РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

 05.02.2022

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба низоми нав – демократӣ рӯ овардан ва дар ин замина ташаккул ёфтани парламенти касбӣ дар кишвар ҳар сол Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Дар Паёми имсола, ки бо иштироки тамоми вакилони палатаи болоии парулмон, муовинон, сарвазир, роҳбар ва кормандони Дастгоҳи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон, роҳбарони СММ, Шуъбаҳои иттифоқӣ ва САҲА баргузор шуд, моҳият ва хусусиятҳои хоси сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муқаррар шуд. Паёми Сарвари давлат мустақиман дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар паёми хеш натиҷаи соли сипаришударо ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои соли пешоянд муайян кард. Сол то сол аз паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум мегардад, ки Ватани азизи мо рушду нумуъ намуда, дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳо ноил гашта истодааст, ки ҳамаи он самараи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ мебошанд. Чун Тоҷикистони азизи мо аз паём то паём дар ҳоли рушду нумуъ аст, паёми имсола аз паёмҳои пешин бо як қатор хусусиятҳои хоси худ фарқкунанда буд. Чӣ хеле ки Пешвои миллат қайд карданд, “Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад”. Аз ин рӯ ҷавононро, махсусан унвонҷӯёнро, ки захираҳои бузурги илмию зеҳнии ояндаи давлату миллати хеш маҳсуб меёбанд зарур аст, ки сиёсати Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри боз ҳам мустаҳкам гардидани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ дар ҷаҳду талош бошанд ва миллати худро бо силоҳи беҳтарин, яъне хираду дониш мусаллаҳ намоем.

Ҳамчунин Пешвои миллат дар соли 2022 масоили нави калидӣ барои мақомоти кишварро ба таври мушаххас иброз намуданд. Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарачанде ки паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Вақте паёми Сарвари давлатро аз нигоҳи сохтору шакли давлатдорӣ ва функсияи давлат дар назди шаҳрвандон таҳлил менамоем, маълум мегардад, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии давлат дар асоси ин таҳлилҳои муқоисавӣ бармеояд. Ба коҳиш ёфтани даромади буҷа нигоҳ накарда, афзоиши талаботи маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва инчунин дигар хароҷоти пешбинишуда, буҷети давлатӣ барои соли 2021 бознигарӣ шуда, бо нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид гардиданд. Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2021 зиёда аз 6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 80 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳамчунин маълум гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ якчанд чораҳои муҳим андешидааст. Махсусан, дар даврони истиқлол 14000 оила ба ҷойи истиқоматӣ таъмин шуда, 158 гектар замин ба мардум тақсим карда шудааст. Ҳамчунин 87 баробар музди маош ва 80 баробар нафақапулӣ зиёд карда шуд.

Бо эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун “Соли рушди саноат” бояд дар кишвар зиёда аз 1000 корхонаи истеҳсолӣ бо фарогирӣ аз 500 ҳазор ҷойи кори доимӣ ташкил карда шавад.

Дастовардҳои истеҳсолӣ-иқтисодӣ имкон фароҳам овард, ки дар саросари кишвар зиёда аз 18300 ҳазор иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷойи кори нав муҳайё гардид.

Вобаста ба сисилаи ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд. Дар паёми имсолаи Сарвари давлат бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти мамлакат кишоварзӣ мебошад. Дар ин самт бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза Президенти кишвар иброз доштанд, ки минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд. Мазмун ва муҳтавои паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои соли 2022 бори дигар шаҳодати сиёсати мардумсолорӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили паёми имсола инъикосгари он аст, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани ҷойгоҳи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саноаткунонии мамлакат маҳсуб меёбад, дар паёми Пешвои миллат ба таври хеле барҷаста раванди амалӣ гардидани он инъикос шудааст. Масъалаи саноаткунонии кишвар дар маркази паёми имсолаи Пешвои миллат қарор дошта, роҳи минбаъдаи рушди он ба таври мушаххас муайян шудааст. Чӣ хеле ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид”.

Ҳамчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Президенти кишвар супориш доданд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва омода кардани мутахассисони дорои малакаи баланди истифодаи технологияҳои муосири дорусозӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешанд.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар паёми хеш Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум масъалаи зиёд намудани маблағи нафақа ва идрорпулии докторантонро матраҳ намуд.

Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод. Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад. Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст.

Ҳамин тариқ, паёми навбатии соли 2021 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз баромади Сарвари давлат чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ҳар як сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии паёми мазкур ин инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он арзишҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ инъикос ва тараннум гардидаанд.

Асоев Комрон – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.


Ба рӯйхат