Энергетика ҳамчун омили демографӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба муносибати тарафайни давлатҳо таъсир намуда, дар аксари ҳолатҳо сиёсати як қатор мамлакатҳоро муайян карда, нақши боз ҳам муҳимтарро хоҳад бозид.
Маълум аст, ки на камтар аз 93% масоҳати ҷумҳурӣ дар баландиҳои зиёда аз 600-700 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, ба ақли солим қобили қабул аст, ки мувофиқати релефи сарзамини кӯҳсори аз захираҳои обӣ дар қатори мамлакатҳои бойтарини ҷаҳон ҷойдоштаро дар навбати аввал истифода барем.
Вобаста ба мушкилот ва дастрасӣ ба истифодаи об, аз ҷумла нарасидани оби ошомиданӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” қабул гардида, аз рӯйи ин масъала соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он комёб шуд, ки неругоҳҳои Сангтӯда-1 (670 МВт), Сангтӯда-2 (220 МВт), Маркази гармию барқи Душанбе-2 (400 МВт), агрегати 1-уми НБО Роғун 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми ин неругоҳ 9-уми сентябри соли 2019, НБО Помир-1 (28 МВт) ва зиёда аз 280 адад НБО-ҳои хурд ва дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1500 МВт тавоноии навро ба даст орад. Ба истифода додани Маркази гармию барқи Душанбе-2 ва эҳёи шабакаи гармирасонии шаҳри Душанбе боиси таъмини хубтари деҳоти ватанамон бо энергияи электрикӣ гардид.
Дар баробари ин бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220-500 кВ, ба монанди “Ҷануб-Шимол”, “Айнӣ-Панҷакент”, “Лолазор-Хатлон” “Қайроққум-Ашт” амалӣ гардида, ба сохтани хатти интиқоли барқӣ, ба истилоҳи CASA-1000 бо бунёди зеристгоҳи конверторӣ санги асос гузошта шуда, дар назар аст, ки интиқоли энергияи электрикии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ арзон дар неругоҳҳои навини бунёдшавандаро ба дохил ва кишварҳои ҳамсояи дуру наздик интиқол диҳад ва ин манбаи пешравии саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги кишварҳои минтақа мегардад.
Ҳамзамон зеристгоҳҳои барқӣ ба мисли “Норак 500-220”, “Регар-500” ба пуррагӣ навсозӣ шуда, таҷдиди НБО Норак, Сарбанд, Қайроққум ва азнавсозии элементҳои як қатор шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ идома доранд, ки сол ба сол боэътимод гардидани таъминоти хоҷагии халқ бо энергияи электрикӣ шоҳиди ин мебошад.
Амалисозии нақшаҳои зикргардида сутунмуҳраи мустаҳками иқтисодиёт шуда, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро пурра таъмин намуда, зербинои гузаштан ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне гузаштан ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ хоҳад шуд.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати беандоза бузурги сохтмонҳои азиму гаронқимати соҳаи энергетикаро пурра дарк намуда, бо иродаю матонати хос ба тамоми фишорҳои бисёрҷониба нигоҳ накарда, тавонист, ки дар арсаи байналхалқӣ барои давом додани сохтмони неругоҳи Роғун ҷонибдорӣ ёбад, то ки он бо нишондоди пешбинишуда бо сарбанди бузургтарини баландиаш 335-метра, иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи энергия 13,4 миллиард кВт·соат сохта шавад.
Захира намудани оби дарёи Вахш дар обанбори Роғун, ба монанди обанбори Норак, ҳамчунон боиси боэътимодтар шудани таъминоти обёрии заминҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя хоҳад шуд, ки ба ҳоли ҳозир доир ба ин масъала ҳамдигарфаҳмии пурра мавҷуд аст.
Айни замон таъминоти обии соҳаи зироати Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарфи назар аз обдории сол, танзим мегардад.
Ҳамин тавр сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҷумҳуриамон ва бунёди обанборҳо дар дараҳои танги кӯҳӣ моро аз зарари зиёди бухоршавӣ халос карда, ба иқлим, экологияи муҳити атроф таъсири ҳадди аққал расонида, имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерую об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд.
Ин ҳал инкишофи на фақат бахши саноати иқтисодиёт, балки зиёдшавии тавлидоти зироатро таъмин карда, амнияти хӯроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким бахшида, дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафи Рушди ҳазорсола такони зиёд мебахшад.
Султонова Сабрина – донишҷӯйи курси 3-юми г. 270101-10, факултети энергетикӣ.