ПАЁМ — ЧАРОҒИ РОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

 09.01.2026

ПАЁМ — ЧАРОҒИ РОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади барномавии сиёсӣ на танҳо натиҷаҳои рушди давлатро ҷамъбаст менамояд, балки самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои солҳои минбаъда муайян месозад. Пешвои миллат дар оғоз ба таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии рушди устувори давлат ишора намуда, таъкид карданд, ки соли 2025 барои Тоҷикистон соли дастовардҳои муҳим дар сиёсати хориҷӣ буд. Аз ҷумла, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои санадҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистн, Узбекистон ва Қиғиситон саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои минтақавӣ боз намуд.
Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор тақвият бахшид. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва қабули як қатор қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон далели эътирофи нуфузи байналмиллии кишвар мебошад.
Дар Паём натиҷаҳои рушди иқтисодӣ бо рақамҳои мушаххас таҳлил гардиданд. Таъкид шуд, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати миёнаи рушди иқтисод 7,6 фоизро ташкил дод. Танҳо дар соли 2025 рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4 фоизро ташкил намуд ММД ба 173 миллиард сомонӣ расид. Ҳамзамон, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2015 зиёда аз 6 баробар афзоиш ёфт.
Яке аз меҳварҳои асосии Паёми соли 2025 рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ мебошад. Дар ин раванд Президенти кишвар ҷорӣ намудани зеҳни сунъиро ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофият арзёбӣ карданд.
Дар ин замина, мисол аз натиҷаи ҷорӣ намудани низоми биллингии рақамӣ дар соҳаи энергетика оварда шуд. Дар натиҷаи ин иқдом ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ ба 100 фоиз расид, талафоти неруи барқ дар кишвар 500 миллион киловатт-соат кам гардид ва дар натиҷа ба соҳа 1,5 миллиард сомонӣ маблағи иловагӣ ворид шуд. Ин таҷриба ҳамчун намуна барои рақамикунонии дигар соҳаҳо пешниҳод гардид.
Роҳбари давлат бори дигар саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи стратегӣ таъкид намуд. Изҳор гардид, ки танҳо дар зарфи 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ ташкил гардида, ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 66 миллиард сомонӣ расид.
Дар соҳаи энергетика зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолӣ 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд, истеҳсоли неруи барқ ба 24,2 миллиард кВт/соат расид. Ба истифода додани агрегати навбатии НБО “Роғун” дар соли 2027 заминаи ноил гардидан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд ҷиҳати таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) тадбирандешӣ намояд.
Президенти кишвар зикр карданд, ки тайи се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад. Бинобар ин, пешвои миллат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки инсон ва зиндагии шоистаи ӯ меҳвари сиёсати давлатӣ мебошад. Бинобар ин, дар соли 2026 хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ ба 29,5 миллиард сомонӣ мерасад, аз ҷумла маблағгузории соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Роҳбари давлат, эълон доштанд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши омӯзгорон ва тарбиятгирандагои муассисаҳои томактабӣ 25 фоиз, маоши дигар кормандони буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда ва нафақаҳо на кам аз 15 фоиз зиёд карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Вобаста ба ин ҷашни миллӣ тайи панҷ соли охир аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба нақша гирифташуда 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Роҳбари далат бо боварӣ изҳор доштанд, ки то ин ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи иншооти ҷашнӣ аз 30 ҳазор низ мегузарад. Барои корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ намудан лозим аст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 нақшаи мукаммали рушди кишвар мебошад, ки бо такя ба суботи сиёсӣ, иқтисоди рӯ ба рушд, технологияҳои муосир ва сиёсати иҷтимоии инсонмеҳвар Тоҷикистонро ба марҳалаи нави пешрафт роҳнамоӣ мекунад.
Хулоса иҷрои пайгиронаи дастуру супоришҳои Паём кафолати таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва мустаҳкам гардидани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.
 
Ашурзода А.Н. – декани факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат