WI-FI-РОУТЕРҲО ВА ХАТАРИ ОНҲО

 24.12.2021

Технологияҳои нав ҳаёти моро дигаргун карданд. Имкониятҳои моро барои коммуникатсия, кор ва амалан қариб ҳамаи корҳо, ки мо тасаввур мекардем, васеъ намуданд. Бахусус, нақши ниҳоят муҳимро дар ҳаёти мо интернети беноқил (беспроводной интернет) мебозад, ки ба воситаи он мо ба бисёре аз маълумоти муфид даст меёбем.

Wi-fi ҷузъи ҷудонашаванда дар хона, кор, дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷойҳо гардидааст. Бисёре аз мутахассисон Wi-fi-ро “душмани безабон ” ном мебаранд. Далели асосии онҳо оид ба ин ақида ин аст, ки Wi-fi-роутерҳо аз худ радиатсия меафкананд.

Роутер асбобест, ки ба воситаи он аз Wi-fi истифода мебаранд. Мутаассифона, интернети беноқил як қатор камбудиҳо дорад, ки бисёре аз одамон оид ба онҳо маълумот надоранд. Он метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.

Барои чӣ технологияи Wi-fi метавонад зараровар бошад?

Оид ба зарари радиатсияи телефонҳои мобилӣ ва дигар таҷҳизоти электронӣ расонаҳои хабарӣ бисёр маълумот медиҳанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бисёре аз одамон ин хабарҳоро намепазиранд. Ин технология тӯли даҳсолаҳо аз тарафи инсоният истифода мегардад. Барои фаҳмонидани таъсири он ба саломатии инсон вақти зиёд лозим аст. Якчанд тадқиқоти илмӣ гузаронида шудаанд, ки дар онҳо таъсири мавҷҳои электромагнитӣ ба фаъолияти мағзи сар ва системаи организми мо мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Дар маърӯза бо номи Bioiniciative оварда шудааст, ки қариб ду ҳазор тадқиқоти байналмилалӣ алоқамандии байни таъсири афканишоти электромагнитӣ ба организм ва ҳосилшавии омос (опухоль)-ҳоро исбот намудаанд. Ғайр аз ин, афканишот метавонад сабаби дарди сари дарозмуддат, мигрен (дарди ними сар), гиперфаъолият ва вайроншавии хоб гардад. Сигналҳои Wi-fi бештар ба кӯдакон таъсир мерасонад, чунки организми онҳо дар раванди инкишоф аст. Ҳамаи инро таҳлил намуда, чунин давлатҳо, ба монанди Англия, Франсия ва Шветсия Wi-fi-роутерҳоро аз мактабҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва дигар минтақаҳои ҷамъиятӣ мегиранд.

Чӣ тавр метавон таъсири манфиро аз истифодабарии Wi-fi-роутерҳо паст намуд?

Одамоне, ки аз технологияи Wi-fi-роутер истифода мебаранд, бояд тавсияҳоро оид ба паст намудани таъсири манфии радиатсия ба организм иҷро намоянд. Барои паст намудани таъсири манфии Wi-fi-роутер метавон чунин корҳоро анҷом дод:

-хомӯш намудани роутер дар шаб ё вақте, ки онро ҳеҷ кас истифода намебарад;

-агар роутер дар ошхона ё хонаи хоб бошад, кӯшиш кунед, онро ба ҳуҷрае, ки камтар медароед, насб кунед;

-телефони мобилӣ ва компютерро танҳо дар вақти муайян истифода намоед;

-вақти бисёри худро дар ҳавои тоза гузаронед;

-машқҳои ҷисмонӣ иҷро кунед, китоб хонед (на дар шакли электронӣ)...

Ҳар яке аз мо таъсири манфии технологияҳои навинро ба организми худ ва организми одамони наздик метавонем паст намоем. Мо бояд истифодабарандагони бомасъулият ва эҳтиёткори технологияи навин барои бехатарии ҳаёти худ бошем.

Дар хотир доред, ки гарчанде интернети беноқил манфиати зиёд дорад, он метавонад барои саломатии мо хатарнок ҳам бошад. Баробариро нигоҳ доред!

Ниёзов Раҳимҷон – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси 480135Б, факултети нақлиёт.


Ба рӯйхат