СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, соҳаи энергетика яке аз масъалаҳои меҳварии он ба шумор мерафт. Дар ҷараёни Паём таъкид гардид, ки соҳаи энергетика пояи асосии рушди иқтисод, саноат, иҷтимоёт ва таъмини амнияти энергетикии кишвар мебошад. Дар солҳои охир тадбирҳои пайдарпай амалӣ шуда, иқтидорҳои нав ба кор даромаданд, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда суръат гирифт ва инфрасохтори шабакаҳои барқӣ тадриҷан беҳтар шуд. Ин омилҳо ба зиёдшавии ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ мусоидат намуданд.
Аз раванди Паём метавон ба таҳлил ва баррасии якчанд нуктаҳои муҳимм хулосабарорӣ намуд:
• Зиёдшавии истеҳсоли неруи барқ дар соли 2025: Бар асоси сиёсати давлатӣ ва идомаи лоиҳаҳои энергетикӣ, соли 2025 тамоюли афзоиши истеҳсоли неруи барқ пешбинӣ мегардад.
Ин афзоиш пеш аз ҳама аз ҳисоби:
- истифодаи самараноки иқтидорҳои амалкунанда;
- беҳтар шудани идоракунии соҳа;
- ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ;
- кам кардани талафоти неру дар шабакаҳо ба даст меояд.
• Камбудиҳо ва мушкилоти асосии соҳа. Ҳамзамон дар Паём мушкилоти ҷиддӣ низ қайд шуданд, аз ҷумла:
• таъсири тағйирёбии иқлим,
• камшавии боришот,
• паст гардидани сатҳи оби дарёҳо ва обанборҳо,
ки бевосита ба истеҳсоли неруи барқи обӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ин омилҳо метавонанд дар баъзе давраҳои сол боиси кам шудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ гарданд, махсусан дар фаслҳое, ки ҷараёни об кам мешавад.
• Самтҳои афзалиятнок барои рафъи мушкилот. Бо дарназардошти вазъи мавҷуда, Пешвои миллат ба зарурати чунин бандҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд:
• истифодаи сарчашмаҳои барқароршаванда (офтобӣ ва бодӣ);
• сарфакорона истифода бурдани неруи барқ;
• баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагон
Хулоса Паёми имсола нишон медиҳад, ки новобаста ба мушкилоти табиӣ ва иқлимӣ, давлат сиёсати устуворро барои таъмини рушди соҳаи энергетика пеш мебарад. Соли 2025 ҳамчун давраи муҳим барои ҳам афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва ҳам тақвияти тадбирҳои мутобиқшавӣ ба камшавии захираҳои обӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳакимов Д.Ш. - муовини декан оид ба тарбияи факултети энергетикии
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ