Пас аз пароканда шудани давлати абарқудрати Шӯравӣ соли 1991 ҷумҳуриҳои таркиби он истиқлолияти давлатии худро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун давлатӣ демократӣ, дунявӣ ва ягона мустақил гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми имкону кӯшиши худро баҳри таҳким бахшидан ба пояҳои илму маориф равона намуда, ба рушди соҳаҳои муҳими кишвар диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки «Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ин суханҳои хирадмандона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати милливу таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун чашмаи илму маърифат, ки он беканор аст, маншаъ мегирад.
Маориф ҳамчун шоҳсутуни давлату миллат гӯем ҳам, хато намекунем. Сарвари давлат баҳри рушди соҳаи маориф тамоми имкониятҳои моддиву маънавиро дар ин шоҳроҳ равона намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки наврасону ҷавонон ҳар чӣ бештар илмҳои замонавиро аз худ намоянд. Пешвои миллат дар ҳар як мулоқоташон ба толибилмон рӯй оварда, таъқид менамоянд, ки дар баробари забони давлатӣ дигар забонҳои хориҷиро низ аз худ намоянд.
Дар як Паёмашон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа менамоянд, махсусан соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати рушди соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ин сиёсати хирадмардонаест, ки ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳама бунёдкориҳо дар соҳаи маориф бешак ба рушди таълиму тарбия, донишандӯзии наврасону ҷавонон, омӯхтани техникаву технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мавқеи махсусро касб кардааст. Ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат соҳаҳои илму маорифро ҳамчун яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ самти афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаро роҳандозӣ намудааст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 3884 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо фарогирии 2 033900 нафар хонанда фаъолият менамоянд. Рушди зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, то имрӯз дар самти бунёд кардану ба истифода додани мактабҳои наву замонавӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Агар ба омори сохтмон ва ба истифода додани биноҳои таълимӣ аз соли 1991 дар ҷумҳурӣ нигарем, ҳамасола зиёда аз 100 муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки чунин миқдор муассисаҳои таълимиро ҳатто дар замони собиқ Шӯравӣ сохта нашудаанд.
Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбие, ки дар даврони истиқлоли кишвар дар ҷумҳурӣ то соли 2020 сохта ва ба истифода дода шудаанд, 2866 ададро ташкил медиҳанд (расми 1 ва 2).
Расми 1. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбие, ки аз соли 2000-ум то соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуданд.
Расми 2. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбие, ки аз соли 2011-ум то соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудданд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 1-уми сентябр Рӯзи дониш қайд мегардад. Иштироки бевоситаи Президенти кишвар бо кушода гардидани биноҳои таълимӣ дар Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Соли равон дар шаҳри Душанбе бинои чорошёнаи замонавии Гимназия №4 барои кӯдакони лаёқатманд, ки пурра ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй аст, барои 1400 нафар хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Ногуфта намонад, ки тамоми биноҳоеи ба истифода додашаванда дорои кибхонаҳои электронӣ, толори хониш, синфхонаҳои лингофонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои физикию химиявӣ, майдончаҳои варзишӣ, чойхона ва дигар утоқҳои хизматрасонӣ мебошанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки тамоми тарбиятгирандагони даврони истиқлолият бо шароити хуби таълимӣ таъмин мебошанд.
Дар даврони Шӯравӣ ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошт. Имрӯз бошад, аллакай шумораи он аз 32 адад гузаштааст. Имрӯзҳо бошад, дар 42 муассисаҳои таълимӣ, Академияи миллии илмҳо ва дигар академияҳои соҳавӣ пешбурди фаъолияти таълимӣ роҳандозӣ гардида, ҳамчунин дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 адад муассисаҳои таълимии хусусӣ фаъолият менамоянд.
Ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки барои ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат, манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намоянд, муқаддасоти миллиро қадр намоянд, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонанд ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоянд.
Коллективи факултети сохтмон ва меъморӣ.