НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ МИНТАҚАВИИ ЭКОЛОГӢ
Саммити экологӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид ва ба яке аз рӯйдодҳои муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Дар он намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ходимони илмӣ ва коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намуда, масъалаҳои мубрами экологиро баррасӣ карданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ муҳокимаи мушкилоти муҳити зист ва дарёфти роҳҳои муштараки ҳалли онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим буд.
Аҳамияти махсус ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ осебпазирии минтақа нисбат ба тағйирёбии иқлимро таъкид намуда, аҳамияти ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун манбаи асосии оби тоза махсус қайд намуданд. Ҳамчунин зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ зикр гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саммити мазкур ҳамчун яке аз кишварҳои калидии минтақа, нақши фаъол ва ташаббускорона бозид. Мавқеи Тоҷикистон пеш аз ҳама ба аҳамияти стратегии захираҳои обӣ ва пиряхҳо асос ёфта, кишвар ҳамчун таъминкунандаи манбаи муҳими об барои Осиёи Марказӣ шинохта мешавад.
Дар доираи саммит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳифзи захираҳои обӣ ва таъсири тағйирёбии иқлимро ба таври муфассал баррасӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои амнияти экологӣ ва иқтисодии минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, Тоҷикистон зарурати ҳамкории муштаракро барои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо пешниҳод намуд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об мебошад. Кишвари мо дар солҳои охир як қатор пешниҳодҳои муҳимро дар сатҳи байналмилалӣ пешбарӣ намуда, ба масъалаҳои об диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои дарозмуддат дар самти идоракунии захираҳои обӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, сарвари давлати Тоҷикистон, певои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммит ба масъалаи баҳри Арал низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки ҳалли ин мушкилот ҳам танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ имконпазир мебошад.
Илова бар ин, намояндагони Тоҷикистон зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, аз ҷумла системаҳои рақамии мониторинг ва зеҳни сунъиро барои идоракунии самараноки захираҳои табиӣ қайд намуданд. Ин равиш метавонад ба беҳтар шудани назорат ва пешгирии хавфҳои экологӣ мусоидат намояд.
Дар маҷмӯъ, иштироки Тоҷикистон дар саммит нишон дод, ки кишвари мо на танҳо ҳамчун истифодабарандаи захираҳои табиӣ, балки ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ баромад мекунад. Нақши фаъолонаи он ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи саммит масъалаи истифодаи технологияҳои муосир низ баррасӣ гардид. Иштирокчиён ба дурнамои истифодаи системаҳои рақамии мониторинг, таҳлили додаҳои калон ва зеҳни сунъӣ барои пешгӯии хатарҳои экологӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои табиӣ ишора карда шуд.
Ҳамчунин ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар рафти саммит як қатор созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расида, аҳамияти мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоягузорӣ таъкид карда шуд. Иштирокчиён қайд намуданд, ки танҳо тавассути ҳамгироии талошҳо метавон ба рушди устувор ноил гардид.
Ҳамин тариқ, саммити экологӣ дар Қазоқистон аҳамияти ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳалли мушкилоти умумии экологӣ нишон дод. Нақши Тоҷикистон дар саммитҳои минтақавии экологӣ хеле муҳим буда, бо ташаббусҳои худ, иштироки фаъолонааш ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ саҳми арзанда мегузорад ва барои рушди устувори минтақа шароити мусоид фароҳам меорад. Натиҷаҳои он собит месозанд, ки танҳо ҳамкории зич ва истифодаи равишҳои инноватсионӣ метавонад амнияти экологӣ ва рушди устувори минтақаро дар оянда таъмин намояд.
Равшанов Чоршанби – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарори ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.
Мирзоҳасанов Мирзоҳасан - муаллими калони кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарори ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.