СИСТЕМАИ ЭЛЕКТРОТАЪМИНКУНӢ ВА ТАЛАБОТИ ОН, ГУРӮҲБАНДИИ ДАСТГОҲҲО ВА ҚАБУЛКУНАКҲОИ ЭЛЕКТРИКӢ

 19.11.2021

Пеш аз он ки суханро оид ба системаи электротаъминкунӣ, дастгоҳҳо ва қабулкунакҳои электрикӣ оғоз намоям, камина ҳаминро қайд карданиям, ки Тоҷикистон ба қатори давлатҳои дорои захираҳои бузурги обӣ ва иқтидори бузурги потенсиалӣ (527 млрд кВт/ст дар 1сол) дохил мешавад ва дар ҷаҳон аз рӯйи ин нишондод дар ҷойи 8-ум меистад. Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёми хеш бо ифтихор мегӯянд: “Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои об дар ҷаҳон ва минтақа яке аз пешсафони асосӣ мебошад”. Аз ин рӯ, қисми зиёди неруи барқе, ки дар кишварамон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ (НБО) мебошад (қариб 95-96%). Барои истифодаи ин захираҳо дар кишварамон якчанд НБО сохта ба истифода дода шуданд, ки тақрибан 19-20 млрд. кВт/ст дар 1 сол неруи барқ истеҳсол менамоянд ва ин рақам ба миқдори истеъмоли истифодабарандагони энергияи электрикӣ вобаста аст. Дар ин сурат барои интиқол, табдил, тақсим ва таъминоти энергияи электрикии истеҳсолшуда дар ҷумҳуриамон системаи электротаъминкунии умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст. Мақсади ташкили ин система дар он буд, ки тамоми аҳолии кишвар (аҳолии шаҳр ва деҳот) бо неруи барқи доимӣ таъмин гарданд. Аз ин рӯ, банда ба худ зарур шуморидам, то ки баъзе маълумотро оид ба системаи электротаъминкунӣ, дастгоҳҳо ва қабулкунакҳои электрикӣ ба саъми хонандагон расонида бошам.

Системаи электротаъминкунӣ маҷмӯи дастгоҳҳои электрикии бо ҳам алоқаманд, ки барои таъминоти истифодабарандагон бо энергияи электрикӣ ба миқдори зарурӣ ва сифати мувофиқ хизмат менамояд. Система аз зеристгоҳҳои таъминкунанда, тақсимкунанда, трансформатор, табдилдиҳанда ва шабакаҳои онҳоро ба ҳам пайвасткунанда, ки дорои хатҳои кабелӣ ва ҳавоӣ ҳастанд, иборат мебошад. Истеъмолкунандагони энергияи электрикӣ гуфта, гурӯҳи қабулкунакҳоеро меноманд, ки аз ҷиҳати раванди технологӣ алоқаманданд ва дар мавқеи муайян ҷойгиранд.

Қабулкунакҳои энергияи электрикӣ гуфта, дастгоҳҳоеро меноманд, ки он энергияи электрикиро ба дигар намуди энергия табдил медиҳанд.

Дастгоҳҳои электрикӣ маҷмӯи дастгощщо ва иншооти ба ҳам алоқамандро меноманд. Масалан, зеристгоҳ, хати интиқоли барқ, батереяи конденсатор ва ғайра. Тавсифдиҳандаҳои асосии системаи электротаъминкунӣ инҳоянд:

  1. Тавсифҳои сифатӣ – қобилияти коркунии системаи электротаъминкуниро муайян мекунанд.
  2. Миқдорӣ – шумораи қабулкунакҳои энергияи электрикӣ ва ҷойгиршавии онҳоро муайян менамоянд.
  3. Шароити коркунӣ (фаъолияти корӣ) – вобастагӣ аз таъсири муҳитро муайян мекунад.

Дар тамоми давраи фаъолияти системаи электротаъминкунӣ корхонаи саноатӣ метавонад дар реҷаҳои муътадил, садамавӣ ва баъдисадамавӣ қарор дошта бошад.

Талаботи асосии системаи электротаъминкунӣ аз хусусияти бори электрикӣ, хусусияти технологии истеҳсолот, шароити иқлим, ифлосшавии муҳити атроф ва дигар омилҳо вобаста аст. Яъне системаи электротаъминкунии ҳозиразамон бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  1. Сарфанокӣ – система камхарҷ бошад, яъне хароҷоти барои ташкил ва фаъолияти системаи электротаъминкунӣ бояд минималӣ бошад.
  2. Эътимоднокии электротаъминкунӣ – хосияти иҷрои амалҳои додашударо ба миқдори зарурӣ ва сифати муқарраргардида дар шароити муайяни фаъолият мебошад.
  3. Истифодабарии бехатар – хусусияти системаи электротаъминкунӣ буда, нигоҳ доштани ҳолати бехатарро ҳангоми фаъолияти корӣ мефаҳмонад.

Тамоми дастгоҳҳои электрикӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Дастгоҳҳои умумисаноатии қуввагӣ – ин дастгоҳҳо дар ҳар се фаза бори симметриро ба вуҷуд меоранд. Тавоноиашон то 100кВт, коэффитсиенти тавоноӣ 0,8-0,85 мебошад (масалан, компрессор, вентилятор ва ғайра).
  2. Дастгоҳҳои табдилдиҳанда – барои табдил додани ҷараёни сефазаи тағйирёбанда ва доимӣ, инчунин барои табдил додани басомади саноатии 50 Гц ба дигар басомадҳо истифода мешаванд. Тавоноиашон то 1000 кВт (1 МВт) ва коэффитсиенти тавоноии 0,6-0,8 аст.
  3. Дастгоҳҳои ҳароратии электрикӣ – масалан, печаҳои индуксионӣ барои гудохтани металлҳои ранга истифода мешаванд. Дар трансформатор бори симметриро ба вуҷуд меоранд. Тавоноиашон ба 100000 кВт (100 МВт) расида, коэффитсиенти тавоноиашон 0,7-0,8 мебошад.
  4. Дастгоҳҳои кафшери барқӣ – метавонанд сефаза ё якфаза бошанд ва бо ҷараёни тағйирёбанда ё доимӣ кор кунанд. Реҷаи кориашон кӯтоҳмуддат ва такроршаванда мебошад. Коэффитсиенти тавоноӣ 0,3-0,5 аст.
  5. Дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда – бори якфаза дорад, хусусияти бор муътадил буда, коэффитсиенти тавоноӣ аз манбаъ вобаста аст. Дар ҳолатҳое ки қатъ гардидани рӯшноӣ ба инсон хатаровар аст, бояд манбаи рӯшноидиҳии садамавӣ пешбинӣ шуда бошад.

Тамоми қабулкунакҳои энергияи электрикӣ аз рӯйи нишондодҳои гуногун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Аз рӯйи нишондодҳои электротехникӣ:

а) қабулкунакҳои ҷараёни сефаза, шиддаташон то 1Кв;

б) ҷараёни сефаза, шиддаташон аз 1Кв зиёд;

в) ҷараёни якфаза;

г) басомадашон аз басомади саноатӣ (50 Гц);

ғ) қабулкунакҳои ҷараёни доимӣ.

  1. Аз рӯйи реҷаи корӣ:

а) реҷаи кории тӯлонӣ;

б) реҷаи кории кӯтоҳмуддат;

в) кории кӯтоҳмуддати такроршаванда.

  1. Аз рӯйи эътимоднокии электротаъминкунӣ:

а) категорияи 1-ум;

б) категорияи 2-юм;

в) категорияи 3-юм.

Ин ҷо кӯшиш намудем, то маълумот фишӯрда ва соддафаҳм бошад, умедворем он чиро ки овардаем, аз тарафи хонандагони ин нигориш хуб қабул мегардад.

Худойназаров Бобоназар – донишҷӯйи курси 3-юми факултети Энергетикӣ, гурӯҳи 430101А2.


Ба рӯйхат