АХЛОҚИ ҲАМИДА - НИШОНАИ ҲАСТИИ ИНСОН
Ахлоқ маҷмӯи қоидаҳо ва арзишҳоест, ки рафтори инсонро дар ҷомеа танзим мекунад. Инсон ҳамеша дар сари дуроҳаи интихоб қарор дорад: чӣ гуна амал кардан, кадом арзишро пазируфтан ва кадом роҳро пеш гирифтан.
Инсон бо истифода аз хираду виҷдони хеш тасмим мегирад, вале ин қарорҳо ҳамеша зери таъсири арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ қарор мегиранд.
Инсон танҳо тавассути хирад метавонад аз нафси зоҳирӣ ва хоҳишҳои моддӣ раҳо ёбад ва ба сӯи маърифати илоҳӣ ҳаракат кунад. Чуноне ки дар ҳадисҳо омадааст: “Маҳбубтарини шумо дар назди Худованд хушахлоқтарини шумост. Хушахлоқӣ дар байни мардум зинати ислом аст”.
Дин дар ҳама давру замон бо ахлоқи ҳамида пайванд будааст. Вазифаи динҳо аз оғози пайдоишашон то имрӯз ба танзим даровардани ахлоқи инсонҳост. Маҳз ҳамин бузургӣ ва рисолати динҳо буд, ки инсоният то имрӯз бо ҳар шакле аз онҳо пайравӣ ва пуштибонӣ мекунад. Агар аз дӯши дин ва диндорон ин вазифа ё масъулият соқит шавад, яъне ахлоқ аз меҳвари дин канор гузошта шавад, дар ҷомеа дигар ҷое барои дин боқӣ намемонад. Дар ин сурат, зарурати мавҷудияти ҳар гуна дину мазҳаб бемуҳобо зери суол хоҳад рафт.
Имрӯзҳо хоҷагони сиёсии пасипардагии миллати тоҷик, ки берун аз кишвар қарор доранд, мехоҳанд барномаҳои сиёсии худро дар пасманзари дин пиёда созанд, барномаҳое, ки дар асл ҳеҷ манфиате барои сокинони Ватани азизамон надоранд. Маълум аст, ки ҷомеаи муосири тоҷик ба ин гуна барномаҳои иғвоангез ва гуфторҳои ғайриахлоқӣ ниёз надорад.
Инсони соҳибандеша ва боахлоқ бояд ҳар як барномаву ҳадафи худро дар асоси принсипҳои демократӣ, инсондӯстӣ ва арзишҳои миллӣ амалӣ намояд, на ин ки зери ниқоби дин нақшаҳои нохалафи худро пеш барад. Ба ҳамагон ҳувайдост, ки душманони миллат ҳар як тасмими худро бо «тарозуи дин» баркашида, худро чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё қалбу виҷдони онҳо саросар аз имону ахлоқ иборат бошад. Вале дар асл, зимни баромадҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо таҳқир ва суханҳои ғайриахлоқӣ аз забони онҳо шунида мешавад. Маҳз ҳамин рафтор боис шудааст, ки охирин зарраҳои эҳтиром нисбат ба онҳо аз байн биравад. Ҳатто мухолиф бояд барои худ меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷавонмардӣ дошта бошад, на ин ки зери пардаи дини мубини ислом суханҳои носазо ва иғвогаронаро роҳандозӣ намояд.
Дин дар таърихи инсоният нақши калидӣ дошта, сабаби устувории ақидаҳои динӣ дар он аст, ки аз оғози пайдоиши башарият ва худшиносии инсон дин ҳамеша ҳамроҳи ӯ будааст. Яъне, дин дар тӯли таърихи тӯлонии мавҷудияти хеш бо тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - аз равоншиносии иҷтимоӣ сар карда, то соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ - робитаи ногусастанӣ дорад.
Афсус, ки имрӯзҳо бадхоҳон бо ҳар гуна роҳу найранг мехоҳанд зери ниқоби дини поки ислом нақшаҳои нохалафи худро амалӣ намуда, дигарбора халқи меҳнаткаши тоҷикро ба вартаи бесарусомонӣ кашанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди тоҷик бояд дарк намояд, ки имрӯз дар фазои оромӣ, осоиштагӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарад. Ин неъматҳои бебаҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд, ин оромиву субот ва сулҳу салоҳ дар натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва меҳнати содиқонаи Пешвои муаззами миллати азизамон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гаштаанд.
Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳо ва паёмҳои худ борҳо ба аҳамияти ахлоқи ҳамида, махсусан дар байни ҷавонон, таъкид намуда, ахлоқро асоси пешрафти ҷомеа ва кафили ваҳдату суботи миллӣ медонанд.
Дар фарҷом бояд гуфт, ки дар ин давраи пуршӯр ахлоқи ҳамида мисли чароғест, ки роҳи дурустро равшан месозад. Ахлоқи нек на танҳо ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба дигарон, балки қудрати интихоби роҳи хайр дар баробари васвасаҳост. Як сухани нарм метавонад дилҳоро ба ҳам орад, як қадами хайр метавонад ҷомеаро обод созад ва як амали рост метавонад эътимоди дигаронро ба даст оварад. Пас, биёед, дар ҳар лаҳзаи умр бо ахлоқи нек зиндагӣ кунем, зеро ин ганҷи беназир моро ба сӯи зиндагии пур аз маъно ва хушбахтӣ ҳидоят менамояд.
Раҳимҷон Сайраҳмонов - н.и.т., дотсент ва Асад Тошмахмадзода ассистенти кафедраи сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётии факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ