ҶАВОНОНИ СОЗАНДА ВА НОМБАРДОРИ НИЁГОНИ НЕКНОМ БОШЕД

 23.05.2026

Дар ҳошияи 23-юми май – Рӯзи ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонон – неруи созанда ва тақдирсози ҷомеа»

 

«Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати сулҳхоҳ на танҳо барои мардуми худ, балки барои тамоми башарият зиндагии орому осоиштаро таманно дорад. Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба хоки дигарон чашм ало накарда ва боиси поймолшавии ҳуқуқи халқе нагаштааст. Баръакс, мо ҳамеша ба бегонагон оғӯш кушода, ба онҳо илму фарҳанг, одоби шаҳрнишинӣ ва инсониятро омӯхтаем, вале дар ҷавоб дучори беадолатиҳо, гурезагӣ ва зулму ситам шудаем. Тамоми набардҳои таърихии тоҷикон танҳо барои ҳифзи озодӣ, номуси миллӣ ва замини ниёгон буданд. Дар ин роҳ ҳазорон фарзандони фидокор ҷон нисор карданд, то миллатро аз вартаи нестӣ наҷот диҳанд. Модари тоҷик қаҳрамонони бузурге чун Спитамену Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, фарзандони замони нав Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба воя расонид, ки ҳар кадоме барои зинда мондани фарҳангу урфу одатҳои мо ҷонбозӣ намуданд. Имрӯз аз он империяҳои бузурги гузашта барои мо танҳо як сарзамини кӯҳсор боқӣ мондааст, ки он ҳам гаҳвораи амну амонӣ ва ифтихори миллати ҷафокашидаи мост.

Мо ифтихор аз он дорем, ки чанд рӯз қабл бо ташаббуси наҷибона ва бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки поки Қаҳрамонони миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ғурбат ба Ватан оварда шуд. Акнун рӯҳи ин бузургмардон, ки ҷони худро фидои эҷоди ин сарзамин карда буданд, дар оғӯши хоки Модар-Ватани хеш оромӣ меёбад. Дигар сояи деви “террори бузург” онҳоро азият намедиҳад ва насли имрӯзу фардои кишвар хотираи бошарафи онҳоро ҳамеша пос хоҳад дошт. Маҳз бо шарофати чунин фидокорон мо соҳиби таърихи пурифтихоре ҳастем, ки гарави ҳастии мост. Агарчи дигар халқҳо аз тамаддуни бостонии мо баҳра бурда, фарҳанги худро сохтанд, мо ноумед нестем; зеро ба қавли Ҳофизи ширинсухан, ҳоли даврон ҳамеша яксон намемонад. Вале ин ҷо бепарвоӣ ҷоиз нест, чун бетарафӣ миллатро ба нестӣ мебарад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ҳадаф дорад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ дар асри бархӯрди тамаддунҳо тарбия кунад. Ҷавонон неруи шикастнопазири ҷомеаанд ва истифодаи дурусти ин қувват боиси шукуфоии Ватан ва сӯиистифода аз он гуноҳи азим аст.

Гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, ҳизбҳои мамнуъ ва нашъамандӣ аз воқеиятҳои талхи рӯзгор аст. Мутаассифона, ин падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи мо низ ба назар мерасанд ва давлату Ҳукумат тамоми кӯшишҳоро барои пешгирии онҳо равона мекунанд. Гирифтории ҷавонон ба нашъамандӣ нишонаи беиродагӣ ва ноустувории равонии онҳост, зеро худро дидаву дониста ба вартаи ҳалокат афкандан оқилона нест. Садди роҳи ин хатарҳо шудан ва ба роҳи рост ҳидоят кардани насли ҷавон, қабл аз ҳама, аз муҳити оилаи солим оғоз меёбад ва ин замина барои таълиму тарбияи босифат дар мактабҳову донишгоҳҳо мегардад.

Фарҳанги тарбия раванди ниҳоят мураккаб аст, зеро ҳар як инсон рӯҳия ва миҷози хос дорад. Сарфи назар кардани тарбия дар марҳилаҳои аввал рафти онро дар оянда мушкил месозад. Ривояте ҳаст, ки вақте кӯдаки чилрӯзаро назди Ҳаким Бӯалӣ Сино барои маслиҳати тарбия оварданд, ӯ гуфт: «Шумо чил рӯз дер кардаед». Ин собит мекунад, ки пойдевори тарбия аз рӯзи аввали таваллуд дар оила гузошта мешавад. Аксар вақт барои рафтори ношоистаи ҷавонон омӯзгоронро гунаҳкор мекунанд, вале набояд фаромӯш кард, ки хонанда танҳо 6-7 соат дар мактаб асту боқӣ вақтро дар назди волидон мегузаронад. Намунаи барҷастаи тарбияи нодурусти оилавӣ ҳамсари нависандаи бузург Лев Толстой аст, ки бо вуҷуди камсаводӣ, маҳз аз сабаби тарбияи нодуруст дар оила балои ҷони Толстой гашт ва бо ҷанҷолҳои пайвастааш боиси марги ӯ шуд.

Имрӯзҳо бо мушоҳидаи рафтору гуфтори ношоистаи баъзе афрод дар кӯчаву бозор ва мағозаву донишгоҳҳо, инсон беихтиёр ёди замони Шӯравӣ ва даврони бостонии аҷдодӣ мекунад. Ниёгони хирадманди мо раванди тарбияро бар пояи панди ҷовидони «Пиндори нек, Гуфтори нек, Кирдори нек» ба роҳ монда, ҳар як марҳилаи умри фарзандро бо оби зулоли маърифат шодоб мегардониданд. Хушбахтона, имрӯз ҳам хазинаи гаронбаҳои паёми бузургоне чун Зардушт, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ, Аттору Ҷомӣ ва алломаҳои замони нав мисли Айнӣ, Ғафуров, Турсунзода ва Лоиқ раҳнамои мост. Мо вазифадорем, ки ин ирсияти соҳибтамаддуниро ба насли оянда интиқол диҳем ва ин танҳо бо тарбияи дуруст муяссар мешавад. Дар гузашта ба кӯдакон аз одоби хӯрокхӯриву либоспӯшӣ то ҳунари аспсаворӣ ва суханвариро меомӯхтанд. Кӯдаки навзод аввал аз ҷониби пири хирад номи сазовор мегирифт, сипас донишмандону ситорашиносон тақдири ӯро омӯхта, ба волидон дастури тарбия медоданд ва устодони босавод фарзандро ба воя мерасонданд. Маҳз ҳамин низом шахсиятҳои бузургро ба майдон овард, вале афсӯс, ки имрӯз ин риштаҳо суст шудаанд.

Дар даврони Шӯравӣ низоми тарбияи насли ҷавон хеле дақиқ ва ҳамаҷониба ба роҳ монда шуда буд. Кӯдакон аз замони гаҳвора дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, ростгӯӣ ва поквиҷдонӣ ба воя мерасиданд. Имрӯз, мутаассифона, дар тарбияи бисёр ҷавонон холигоҳҳо дида мешаванд, вале дар ин масъала танҳо мактабу омӯзгорро айбдор кардан нодуруст аст. Агар волидон дар хона аз уҳдаи тарбияи 5-6 нафар фарзанди худ набароянд, муаллим чӣ гуна метавонад ба даҳҳо ва садҳо нафар одобу ахлоқ омӯзад? Ин дар ҳолест, ки давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми шароиту имкониятҳоро барои илмомӯзии насли ҷавон фароҳам сохтааст. Суоле ба миён меояд: чаро мо барои хушахлоқ шудан намекӯшем ва аз имкониятҳои технологияҳои наву китобхонаҳо барои рушди худ истифода намебарем? Чаро ба ҷойи қадрдонии сулҳу субот, баъзан ба орзуҳои пучу ғаразнок дода мешавем?

Иллати дигари ҷиддӣ – вобастагии шадиди ҷавонон ба телефонҳои мобилӣ аст, ки ҷойи оила, дӯстон ва волидонро гирифтааст. Мутоибаи талхе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд, ки ҷавоне навиштааст: «Имрӯз неруи телефони ман хомӯш шуд, дар хона нерудиҳандаи телефон кор накард, бо аҳли оилаам ҳамсуҳбат шудам, одамони бад набудаанд». Ин хандаовар нест, балки як фоҷиа ва даҳшати иҷтимоист.

Ҳарчанд дар ин бора зиёд мегӯянд, аммо решакан кардани ин мушкилот заҳмати зиёдро талаб мекунад. Хушбахтона, нисбат ба солҳои гузашта ҷомеаи мо рушд ёфта, таваҷҷуҳи ҷавонон ба кору хониш бештар шудааст. Бо вуҷуди ин, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, ки заминаи таълиму тарбия мебошанд, баъзан рафтори ношоистаи баъзе афрод ба раванди дарсҳо халал мерасонад. Масалан, дер омадан ба дарс, тарзи номуносиби либоспӯшӣ ва одоби муошират талаботи Оиннома ва қоидаҳои дохилиро вайрон мекунанд. Бо ин ҳама, устувор будани мо дар роҳи гирифтани таълиму тарбияи дуруст ба пешрафти оянда замина мегузорад. Дар ин раванд, нақши ташкилоти ҷамъиятии донишҷӯён, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонон ва Иттифоқи касаба дар тарбия, ҳифзи ҳуқуқҳо ва мубориза бо қонуншиканиҳо ниҳоят муҳим аст. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сафи пеши созандагиву ваҳдат қарор дошта, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва озмунҳои ҷаҳонӣ шарафи кишварро ҳимоя мекунанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ бо мисолҳои ҷолиби таърихӣ ҷавононро ба илмомӯзӣ, мардонагӣ ва ифтихор аз гузаштагон ҳидоят менамоянд, зеро пайравӣ ба ин абармардон нишонаи олии адаб ва эҳтиром ба таърих аст.

Дар қатори ҳазорон фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, мулаққаб ба Имоми Аъзам боиси ифтихормандии мост. Оре, ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мо – тоҷикон бояд ифтихор дошта бошем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди фарзонаи халқи мост». Ин марди арсаи таърих тамоми обрую эътибор ва иззати худро аз омӯзиши илм дарёфт ва ҷавононро низ мебояд ба илм бештар рӯй оранд. Имоми Аъзам ҳамагонро ба омӯзиши илм талқин карда, дар такя бо Қуръони Карим олимонро пас аз Худою Паёмбар мегузорад, ки ин арзишу мақоми омӯзишро ба арши аъло мебарорад.

Дар «Гулистон»-и Саъдӣ омада, ки «Илм аз баҳри дин парвардан аст, на аз баҳри дунё хӯрдан» ва дар ин робита Довуди Той меафзояд: «Абуҳанифа ситораи рахшонест барои раҳгумзадагон ва дарёи илмест, ки мақбули ҳамаи дилҳост».

Дар гуфтаҳои Имом Ғаззолӣ дар рисолаи «Айюҳалвалад» – «Эй фарзанд» доир ба илм андарзу масалҳои зиёде вомехӯранд, ки дар яке гуфта мешавад: «Соҳиби сахттарин азоб дар рӯзи қиёмат олимест, ки Худованд вайро аз илмаш баҳрабардор накардааст». Бале, дар масали имрӯза «Олими беамал – занбӯри беасал» аст. Инчунин Имом Ғаззолӣ мефармояд, ки илм ба танҳоӣ кофӣ нест, амал бидуни илм мумкин нест, олим бош на зарфи илм ва ғайраҳо.

Мақсад аз ин иқтибосҳо чист? Танҳо мақсад он аст, ки ҷавонон дар руҳияи солими илмомӯзӣ ташаккул ёбанд ва мисли аҷдодони хирадманди худ илмҳои замонаро аз худ кунанд. Бе илм ва омӯзиши касб ягон ҷомеа пеш намеравад ва боиси паст шудани маърифату зиндагӣ, ахлоқу маданият ва худшиносиву худогоҳӣ мегардад.

Омӯзиши илм ва роҳи он ноҳамвору меҳнатталаб, вале пурифтихору самарбор аст. Ба қавли Роҳбари давлат «Илм чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷа диҳад. Баръакс он заҳмати пайваста мехоҳад, вале мо дар ҳар сурат бояд дар роҳи рушди илм бо натиҷаҳои муайян умед бандем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки муваффақияти мо моли мост ва бояд барои таҳкими дастовардҳо ва дар айни замон ба хотири рафъи мушкилоту монеаҳои мавҷуда пайваста кӯшиш намоем».

Дар фарҷом ҷавононро ба роҳи накӯ, ахлоқи ҳамида ва хислати инсондӯстона даъват карда, умеди волидон ва тамоми мардуми тоҷикро ба ояндаи дурахшоне, ки он ҳам дар дасти ҷавонон аст, равон менамоем. Зеро боварии комил дорем, ки ин неруи созанда ва ваҳдатсарои тоҷик доимо зӯри бозуи худро ба ободии Ватан, осудагии ҷомеа ва амонии оила сарф мекунад. Мо тамоми фикру андешаи худро сарҷамъ карда, бо як иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштаанд, иктифо мекунем: «Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар уҳдаи онҳо меафтад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро дар руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба илму касбомӯзӣ ҳарчӣ бештар ҷалб кунем, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи зиндагии солимро тарғиб созем. Ин на танҳо вазифаи ҷонии падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо пойдевори давлатдории худро мустаҳкам месозем ва дилпурона пеш меравем».

 

Юнусӣ Фаридун Маъруф – Саркотиби Шуроҳои диссертатсионии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Ба рӯйхат