ФОРУМИ ЭКОЛОГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ЭКОЛОГӢ

 26.04.2026

ФОРУМИ ЭКОЛОГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ЭКОЛОГӢ

Масъалаҳои экологӣ дар замони муосир ба яке аз самтҳои калидии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва зарурати ҳамкории васеи байналмилалиро тақозо менамоянд.
Тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ, ифлосшавии муҳити зист ва афзоиши фишори антропогенӣ ба табиат ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳҳои нав ва самаранокро ҷустуҷӯ намоянд. Дар чунин шароит, баргузории форумҳои экологӣ ҳамчун механизми муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳо аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Форуми экологии баргузоршуда дар Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз чунин платформаҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои баррасии масъалаҳои муҳими экологӣ ва рушди устувор шароити мусоид фароҳам овард. Дар доираи ин форум намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва олимон масъалаҳои мубрами экологиро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуданд. Мазмуни муҳокимаҳоро на танҳо баррасии вазъи кунунӣ, балки муайян намудани самтҳои стратегии ҳамкориҳои минбаъдаро ташкил дода, ҳамчун фазои мубодилаи таҷриба, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нав барои рушди «иқтисоди сабз» ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мегардад.
Дар чунин шароит, масъалаҳои экологӣ ҳамчун низоми мураккаби омилҳои ба ҳам вобаста баромад намуда, баррасии онҳо дар заминаи таҳлили системавӣ ва ҳамгироёнаи равандҳои глобалӣ зарур мегардад.
Тағйирёбии иқлим: Тағйирёбии иқлим ҳамчун, яке аз таҳдидҳои асосии глобалӣ дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор дошт. Таъсири манфии он ба иқтисодиёт, амнияти озуқаворӣ ва захираҳои табиӣ махсусан дар минтақаҳои осебпазир, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, бештар эҳсос мегардад. Дар форум зарурати коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, рушди энергетикаи барқароршаванда ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим таъкид гардид.
Захираҳои обӣ: Яке аз масъалаҳои муҳими баррасишуда идоракунии захираҳои обӣ буд. Камшавии об, истифодаи ғайрисамаранок ва тақсимоти нобаробари он байни кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд. Дар форум масъалаи истифодаи оқилона ва устувори захираҳои обӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
Иқтисоди «сабз»: Гузариш ба иқтисоди «сабз» ҳамчун роҳи асосии таъмини рушди устувор арзёбӣ гардид. Ин раванд истифодаи самараноки захираҳо, коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар бар мегирад. Дар форум зарурати ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таъкид шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ ва мавқеи муҳими географӣ дар минтақа дар баррасии масъалаҳои экологӣ нақши назаррас дорад. Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба принсипҳои рушди устувор асос ёфта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устуворро касб намудааст. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд карда мешавад. Бо ибтикори Пешвои миллат як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои глобалӣ мусоидат намудааст. Ин иқдомҳо Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об ва экология муаррифӣ менамояд.
Дар форуми экологии Қазоқистон мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва фаъол таъкид гардид. Пешниҳодҳо ва идеяҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими муколамаи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ мусоидат намуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо иштирокчии равандҳои ҷаҳонӣ, балки ташаббускори фаъоли онҳо мебошад. Форуми мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар натиҷаи он зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба таъкид гардид.
Форуми экологии баргузоршуда дар Қазоқистон ҳамчун як қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои экологӣ арзёбӣ мегардад. Натиҷаҳои он метавонанд, барои ташаккули сиёсати самараноки экологӣ ва рушди устувори кишварҳо заминаи боэътимод фароҳам оваранд. Нақши Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд назаррас буда, ташаббусҳои пешниҳодшуда барои ҳалли мушкилоти глобалӣ аҳаммияти муҳим доранд.
 
Исмонзода Р.Д. - н.и.т., дотсент, декани факултети механикӣ ва технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат