҳ шуд. Аҳли ҷомеаро барои арҷгузориву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва хештаншиносиву ватанпарварӣ даъват кард, барои миллат аз лиҳози амалӣ ва назарӣ парокандаги ғояи миллиро ҳамчун меҳвар устувор кард ва мардумро дар атрофи он бо ҳам овард. Сохтори давлатдориро ташкилу такмил ва Артиши миллиро таъсис дод. Ватанро бо заҳматхои созанда обод кард ва миллату давлати тоҷиконро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Ҳадафҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умумимиллӣ ва умумидавлатист. Хидмате, ки барои миллати тоҷик ва хифзу тахкими он анчом дод, воқеан ҳам, сарнавиштсоз ва хеле арзишманд аст. Фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бақои имрӯзу ояндаи миллат ҷойгоҳу пойгоҳи устувори мондагоре эҷод намуд.
Сарвари ватандӯст ва халқпарвар натанҳо ба савгандаш содиқ буд, балки ҷиҳати иҷрои он ҳар лаҳза ва пайваста кушиш карда ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекард. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик фарзанду тифли навҷавонон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ ором набуд. Дар ҳакикат қахрамон буд, қаҳрамоне, ки нияти ва маромаш оромиши ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон аст.
Мо ҷавонон шукронаи онро мекунем, ки сарвари меҳрубон ва ватандӯст дорем, зеро ӯ ҷони миллат аст, рахнамои миллат аст.
Яхшиева Суман - донишчуйи курси 3-и факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора
гурӯҳи 260203-23А-и ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ