ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

 25.11.2025

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Парчам яке аз рамзҳои асосӣ ва муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нишонаи истиқлолият, ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Барои ҳар як халқ парчам рамзи ифтихор, садоқат ба Ватан ва ифодаи рӯҳияи миллӣ аст. Он на танҳо маънои сиёсӣ, балки арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва таърихии миллатро инъикос мекунад. Таърихи парчамдорӣ дар миёни тоҷикон низ решаҳои қадима дорад. Тоҷикон ҳамчун халқи бостонии Осиёи Марказӣ дар давраҳои гуногуни давлатдорӣ аз рамзҳои рангаи махсус истифода мекарданд.
Дар давраи Сомониён (асрҳои IX–X) асоси рамзҳои давлатӣ ранги сурх ва зардро ташкил медод, ки нишонаи шуҷоат, адолат ва пешрафти давлати он замон буд. Ин рангҳо дар фарҳанг ва сиёсат ҷойгоҳи муҳим доштанд. Дар асрҳои баъдӣ рангҳои сабз ва сафед бештар истифода мешуданд, ки рамзи покӣ, зебоиро дӯст доштан ва робитаи инсон бо табиатро ифода мекарданд. Ҳамин гуна тағйирёбии рамзҳо аз ташаккули фарҳанг ва таърихи миллат шаҳодат медиҳад.
Дар давраи шӯравӣ бошад, баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929), парчами давлатӣ бо рамзҳои хоси ҳокимияти шӯравӣ қабул гардид. Он асосан ранги сурх дошт ва рамзи инқилоб, меҳнати халқи коргар ва баробарии иҷтимоӣ шуморида мешуд. Соли 1953 бошад, парчами нав қабул гардид, ки аз се рахи сурх, сафед ва сабз иборат буд. Ин ранҳо баъдан ба парчами миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ роҳ ёфтанд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар 9 сентябри соли 1991, кишвар ба рамзҳои нави миллӣ ниёз пайдо кард.
Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Ин сана оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ва эҳёи рамзҳои миллӣ мебошад.
Парчами миллӣ аз се ранги уфуқӣ иборат аст:
Сурх – рамзи ҷасорат, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ;
Сафед – рамзи покӣ, адолат, сулҳ ва барфҳои ҳамешасабзи кӯҳистон;
Сабз – рамзи зиндагӣ, табиат ва рушди кишоварзӣ.
Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгиранд. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Ҳафт ситора бошад рамзи бахт, комилӣ ва муқаддасоти фарҳанги тоҷикӣ аст. Дар суннатҳои тоҷикон рақами ҳафт ҷойгоҳи махсус дорад ва нишонаи баракату некумонӣ аст.
Рӯзи Парчами давлатӣ, бо қарори соли 2007, ҳамасола 24 ноябр таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои мардуми кишвар лаҳзаи ифтихор аз Ватан, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ мебошад. Соли 2011 дар шаҳри Душанбе яке аз баландтарин парчамбардорҳои ҷаҳон сохта шуд. Баландиаш 165 метр буда, худи парчам 60 метр дарозӣ ва 30 метр бараш дорад. Ин сохтмон тимсоли ифтихори миллӣ ва нишондиҳандаи пешрафти Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз рамзи сулҳ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Он дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси ватандӯстӣ, масъулият ва ифтихорро бедор месозад. Парчам моро муттаҳид месозад ва ифодаи равшани ормонҳои миллати тоҷик мебошад. Парчами мо — рамзи сарбаландӣ, ваҳдат ва футӯҳи миллати тоҷик аст!
 
Каримов Саъдӣ - омӯзгори кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор
 

Ба рӯйхат