Ҷаҳони имрӯза аз нигоҳи сиёсатмадорон замони зудтағйирёбанда ва мураккабу печида арзёбӣ мешавад. Инро ҳамзамон тамоми аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мекунанд ва чунин вазъият боиси ташвишу нигарониҳо шудааст.
Омилҳои мушкилоту печидагиҳои ҷаҳон хеле зиёданд. Аз ҷумла, ҳирсу талоши инсон низ ба ин боис гашта, ки мехоҳад аз дигаре бартар бошад, ҷоҳу ҷалол ва мулку кишварашро васеътар намояд, сарвати бештар ба даст оварад. Баъзе доираҳои манфиатхоҳ барои ба чунин мақсадҳо ноил шудан аз тамоми восита ва роҳҳо, аз ҷумла низоу фитна, ҷангандозӣ, ғасбу юриш ва ғайра истифода мебаранд. Онҳо дарк намекунанд, ки мо ҳама аъзои як пайкарем ва ҳар кас мехоҳад, орому осуда зиндагӣ кунад. Ҳамзамон, онҳо гумон намекунанд, ки рӯзе мукофоти аъмолашонро мегиранд. Дар чунин лаҳазот сатрҳои ҷовидонаю хирадмандонаи Шайх Саъдӣ ба ёд меояд, ки таъкид кардаанд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Вазъи имрӯзаи кишварҳое ба монанди Сурия, Ироқ, Урдун, Фаластин, Либиё ва ҳамсоякишвари мо – Афғонистон далели гуфтаҳои болост. Мардуми ин кишварҳоро чунон ба фитна кашиданд, ки дигар бародар бо бародар меҷангад, ба фитнаю дасиса дода шуда, дӯстро аз душман фарқ намекунад ва ҳеҷ не ки роҳи мушкилоташонро пайдо намоянд.
Мо низ, тоҷикистониён як узви ин ҷомеаи умумибашарӣ ҳастем ва ҳар таҳаввулоту ҳаводисе, ки дар гӯшаю канори замин ба амал меояд, моро низ нороҳат месозад. Бинобар ин, Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронию баромадҳояшон аз хатарҳои замони муосир ёдовар шуда, лидерону сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонро даъват мекунанд, ки барои дарёфти ҳалли мушкилоти мавҷуда, ҳамзистии осоишта ва ҳамкориҳои созанда саъю талош намоянд ва аз мардуми кишвар талаб мекунанд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (26.01.2021) таъкид шудааст: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».
Ин таъкиди Сарвари мамлакат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки ғофилу бетараф набошанд, махсусан калонсолон, зиёиён, омӯзгорон таваҷҷуҳро ба ҷавонону наврасон бештар намоянд. Зеро маҳз онҳо табақаҳои осебпазир маҳсуб меёбанд. Имрӯз омилҳои таъсиргузор барои онҳо хеле зиёд аст. Дастрасии васеи насли наврас ва ҷавон ба шабакаҳои интернетӣ дар бисёр ҳолат ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Чунончӣ, баъзе аз ҷавонон, аз лиҳози камсаводӣ, сарфаҳм нарафтан ба равандҳои сиёсӣ ва ҳаводиси гуногун, бехабарӣ аз арзишҳои созандаю муқаддаси дини мубини ислом зери таъсири таблиғоти гурӯҳҳои тундрав, радикалӣ ва ифротӣ мемонанд ва роҳгум мезананд. Бинобар ин, набояд роҳ дод, ки ҷавонон қурбони сиёсатбозию фитнаҳо шаванд. Ин нукта айни ҳол мунтазам дар расонаҳои хабарии кишвар ва ҷаласаю ҷамъомадҳои гуногун пайваста таъкид мегардад.
Бо назардошти андешаҳои боло, ки мухтасар баён гардиданд, дар раванди таваҷҷуҳ ба ҳаёти ҷавонону наврасон, махсусан дар таълимгоҳҳои миёна ва касбию олӣ, зимни таълиму тадриси илмҳои замонавӣ, ҳамзамон онҳоро дар рӯҳияи худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардан зарур аст. Яке аз нависандагони намоёни Фаронса Антуан де Сент-Экзюпери навиштааст, ки “Аввал оилаатро ба тартиб ор, сипас сайёраро”. Дар ҳақиқат, тарбияи ватандӯстӣ аз оила сар мешавад ва зина ба зина дар раванди таълиму тарбия дар кӯдакистону мактаби миёна, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ такмил меёбад.
Умуман, агар мо ҳар чӣ бештару беҳтар кори илму маориф, тарбияи насли босаводу хушахлоқ ва ҷомеаи бомаърифатро ба роҳ монему муваффақ шавем, пояҳои давлату давлатдорӣ ҳамон қадар мустаҳкаму пойдор мешаваду аз хатарҳои гуногун эмин мемонем. Дар асл мо – тоҷикон мардуми сулҳпарвару бомаърифатему ба қадри сулҳу дӯстӣ, оромӣ ва зиндагии осоишта, баробарию бародарӣ мерасем.
Ин нукта чанде пеш зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар «Рӯзи дониш» (1.09.2021) садо дод. Вобаста ба шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки «...моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем».
Коллективи факултети нақлиёт.