РОҲҲОИ ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 20.11.2021

Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштигӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳмиву поктинату миллатдӯст будан аст.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар замину замон аст.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо – тоҷикон фахр мекунем.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Пешрафту муваффақиятҳои ҳар миллат ва ҳар давлат пеш аз ҳама ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатест имконпазир, вале дар марҳилаҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудии миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шудааст, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Муваффақ шудан ва ба ин ҳадафҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон босуръат рушд кунад, дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи мустаҳкам ишғол намояд ва аз ҳама муҳимаш сатҳи зиндагии халқамон хеле баланд шавад.

Мо бояд аз таҷрибаи талхи гузашта баҳра бардорем ва таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва истиқлолият ва амнияти сарзамини аҷдодиро ҳифз намоем, масъулияти хешро дар назди наслҳои оянда дарк кунем, бо садоқати том ба халқу Ватан хизмат намоем.

Забиров Некрӯз, Сабуров Шералӣ – донишҷӯёни к. 3-юми г. 430101-А1 факултети Энергетикӣ.


Ба рӯйхат