НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ИЛМ ДАР ТАҲКИМИ ХЕШТАНШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

 11.12.2021

Таъсиру аҳамияти дониш ва илм дар ҳаёту зиндагии ҳар як инсон бағоят бузург аст. Рӯзгори инсонро имрӯзҳо бе дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ тасаввур кардан амри маҳол аст. Ҷаҳони муосир мунтазам дар ҳоли рушду пешравӣ қарор дорад. Ҷаҳонишавӣ ва раванди он тамоми фаъолияти мо одамонро тезонида, моро ба дастовардҳои илмӣ ҷалб менамояд, зеро ин асрро “Асри технология” меноманд. Вазифаи илм дар замони муосир пеш аз ҳама аз он иборат мебошад, ки тавонад ба зиндагии пурасрори инсонҳо дар табиати иҳотакардааш нафърасон бошад. Албатта, рушди бемайлони дастовардҳои илмиро дар низоми ҳаёту зиндагӣ мушоҳида менамоем. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки комёбиҳои илмии асри XXI ба истеҳсолот пайваста буда, он навовариҳо барои ҷомеа нигаронида шудааст.

Дар низоми пешрафт ва дастовардҳои илмӣ пеш аз ҳама қувва ва ё неруи наврасону ҷавонон ва толибилмону донишҷӯён ҳамчун неруи зеҳнӣ ниҳоят зарур аст. Исботи ин масъала мушоҳида шуда, ҳар лаҳза неруи зеҳнии ҷавонон аз ҳар гӯшаву канори дунё бо ихтирооти бемислу монанди худ дар ин ё он самти хоҷагии деҳот ва ҳаёту зиндагии инсони асри навин дарак медиҳад. Баъзе аз навовариҳои технологию илмии толибилмону муҳаққиқони ҷавон боиси таҳсин буда, мушкилии чандинсолаи инсонро ҳал мекунад. Бешубҳа, маълум аст, ки дар ниҳоди насли ҷавон, андеша ва мафкураи тоза вуҷуд дошта, он қодир аст, ки ҷавоби мушкилиҳои зиёди зиндагиро бидиҳад.

Ба ақидаи Арасту “Кӯшиши инсон баҳри дониш ва маърифат ин хислати модарзодии ӯ мебошад”. Яъне дар ин асно гуфтан мумкин аст, ки ҳар як инсон дорои ақлу шуур буда, дар ниҳоди он асрори зиёд нуҳуфтааст. Инсон метавонад бо инкишоф ёфтани майлу завқ ва тасаввуру идрок ба бархе аз саволҳои олами иҳотакардааш, ки дар пешорӯи ӯ истодааст, ҷавоб гуфта тавонад. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки инсон пайваста заҳмат кашида, дар самти маърифат ва дониш аз шинохти худ то ба дарки маънию андеша ва илму амал шабонарӯзӣ ба омӯзиш бипардозад.

Бояд гуфт, ки аҳамияти илм дар ин замон хеле калон буда, он аз замони пешин, яъне як ё ду садсола ба куллӣ тафовут дорад. Барои мисол, агар дастовардҳои асрҳои XIX ё XX-ро ба комёбиҳои илмии замони навин муқоиса намоем, дар ҳақиқат онҳо хеле фарқкунанда буда, мушкилоти ҳаётии инсонро ба таври кофӣ ҳал карда наметавонистанд. Дар раванди азхудкунии шохаҳои илм, яъне донишҳо ба дарки илм наздиктар метавон шуд. Бунёди зиндагии солимро дар ҷомеа худи мо сохта метавонем.

Илм ба маънои дигараш ҷамъ ё системаи донишҳои исботшуда мебошад. Яъне илм дар системаи худ донишҳои зиёдеро муттаҳид сохтааст, ки ҳар яки онҳо дар навбати худ дорои низом ва аҳамияти худ мебошанд. Лекин онҳо бо ҳамдигар дар ҳамбастагӣ қарор доранд. Ба ақидаи баъзе аз олимон имрӯзҳо зиёда аз 15 ҳазор илм дар низоми ҷамъиятӣ мавҷуд буда, дар ҳаёти рӯзмарраи инсон васеъ истифода мешаванд ва ин шумора мунтазам дар ҳоли рушд мебошад.

Роҳи илм беканор буда, ҳар инсоне, ки дар як шоха ва ё дар як ҷузъи он кор мекунад, онро олим метавон ном бурд, зеро ӯ дар ин роҳ ихтироот, дастовардҳо дорад ва муваффақ аст. Лекин фаромӯш набояд кард, ки рисолати олим низ дар ҷомеа бағоят бузургу арзишманд мебошад. Дар назди олим ҳамеша вазифаҳои пурмасъул қарор доранд.

Олимон ҳамеша роҳнамо ва ҳидояткунандаи роҳи рост ва зиндагии орому осуда мебошанд. Агар дар асри XV як одаме, ки ду ва ё се забонро медонист, онро олим мегуфтанд, вале дар ин замон ба як забондон, агарчӣ забонҳои зиёдеро ҳам донад, он шахс олим шуда наметавонад, зеро ки олими асри XXI масъулияти калонеро ба дӯш дорад. Пеш аз ҳама олими замони нав бояд бо офаридаҳояш нафърасони ҷомеа бошад. Ӯ бояд ихтироъ намуда, навоварию дастовардҳо дошта бошад ва кашфиёти беназир карда, ҳама маҳсули заҳматаш ба дарди мардум расидагӣ карда тавонад.

Дар амал татбиқ намудан ва даст ёфтан ба дастовардҳои бесобиқатарини илми замони навро бояд насли созандаи Ватан ҳамаҷониба омӯхтаю дарк намоянд. Дар ин радиф ҷавонони саодатманди тоҷик низ аз ин дар канор набуда, барои расидан ба муваффақиятҳои хубтару беҳтар талош менамоянд.

Албатта, давлату Ҳукумати мамлакати мо барои ин қишри ояндасоз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон вобаста ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: “Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд”.

Ҷавонони даврони истиқлолияти Ватан бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хештаншиносӣ ба роҳи пурпечутоб, мушкилу заҳматталаби илм ворид гардида, барои ояндаи дурахшони Ватан саъй менамоянд. Зеро онҳо ҳамчун ҷавонони саодатманди миллат кишвари ҷавонашонро, ки истиқлоли комилро соҳиб гаштааст, танҳо бо роҳи илм ва пешрафти саноат метавонанд пешрафтаву мутараққӣ намоянд. Ба ин васила аз тамоми унсурҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни миллати тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳимоят карда тавонанд.

Назари Френсис Бекон дар хусуси илм ва дониш хеле ҷолиб аст: “Илм бояд ба ҳаёт ва ба амалия хизмат кунад ва ҳадафи он бояд бештар ба ҳукмронии инсон ба табиат нигаронида шуда бошад”. Аз замони гуфта шудани ин фикр ё назария чандин сол гузашта бошад ҳам, он аҳамияти худро гум накарда, бештар хусусияти хосеро соҳиб гаштааст.

Яъне дар ҳақиқат илм бояд нафърасон ба ҷомеа буда, ҳамеша аз таъсироташ инсонро бархӯрдор намояд. Инсон бояд тавассути илму дониш малакаи касбии худро зиёд намуда, ҳамчун ҷузъи табиат муносибати эҳтиёткоронаи худро ба табиат зоҳир намояд.

Дар раванди амалӣ намудани муносибатҳои илмӣ ба табиат ҳамчун ҷузъи пайвастаи он ва ба ҷомеа ҳамчун инсон нафърасон бошад. Боварӣ дорем, ки ҷавонони мо ба қадри тамоми ғамхориҳои давлату Ҳукумат, махсусан ба қадри заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф расида, ба омӯзиши амиқи илмҳои ҳозиразамон, махсусан илмҳои риёзию дақиқ, ки кишвари мо ба ин гуна мутахассисон эҳтиёҷ дорад, иқдоми қавӣ гузошта, дар ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҳукумати малакат як қатор барнома ва стратегияҳои давлатиро бо мақсади рушди илмҳои муосир дар соҳаи илму маорифи кишварамон мунтазам роҳандозӣ менамояд. Бо амалӣ намудани чорабиниву озмунҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ, ба монандаи озмунҳои фаннӣ дар миёни толибилмону донишҷӯён, озмуни “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фуруғи маърифат” ва дигар озмунҳои мақсаднок ба рушди соҳаи илмҳои риёзию дақиқ ва ихтирооту навоварӣ дар сатҳи муассиса, ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ таъсири муфид мерасонад. Натиҷаи ин аст, ки солҳои охир дастовардҳои илмии ҷавонони мо дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд гашта, корҳои тадқиқотии муҳаққиқони мо дар истеҳсолот амалӣ мегарданд.

Омӯзиши илму дониш метавонад наврасону ҷавононро аз таассубу ихтилоф, аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ ва омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ эмин нигоҳ дошта, дар ташаккули хештаншиносию ватандӯстии онҳо таъсири муфид расонад.

Садриддинов М.М. – н.и.ф.-м., дотсент,

Ғафуров М.Ҳ. – н.и. т., дотсент,

Шарафзода Б.А. – магистри Академияи идоракунӣ.


Ба рӯйхат