СИЁСАТИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ДАР КОҲИШИ ПАРТОВҲО

 26.04.2026

СИЁСАТИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ДАР КОҲИШИ ПАРТОВҲО

Дар шароити мураккаби тағйирёбии иқлим ва афзоиши таҳдидҳои экологӣ, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳарчи бештар равшан ва фаъолона ба назар мерасад. Суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавии экологӣ таҳти унвони “Диди муштарак барои ояндаи устувор” бори дигар исбот намуд, ки масъалаҳои муҳити зист барои кишвар на танҳо як самти сиёсӣ, балки як рисолати миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Президенти кишвар бо нигаронии амиқ таъкид карданд, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва зиёдшавии офатҳои табиӣ имрӯз ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтаанд. Ин равандҳо на танҳо ба кишварҳои алоҳида, балки ба суботи тамоми минтақаҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин шароит, ҳамкории муштарак ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳо аҳамияти бузург касб мекунад.
Яке аз нуқтаҳои асосии суханронӣ масъалаи захираҳои об буд. Тоҷикистон, ки то 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ дар қаламраваш ташаккул меёбанд, дорои мавқеи стратегии муҳими экологӣ мебошад. Ин захираҳо на танҳо барои рушди иқтисодии кишвар, балки барои таъмини амнияти обии минтақа низ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Аммо, ҳамзамон, обшавии босуръати пиряхҳо, ки дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ба вуҷуд омадааст, ин тавозунро таҳти таҳдид қарор додааст.
Коршиносон низ тасдиқ мекунанд, ки агар ин раванд идома ёбад, дар ояндаи наздик камшавии захираҳои обӣ метавонад ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат зарурати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудаанд.
Дар ҳамин замина, масъалаи гузариш ба иқтисодиёти “сабз” ва камкарбон мавқеи марказӣ гирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир бояд дар меҳвари сиёсати иқтисодии кишвар қарор гиранд. Ин иқдомҳо на танҳо ба коҳиши партовҳои зараровар мусоидат мекунанд, балки барои рушди устувори дарозмуддат замина мегузоранд.
Яке аз мисолҳои равшани татбиқи ин сиёсат — Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин барнома, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи бештар пайдо кардааст, ҳадафи коҳиш додани ифлосшавии ҳаво, кам кардани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолиро дорад.
Дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, масъалаи ифлосшавии ҳаво ба яке аз мушкилоти муҳим табдил ёфтааст. Воситаҳои нақлиёти анъанавӣ, ки бо сӯзишвории дизелӣ ва бензинӣ кор мекунанд, манбаи асосии партовҳои заҳрнок мебошанд. Гузариш ба нақлиёти барқӣ метавонад ин мушкилро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Илова бар ин, истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт ба коҳиши садо, беҳбуди муҳити зист ва баланд гардидани фарҳанги экологии ҷомеа мусоидат мекунад.
Муҳимтар аз ҳама, рушди нақлиёти барқӣ бевосита бо ҳифзи пиряхҳо алоқаманд аст. Зеро кам шудани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба суст шудани раванди гармшавии глобалӣ мусоидат мекунад. Ин, дар навбати худ, ба нигоҳдории манбаъҳои обӣ ва экосистемаҳои нозуки кӯҳӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон, таъсиси Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе ҳамчун як қадами муҳим дар самти беҳтар намудани инфрасохтори экологӣ арзёбӣ гардид. Ин марказ метавонад дар ҳалли масъалаҳои коркарди партовҳо ва коҳиши таъсири манфии онҳо ба муҳити зист нақши калидӣ бозад.
Қобили зикр аст, ки қабули Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040 низ як ҷузъи муҳими сиёсати экологии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин барнома ба ҳифз ва барқарорсозии захираҳои биологӣ, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Дар маҷмӯъ, сиёсати экологии Тоҷикистон, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад, як низоми ҳамоҳанг ва дурбинона мебошад. Қабул ва амалӣ намудани стратегияву барномаҳо, аз ҷумла рушди нақлиёти барқӣ, нишон медиҳад, ки кишвар дар роҳи бунёди ояндаи “сабз” қадамҳои устувор мегузорад.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ қарор дорад, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муваффақ барои дигар кишварҳо хизмат кунад. Зеро ҳифзи табиат, сарфаи захираҳо ва рушди устувор на танҳо вазифаи як давлат, балки масъулияти муштараки тамоми башарият мебошад.
 
Ғоибов Навруз – муовини декан оид ба тарбияи факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат