ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ДАВЛАТДОРИИ ҚАВӢ: ДАСТОВАРДҲО, ИҚДОМҲО ВА ДУРНАМО

 09.01.2026

ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ДАВЛАТДОРИИ ҚАВӢ: ДАСТОВАРДҲО, ИҚДОМҲО ВА ДУРНАМО

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ стратегӣ ба шумор меравад, ки самтҳои калидии рушди давлат ва ҷомеаро дар марҳалаи нави таърихӣ муайян менамояд. Ин Паём на танҳо натиҷагирии фаъолияти давлат дар соли 2025, балки барномаи мукаммали амал барои солҳои минбаъда мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф ва экологии кишвар бо таҳлили амиқ ва диди дурнамои стратегӣ баён шудаанд.
Дар илми сиёсатшиносӣ ва идоракунии давлатӣ паёмҳои солонаи роҳбарони давлатҳо ҳамчун санадҳои стратегӣ баррасӣ мешаванд, зеро онҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, ҳадафҳои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуддат, инчунин вазифаҳои мушаххаси ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаро муайян месозанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 низ маҳз чунин хусусият дорад. Он дар заминаи таҳлили воқеии вазъи кишвар ва равандҳои ҷаҳонӣ таҳия шуда, бо далелҳои оморӣ ва мисолҳои мушаххас тасдиқ мегардад. Ин равиш шаффофият ва эътимоди ҷомеаро ба сиёсати давлатӣ тақвият мебахшад.
Яке аз паҳлуҳои муҳими Паём таъкиди дастовардҳои сиёсӣ мебошад. Дар соли 2025 баргузории интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар фазои озод ва шаффоф нишон дод, ки низоми сиёсии кишвар ба марҳалаи нави камолоти институтсионалӣ ворид шудааст.
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб рафта, омили муҳими таҳкими субот ва амнияти минтақавӣ мебошад. Имзои шартномаҳои марбут ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ далели сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамсоягии нек мебошад.
Дар Паёми соли 2025, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро шарҳ дода, ба дастовардҳои назаррас ва иқдомҳои стратегӣ таъкид намуданд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими он рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Паём нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба пешравиҳои ҷиддӣ ноил гардидааст, ки ин омилҳо асоси рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошанд.
Дар Паём ба нақши сармояи инсонӣ дар рушди иқтисод низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Сармояи инсонӣ – аҳолӣ бо донишу малакаи баланд ва омодагӣ ба таҷриба ва инноватсия – ба манбаи асосии рушди иқтисоди рақамӣ ва саноат табдил меёбад. Таъкид шудааст, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ на танҳо самаранокии соҳаҳои анъанавии иқтисодиро баланд мебардорад, балки ба афзоиши истеҳсолот, камшавии талафоти молиявӣ ва беҳтар гардидани хизматрасониҳо низ мусоидат менамояд. Масалан, ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар шабакаҳои барқ нишон дод, ки ба ҳисоби пурра пардохт кардани ҳаққи истифодаи неруи барқ аҳолӣ даст ёфта, талафоти пешин ба таври назаррас кам карда шуд.
Сармояи инсонӣ ба рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ низ таъсири муҳим мерасонад. Президенти мамлакат қайд карданд, ки дар давоми ҳафт соли охир зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта шуда, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ин дастовардҳо шаҳодат медиҳанд, ки бо истифодаи донишу малакаи кадрҳои маҳаллӣ истеҳсолот афзоиш ёфта, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ ва даромади аҳолӣ низ таъмин гардидааст. Ҳамчунин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти маъдан, ки аз 7,7 миллиард сомонӣ соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст, нишон медиҳад, ки сармояи инсонӣ ва технологияҳои муосир метавонанд ба рушди устувори соҳаҳои калидӣ мусоидат намоянд.
Маориф ва таҳсилоти кадрҳои баландихтисос ҳамчун ҷузъи муҳими сармояи инсонӣ дар рушди иқтисоди миллӣ таъкид шудааст. Бо дарназардошти афзоиши суръати технологияҳои рақамӣ ва ба кор даровардани зеҳни сунъӣ, таҳсилоти босифати касбӣ ва илмӣ муҳимияти бештар пайдо мекунад. Ҷалби мутахассисони соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии босуръат ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ на танҳо ба рушди истеҳсолот, балки ба баланд бардоштани рақобатнокии кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат менамояд. Дар Паём ҳамчунин ба омодасозии кадрҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ аҳамияти махсус дода шудааст. Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодӣ, ки дар Паём таъкид гардидааст, афзоиши истеҳсолот ва саноатикунонии босуръат бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад. Ин раванд боиси афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ, ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ ва камшавии вобастагии иқтисодиёт аз воридот мегардад. Масалан, дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дуюним баробар афзоиш ёфта, суръати рушди солонаи он ба 22 фоиз расидааст. Дар Паём инчунин ба татбиқи Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хом аҳамияти стратегӣ дода шудааст.
Рушди инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт низ ба иқтисоди миллӣ таъсири мустақим дорад. Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ва офтобӣ, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани низоми рақамии ҳисоб ва пардохти нерӯи барқ боиси самаранокии бештар ва коҳиши талафоти молиявӣ гардида, ба рушди истеҳсолот ва хизматрасониҳои дигари иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Мисолҳои мушаххас аз Паём, ба монанди ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шабакаҳои барқ ва сохтмони неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 МВт, нишон медиҳанд, ки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ба рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани некуаҳволии мардум таъсири мустақим дорад.
Маориф ва илми замонавӣ, сармояи инсонӣ, рушди саноат ва энергетика, ҳамзамон бо беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастрасии аҳолӣ ба молу хизматрасонӣ, якҷоя бо иқдомҳои стратегӣ ба таври муассир метавонанд иқтисоди миллиро устувор гардонанд. Паёми Президенти кишвар нишон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба рушди иқтисоди рақамӣ, афзоиши истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардида, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосир амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, Президенти мамлакат таъкид кардаанд, ки барои ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодӣ ва устувории макроиқтисодӣ, зарур аст, ки фаъолияти иқтисодии ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва энергетика бо стратегияи умумии кишвар ҳамоҳанг ва бо истифодаи имкониятҳои технологӣ ва сармояи инсонӣ идора карда шаванд. Таъкид ба зарурати истифодаи самараноки захираҳо, ҷалби сармояи мустақим ва баланд бардоштани сифати кадрҳо далели равшани он мебошад, ки рушди иқтисоди миллӣ танҳо тавассути амалӣ намудани сиёсати ҳамоҳанг ва стратегӣ ба дастовардаҳои устувор ва афзоиши сатҳи зиндагии аҳолӣ оварда мерасонад.
Дар натиҷа, таҳлили Паём нишон медиҳад, ки рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон ба таври муассир бо истифода аз сармояи инсонӣ, таҳсилоти касбӣ ва илмӣ, рушди саноат ва энергетика ва татбиқи технологияҳои рақамӣ таъмин карда мешавад. Ин самтҳо ба кишвар имкон медиҳанд, ки ба мақсадҳои стратегӣ ноил гардада, иқтисодиёти рақобатпазир ва устуворро ба вуҷуд орад. Афзоиши истеҳсолот, беҳтар гардидани хизматрасониҳо, рушди инфрасохтор ва истифодаи сармояи инсонӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ нақши асосӣ доранд ва боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегарданд.
Аз ин нуқтаи назар, метавонад хулоса кард, ки сиёсати рушди иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз иқдомҳои стратегӣ ва истифодаи имкониятҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар гардидани некуаҳволии мардум ва афзоиши рақобатнокии кишвар дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунад. Таъкид ба сармояи инсонӣ, таҳсилоти босифат, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва рушди инфрасохтор нишон медиҳад, ки рушди иқтисоди миллӣ на танҳо ҳадафи иқтисодӣ, балки омил ва шарти рушди иҷтимоӣ ва таъмини истиқлоли стратегӣ мебошад.
 
Шарофзода Э.У. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат