МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 09.01.2026

МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар таърихи 16 – декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Дар Паёми Пешвои миллат муҳимтарин масъалаҳои асосии кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ инъикос гардид.
Паёми Президанти кишварамон барои мардуми шарафманди тоҷик ба таври мустақилона муайян намудани ҳисси давлатдории миллӣ ва амали шудани ормонҳои гузаштагон ва соҳибдавлатӣ гардидани мардуми кишвар мебошад. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғозӣ соҳсибистиқлол гардидани кишварамон қадамҳои устувор барои мардуми сарбаланди тоҷик раҳнамои бузурги халқ мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Олии қонунгузорӣ дар мамлакат барои кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба суи ояндаи нек қадамҳои устувор пеш мегузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Паём аз муваффақиятҳо ёдовар шуда иброз намуданд. Соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, хушксолию камобӣ, дар ин солҳо дар минтақаҳо идома дорад, бо шарофати заҳмати мардуми кишвар боз як соли бобарор буд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 170 миллиард сомонӣ дар соли 2025-ум расид. Дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеъа навовариҳои назаррас ба даст омада соли 2025-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 170 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста буда дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ мамлакат тадбирҳои мушаххасро адешиданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ки санаи 16-уми декабри соли 2025 бори дигар таъкид карда шуд чунин қайд намуд: “Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.
Дар аксари мамлакатҳои дунё занону мардон ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд давлат ба онҳо кафолат медиҳанд, аҳолиашон то дараҷаи муайян маълумот дошта бошанд. Нақши бонувону модарон имрӯзҳо дар таҳкими рушди ҷомеа бунёди оилаи солим, дар таълиму тарбияи фарзандон нақши ниҳоят муҳимму арзишманд дорад. Имрӯзҳо занони кишварамон дар баробари мардон нангу номуси ватандориро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият доранд. Сарвари давлат доимо таъкид месозанд, ки бонувони тоҷик бо меҳри модаронаашон мақому манзалати хешро баланд бардошта ба меҳру муҳаббат ва садоқату шарофат модарро муқаддас ва гиромӣ медонад.
Дар Паёми солонаи худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини ояндаи босуботи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад” Рушди соҳаи илму маориф дар ҳама сатҳҳои ҷомеа мутобиқшави ё навсозии ҷомеъаро таъмин месозад. Маориф дар ҷаҳони муосир шарти асосии рушди системаи илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта омилҳои он ба раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир муайян карда мешавад, ки хусусиятҳои мусбат ва манфии худро дар раванди муосири ҳамгирои маориф ва илм доранд нишон медиҳад. Дар замони муосир маориф ва илм низоми масъул василаи асоси таъмин ва рушди иттилоот онро заминаи асосии технологияҳои инноватсионӣ дар ҷомеаи муосир арзёби метавон кард.
Дар ҳақиқат мардуми сарбаланди бофарҳанги тоҷик аз нигоҳи таърих мардуми заҳматкашу серталош ва ватандӯст буда ҳамеша барои ободии ватани хеш талош менамояд, ки ҳамин талошҳоро бомуваффақият сипарӣ намояд. Ҷомеа ҳамон вақт пешрафт мешавад, ки миллати он солим бошад. Солимии ҷомеа пешрафти тамоми соҳаҳо шуда метавонад. Инсони соҳибхирад ва меҳнаткаш имкони хуби омӯзиш барои тақвият бахшидани дониши худ, тавассути маҳорату малакаи андухтааш ба дигар самтҳо мусоидат менамояд. Инсон ҳамон вақт соҳибмаърифат ва донишманд мешавад, ки тарбияи хуб дошта бошад ва тарбия ҳамон вақт дар ниҳоди одами пайдо мешавад, аз айёми тифли модари покдоману нексиришт, покдоману ва донишманду соҳибтафаккур ба воя расонида бошад.
Пешвои миллат бунёди миллати мутамаддинро аз маориф дониста, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдоштаро сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсони эълон намуданд. Дар ҳақиқат пешрафти мамлакат ва ояндаи ободи он аз дониш ва маърифати миллат вобастагӣ калон дорад. Ҷомеа чи қадар пешрафта бошад, давлат ҳамон қадар пешрафт мешавад, миллате ки аз илму маориф дур мегардад хоҳу нохоҳ озодиашро аз даст медиҳад. Ҳамин тавр Ҳукумати кишвар барои бунёди муассисаҳои таълимӣ баланд бардоштани сифати таълим ва рушди илмии мамлакат ҳамаҷониба талош менамояд.
Дар шароити муосир омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳо хориҷӣ, дар таоми зинаҳои таҳсилот вазиҷаи муҳимтарини роҳбарони масъулини соҳаи маориф мебошад.
Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ раҳнамо буда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи мамлакат мусоидат менамояд. Воқеан тамоми масоили матраҳшудаи Паёмро баррасӣ намуда ҳаминро метавон гуфт, ҳар як ҷумлаҳои ироагашта моҳияти нав дошта омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи он инсонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ раҳнамун сохта амалишавии он барои рушду босуботи мамлакат ва тараққиёти бузург ноил гаштани Тоҷикистон мусоидат менамояд.
 
Абдуллоев А.Ш. - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат