Хуш рӯзест, ки мо озодем. Магар зиндагиро бе озодӣ тасаввур кардан мумкин аст? На!!!
Истиқлоле, ки мо дорем, Истиқлоле, ки дар он мо зиндагӣ мекунем, Истиқлоле, ки ормони мо буд, моро ҳоло ба оғӯш кашидаву мо аз он баҳрамандем. Вале оё ин неъмати илоҳӣ моро осон даст додааст? Боз ҳам на!!!
Истиқлоле, ки мо дорем, ба арзиши ҷону қимати талошҳои бузург дастрас шудаву мо бояд ба қадри он бирасем. Дуруст аст, ки бузургони миллат гуфтаанд: «Истиқлолиятро ба даст овардан дигар аст ва онро ҳифз карда тавонистан дигар».
Саҳаргоҳон бо зуҳури аввалин нурҳои хуршед, шомгоҳон бо баромадани моҳтоб, баҳорон бо Наврӯзи бостон, тобистону тирамоҳу зимистон бо файзу баракати дигараш моро Худованд ёдрас ба ҳифзи Истиқлол мегардад, то мо саҳаргоҳон бо дасту дили гарму хотири ҷамъ ба меҳнату ободкорӣ бипардозем, шабҳо бо осудагӣ бихобем, тамоми сол аз неъматҳои илоҳии Истиқлолият баҳра бибарем. Шукронаи ин неъматҳо!
Басо миллати сершуморе дар паҳнои майдони сиёсии ҷаҳон ҷӯёи истиқлоланд, аммо асрҳо нокоманд. Басо миллатҳое пас аз соҳибихтиёриҳо онро аз даст додаву бадбахтанд. Басо миллатҳое ба истиқлоли миллати дигар дар бухлу ҳасодатанд. Аз ин рӯ, миллати тоҷбарсари мо бояд ҳифзи Истиқлоли худро аз хонаву дари худ оғоз кунанд, на бо ҷангу пархошҷӯӣ, на бо бухлу ҳасад, на бо кинаву адоват. Балки бо хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, поси хотири аҷдодони бузург, ободкорӣ, шукри оромию осудагӣ, серию пурӣ...
Истиқлолиятро забони шевою бостонии мо ҳусни дигаре мебахшад. Забони тоҷикӣ аз забонҳоест, ки тӯли ҳазорсолаҳо моро то ба имрӯзи хушбахтиҳо ҳамроҳӣ кардааст ва ё ба таври дигар мо бо забони тавонои худ то ба имрӯз ҳамчун миллати озодаву асили тоҷик зинда мондем. Миллатҳое дар давоми мавҷудияти худ забони худро фаромӯш кардаву ҳоло бо забони тасарруфгари худ ҳарф мегӯянд, осори ниёгони худро бо луғатҳову тавассути тарҷумонҳо хондаву дарк мекунанд.
Аммо мо хушбахтем, ки имрӯз осори ҳазор сол пешини ниёгонамонро бемалол ва фаҳмову осон хондаву аз худ менамоем. Имрӯз ҳамагон бо осори Рӯдакиву Саъдӣ, Фирдавсиву Ҳофиз, Бедилу Камол, Ҷомиву Сайидо ва ҳазорон нобиғаҳои миллат шиносанд, дар ҳар як омади сухан аз осори онҳо иқтибосҳо меоранд, навиштаҳои онҳоро ба суханҳои рӯзмарраи худ табдил додаанд, ки ин ба умри абади забони тоҷикӣ далел аст.
Аз ин рӯ, ҷамъбасти гуфтаҳо ин аст, ки
Мароми зиндагии мост Истиқлол!
Тамоми зиндагии мост Истиқлол!
Ба ҳар кори накӯ моро паёме ҳаст,
Паёми зиндагии мост Истиқлол!
Фаридун Юнусов.