НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ КИШВАР

 14.12.2021

Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, бахусус дар кишварҳои даргири олам, бори дигар собит намуданд, ки хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдоргардонии истиқрори сулҳ, новобаста аз он, ки баъзе кишварҳо ва гурӯҳҳои алоҳида барои алангаи он «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ, муаррифии сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ба монанди инҳо, на ба ҳар шахсият муяссар мегардад.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҳамсоя даҳсолаҳои зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор бинобар надоштани шахсияте чун Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва мустақилияти ҷумҳуриҳои он ҳар як давлати ҷавони соҳибистиқлол бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар гирдоби чунин мушкилот қарор гирифт ва хушбахтона бо талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ин мушкилот зина ба зина роҳи ҳалли худро пайдо намуданд. Яке аз проблемаҳое, ки системаи хоҷагии халқ ва мардуми кишвар аз он бештар азият мекашид, канда шудани алоқаи коммуникатсионии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мавсими зимистон ва ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои канории собиқ ИҶШС ба минтақаи ғайритранзитӣ мубаддал гардидани Тоҷикистон буд. Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назди худ яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳонидани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро омили рушди ояндаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ эълон намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 142,6 ҳазор километри мураббаъ дар қисми шарқии Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи пайвасткунандаи шабакаҳои рушдёфтаи нақлиёти Шимол (шабакаҳои нақлиётии Россия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии Халқии Чин бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст.

Тоҷикистон бо долонҳои транзитӣ, ки Аврупо ва Осиёи марказиро бо Афғонистон, Покистон ва Чин мепайвандад, қарор дорад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосӣ барои рушди кишвар тараққӣ додани инфрасохтори нақлиётӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётию транзитӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳо нақлиёт яке аз бузургтарин базаҳои хоҷагии халқ, муҳимтарин қисми инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Коммуникатсияҳои нақлиётӣ ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро бо ҳамдигар пайваст менамояд. Рушди нақлиёт таъминкунандаи васеъшавии соҳаҳои истифодаи захираҳои табиӣ ва истеҳсолоти оммавӣ мебошад. Нақлиёт гуногуншаклии алоқаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи бору маҳсулотро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин менамояд.

Соҳаи нақлиёт тахминан 6-8% ММД-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти нақлиётӣ барои молу маҳсулоти ватанӣ 10-14% арзёбӣ мегардад.

Барои ҳама гуна давлати аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта рушди соҳаи нақлиёт бешубҳа асоси иқтисодиёт ҳисобида мешавад. Имрӯз ҳеҷ гуна истеҳсолот наметавонад бидуни ҳаракати мунтазами ашёи хом, компонентҳо, асбоби меҳнат ва ғайра рушд кунад. Аз ин хотир, системаи нақлиётӣ имкон медиҳад, ки интиқоли саривақтии молу маҳсулот дар муҳлатҳои муайянгардида беталаф таъмин карда шавад.

Дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус самтҳое, ки ба иқтисодиёти кишвар аз ҷиҳати мусбӣ таъсиркунанда ҳисобида мешуданд, марҳила ба марҳила такмил ёфта, ба тиҷорати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва транзитии байналмилалӣ мебошад, замина гузошт.

Чун ҳамеша таҳлили саҳеҳу ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, шароити мураккаби сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, дарки амиқи самтҳои имконпазири рушди устувори ҷумҳуриамон боз як мисоли такмилу инкишофи сиёсати созандаю сафарбаркунанда ва талошҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатамон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва боло бардоштани мақоми байналмилалии ҷумҳуриамон мебошад.

Назаре ба вазъи кишварҳои ҷаҳон, ки гирифтори мушкилотанд, нигарем, рӯзҳои сангини бар сари мардуми мо ҳам омада, пеши назар ҷилвагар мегарданд. Вале мо мардуми хушбахту хушиқбол будем, ки бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманде чун Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар сари қудрат омаду лаҷоми ҷангу хунрезиро гирифта, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин карда, гурезагонро ҷамъ овард.

Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд ва ин бешубҳа аз ободиву осудагии кишвари худ, ки дар тӯли 30 сол ба он шарафёб гардидем, собит менамояд.

Бахусус, дастовардҳои соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ки тавассути заҳмату дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар давоми солҳои истиқлоли давлатӣ бадастомада хеле зиёданд, ки ҳар бор аз онҳо ном мебарем, вале муҳим он аст, ки маҳз ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ки Тоҷикистони мо тавассути роҳ ва пулҳои навсохташудаву эҳёгардида аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба кишварҳои ҷаҳон пайваст гардид.

Мо бояд шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобид. Ӯ бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст, ҷонашро нисор кунад.

Бо ташаббуси Президенти маҳбубамон Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Роҳбари давлат аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути суханрониву пешниҳодоти Президенти Тоҷикистон дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо шиносоӣ пайдо карданд.

Корҳои ба тозагӣ анҷомдодашудаи соҳаи нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла шоҳроҳи “Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин” аст. Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, пойтахти кишварро ба шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шамсиддин Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин” дар идомаи роҳи автомобилгарди “Кӯлоб – Қалъаи Хумб” дар асоси ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ шуд. Ҳадафи асосии сохтмони иншооти мазкур таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фасли сол ва таъмини ҷойҳои корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дарозии умумии роҳи мазкур 32 километрро дар бар мегирад. Дар натиҷа зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандартҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Қисмати роҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад. Масофаи роҳи мошингарди ба истифода додашудаи шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин 26 километр мебошад. Ҳамчунин дар ин самт ба бунёдсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшида шуд.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафту омади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзиш хоҳад ёфт. Мавриди зикр аст, ки давоми 30-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби 217 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ 66,5 километр роҳ ва 40 километри дигар бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ аз тамоми манбаъҳо дар соҳаи нигоҳдории роҳҳо зиёда аз 26 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки дар партави амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат хоҳад кард.

Талошу меҳнати шабонарӯзии роҳсозон ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат буд, ки дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон дар радабандии сифати роҳҳо 20 зина боло баромад ва ин дастоварди басо муҳим аст. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки кормандони соҳа дар рӯзҳои авҷи вабои ҳамагир – Коронавирус ҳам бо риояи қоидаҳои беҳдошт дар сари кор буданд ва барои анҷом додани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо пурмаҳсул заҳмат кашиданд. Дар ин давраи нисбатан вазнин ҳам иродаи нақлиётчиён бешикаст монд. Онҳо муттаҳидтар, ба ҳамдигар мунису ҳамдилтар гаштанд.

Рушди авиатсияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ аст. Боиси ифтихору сарбаландии ин ниҳод аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи авиатсияи граждании кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои мустаҳкам кардани инфрасохтори ин соҳа ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар даврони истиқлол соҳаи авиатсияи граждании кишвар рӯ ба рушд ниҳода, ҷуғрофияи парвозҳо васеъ шудан гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон бо зиёда аз 20 кишвари дуру наздик бо алоқаи ҳавои пайваст шуда, бо зиёда аз 27 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонида, заминаи мусоид барои амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ муҳайё шудааст.

Дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА, 53 лоиҳаҳои гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахши иқтидори техникии соҳа амалӣ шуда, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2138 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харид шудаанд. Имрӯз бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.

Ҳоло дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1674 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ (81 мусофирбар, 104 боркаш ва 36 омехта), 51 терминали мусофирбар, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 889 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Интиқоли байналмилалии автомобилӣ тибқи созишномаҳои дуҷониба бо 16 кишвари хориҷи дуру наздик амалӣ гардида, дар маҷмӯъ дар асоси созишномаҳои байналмилалии интиқоли бору мусофир бо 41 кишвар амалӣ шуда истодааст. Гузашта аз ин, кишвари мо имрӯз аъзои 5 конвенсия ва 4 Созишномаи байналмилалии бисёрҷониба буда, узви комилҳуқуқи барномаю созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН), Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), ТРАСЕКА, ҲИМОМ (ЦАРЭС), долонҳои байналмилалии нақлиётии “Шимол – Ҷануб” (МТК Север – Юг) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мебошад.

Баҳри пешрафти кор ва таҳлили дақиқи нишондиҳандаҳои соҳа масъалаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ба роҳ монда шудааст, ки аз 26 модули рақамикунонӣ 11 модул дар самти нақлиёти автомобилӣ татбиқ мегардад. Ин имкони фарогирии пурраи нишондиҳандаҳои омории соҳа, назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбари истифодаи умумро таъмин намуда, низоми рухсатномадиҳии байналмилалиро ба танзим медарорад.

Дастовардҳои дар замони Истиқлол бадастомадаи соҳаро агар ном барем, хеле зиёданд ва мо ифтихор мекунем, бар он ки ҳамаи ин муваффақиятҳо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозону нақлиётчиён ба даст омадаанд. Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба найрангу назарфиребиҳои як идда кӯрнамакон, ки аз дур ба Ватан санги маломат меандозанд, дода нашавем. Насли ҷавони кишвар, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеаанд, бояд фирефтаи макрҳои сиёсиву идологии гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашаванд. Ҳар як сокини кишвар бояд барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии Ватан талош варзад. Фақат дар фазои амну субот, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, садоқату вафодорӣ ба давлати соҳибистиқлоли миллию озод мо ба дастоварҳои назаррас ноил мешавем. Танҳо бо ваҳдат мо метавонем кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои мутамаддин ва мутараққии ҷаҳон табдил диҳем.

Ашӯрзода А.Н. – декани факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ.


Ба рӯйхат