НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ГИРОМИДОШТИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ

 25.11.2025

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ГИРОМИДОШТИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ

Рамзҳои давлатӣ пояҳои муқаддаси давлатдорӣ ва таърихии ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд. Онҳо таҷассуми Истиқлол, нақшаҳои созанда, ормонҳои миллӣ ва ҳувияти давлат мебошанд. Барои миллати тоҷик, ки роҳи пуршарафи давлатсозиро тай намуда, ба давлати соҳибистиқлол расидааст, эҳтиром ва гиромидошти рамзҳои кишвар яке аз вазифаҳои муҳими ватандорӣ ба шумор меравад.
Дар ин раванд, ҷавонон ки қувваи асосии ҷомеа ва бунёдкорони ояндаи кишвар мебошанд, нақши калидӣ доранд. Маҳз онҳо бо фаъолияти созанда, донишу малака, фарҳанги сиёсӣ ва эҳсоси масъулият метавонанд рамзҳои давлатиро эҳтиром намуда, онҳоро ба пояи муҳими худшиносии миллӣ табдил диҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки:
«Ҷавонон нерӯи бузурги созандаи миллатанд. Ояндаи давлат аз тарбия ва мавқеи ҷавонон вобаста аст». Ин суханон мавқеъ ва эътимоди ҷавононро дар ҳифз ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба таври равшан муайян менамояд.
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ на танҳо нишонаҳои зоҳирии кишвар, балки пояҳои ягонагии маънавӣ мебошанд. Эҳтиром ба онҳо эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва гузаштагону бузургони миллат аст. Ҷавонон, ки имрӯз бо имкониятҳои васеи таълимӣ ва иттилоотӣ фаро гирифта шудаанд, бояд ин рамзҳоро ҳамчун ҷузъи ҳувияти шахсӣ ва миллӣ дарк намоянд. Ҷиҳати баладн бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳои давлатиро таҳрезӣ намудааст, ки ҳисси худшиносию меҳанпарастии ҷавонон, алакай аз замони наврасӣ дар дабистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна дар замири онҳо таҷҷасум менамоянд. Аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ дарси “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ”, “Суруд”, “маърифати оиладорӣ” ва дигар барномаҳои таълимӣ бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд. Ин раванди таълимӣ барои наврасон, толибилмон ва донишҷӯён замина фароҳам меорад, то рамзҳои давлатиро на танҳо ҳамчун нишонаҳо, балки падидаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дарк намоянд.
Дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ эҳтиром ба Парчами давлатӣ як меъёри муҳим мебошад. Дар оғози ҳар чорабинӣ, машғулиятҳои ҷамъиятӣ, варзишӣ ва илмӣ, парафшонии Парчам ба ҷавонон эҳсоси масъулият, нангу номус ва иттиҳодро бедор мекунад, зеро Парчам барои ҷавонон ин рамзи ваҳдату ягонагӣ, соҳибистиқлолӣ, рамзи шарафу ифтихор ва нишонаи садоқат ба Ватани маҳбубамон мебошад.
Имрӯз ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон дар шароити рушди технологияҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густарда дорад ва онҳо метавонанд, рамзҳои давлатиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷаҳониён таблиғ кунанд, маводҳои тарғиботии ватандӯстона омода созанд, наворҳои кӯтоҳ оид ба таърихи рамзҳои миллӣ таҳия кунанд ва дар лоиҳаҳои банайлмилалии фарҳангӣ ва маърифатӣ иштирок намоянд.
Ҷавонон дар Тоҷикистон қисми асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар вазорату идораҳои давлатӣ ва дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Аз ин лиҳоз эшонро мебояд, ки рамзҳои давлатии хешро муқаддас шуморида, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ мубориза баранд. Зеро рамзҳои давлатӣ натанҳо нишонаи кишваранд, балки рамзи сулҳу субот, ҷасорату мардонагӣ, нангу номус, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати воҳид мебошанд. Ҷавонон набояд фаромӯш созанд, ки пас аз кашмакашиҳои зиёд, бесару сомониҳои кишвар, давраҳои мушкил, маҳз зери ин парчам миллат ба ваҳдат расиданд ва давлати ягонаи хешро бунёд намуда истодаанд.
Нақши ҷавонони ояндасоз имрӯз дар Тоҷикистони биҳиштосо дар гиромидошти рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ назаррас буда, эҳтиром ба муқаддасот эҳтиром ба миллату халқ ва волидайн буда, ҳамқадами худшиносии миллӣ, фарҳанги сиёсии муосир ва масъулияти шаҳрвандӣ аст. Чигунае, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид мекунанд: “Ояндаи кишвар аз ҷавонони ватандӯст, масъулиятшинос ва донишманд вобаста аст. Бояд ҳар ҷавон рамзҳои давлатиро бо дилу ҷон эҳтиром намояд”.
ЧИЛАХОН Бадарғаев – сармутахассиси раёсати тарбияи
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат