ТАТБИҚИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ - БАРОМАДАН АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ: ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

 10.09.2021

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коммуникатсияи нақлиётӣ - ин роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан ва обӣ, пулу нақбҳо, хатҳои ҳавоӣ ва аэродромҳо, гузаргоҳҳои паромӣ, бандаргоҳҳои дарёгӣ ва баҳрӣ, терминалҳо, низом ва воситаҳои таъмини барқ, сигналдиҳӣ, алоқа ва идораи ҳаракат, инчунин дигар иншоотҳое, ки ҳангоми боркашонӣ, мусофирбарӣ ва интиқоли боғочҳо, аз он ҷумла иншоотҳое, ки барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии воситаҳои техникӣ мебошад.

Дар даврони истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо ёфтанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардид ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гашт.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тадбиқи ҳадфаҳои стратегӣ дар шароитҳои начандон сабуки иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофии Ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ва мувофиқи талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва санадҳои байналмиллалӣ ҳалли худро ёфтааст. Бешубҳа, ҳалли масъалаҳо оид ба стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои то солҳои 2030, ки дар асоси муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон “Дар бораи пешгуи, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар мувофиқа бо ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятноки рушди мамалакат, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррар гардидааст, аҳамияти таърихӣ ва беҳамто дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии якдилонаи ин сиёсат аз тарафи мардуми шарафманду бофарҳанги Ҷумҳурӣ амалӣ гаштааст.

Дар ин ҷода аҳли илму фарҳанг ва маориф, эҷодкорон, муҳандисону толибилмон, кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз як  гиребон сар бароварда, ҳар яки онҳо бо дастовардҳои назаррас барои ояндаи ватани азиз ҳиссагузорӣ намудаанд.

Дар арафаи 30 солагии Истиқлоият Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки сатҳи зиндагии шоистаи мардумро таъмин карда метавонад.

Ин дастовардҳои беназир дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла дар натиҷаи баромадани Ҷумҳурӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ амалӣ гардиданд. Бо вуҷуди ҷой доштани монеаҳои зиёд ва дар шароитҳои начандон мусоид Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ бомуваффақият ва сарбаландона баромад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест соҳибистиқлол дар Осиёи миёна, ки баромад ба уқёнусро надорад, аз рӯи тавсифи релефаш мамлакати куҳсор буда, баландиҳои муталақи қаламрави он дар аз сатҳи баҳр аз  300 то 7495 метрро ташкил медиҳад.

Релефи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шартан ба ду гуруҳ тақсим кардан мумкин аст: ҳамвор ва куҳӣ (ҷадв.1)

Ҷадвали 1

Сохтори релефи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Релеф

Баландӣ аз сатҳи баҳр

Ҳамвор

даштҳо

200 ...500 м

паҳнкуҳҳо

зиёда аз 500 м

Куҳсор

куҳҳои паст

500 ... 1000 м

миёнакуҳҳо

1000 ... 2000 м

баландкуҳҳо

зиёда аз 2000 м

 

Дар асоси тадқиқотҳои Пажуишгоҳи геология, сохтмони зилзилатобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки наздики 70%-и қаламрави кишвар ба мавқеи баландкуҳ тааллуқ дошта, дар баландиҳои зиёда аз 2000 а аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Маълум аст, ки 93%-и қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон куҳсор аст, аниқтараш дорои релефи куҳӣ мебошад. Ин амри воқеъи санҷидашуда буда, маънои онро дорад, ки 93%-и қаламрави Ҷумҳурӣ дар баландиҳои зиёда аз 500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар асоси тадқиқотҳои Пажуишгоҳи Геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки 6,92 %-и қаламрави Ҷумҳуриро даштҳо ташкил медиҳанд, боқӣ ҳама ба куҳҳои паст, куҳҳои баланд ба баландкуҳҳо мансубанд.

Ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баландиҳои то 1000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир ҳаст, наздики 18%-ро ташкил медиҳад. Мавзеҳое, ки дар баландиҳои аз 1000 то 1500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд барои ҳаёт ва фаъолияти гуногуни хоҷагидарӣ хуб мусоидат менамоянд. Минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурӣ, ки дар баландиҳои аз 2000 то 4000 аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд (масалан, қишлоқи қирғизнишини Аличур дар баландии 4000 м аз сатҳи баҳр чойгир аст) барои фаъолияти хоҷагидарӣ умуман мусоид мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масоҳат хурдтарин кишвар дар Осиёи миёна ба ҳисоб рафта, дар он раҳҳои автомабилгард тахмин 32 ҳаз. км тул мекашанд. Аз ин 14 ҳаз. км роҳҳо дар тобеи Вазорати нақлиёт қарор дошта, боқӣ 18 ҳаз. км - ин роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. Профили ҷамъбастии роҳҳои автомобилгарди таъиноти умумӣ дар ҷадв. 2 оварда шудааст.

  Ҷадвали 2

Профили ҷамъбастии роҳҳои автомобилгарди таъиноти умумӣ, ки дар тобеи Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

 

Роҳи

Дарозӣ

км

%

Аҳамияти маҳаллӣ

8719,1

61,4

Аҳамияти Ҷумҳуриявӣ

2128,7

15,0

Аҳамияти байналмиллалӣ

3350

23,6

Ҳамагӣ, шабакаҳои роҳҳои автомобилгард

14198

100

 

Зичии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (наздики 100 км/км2) дар сатҳи Ҷумҳуриҳои Қирғизистон (95 км/км2) ва Узбекистон (бештар аз 100 км/км2) қарор дорад. Бо вуҷуди он, ки дар  минтақаи Осиёи миёна яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад, вале дар миқёси ҷаҳонӣ ин нишондиҳандаҳо пасттар аз меъёр мебошад (ҷадв. 3).

Ҷадвали 3

Зичии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ п/п

Страна

Масоҳат

Аҳолӣ

Зичии роҳҳои

Аҳамияти байналмиллалӣ

Таъиноти умумӣ

км2

млн. одам

км/ҳаз. км2

км/ҳаз.одам

км/ҳаз. км2

км/ҳаз.одам

1

Тоҷикистон

143100

8873669

23,41

0,38

99,2

1,6

2

Қазоқистон

2 717300

19091949

4,5

0,64

32,5

4,6

3

Қирғизистон

198500

5964897

21

0,70

94,8

3,2

4

Туркманистон

488100

5528627

4,5

0,4

49,2

4,3

5

Узбекистон

447400

30565411

13,2

0,19

100,2

1,5

6

Россия

17098242

141722205

-

-

53,1

6,4

7

Фаронса

640294

67848156

31,9

0,30

1606,20

15,2

8

Белгия

30528

11720716

480,3

1,25

5044,90

13,1

9

ИМА

9371175

332639102

10,6

0,30

698,5

19,7

10

Чин

9596961

1394015997

14,4

0,10

417,7

2,9

 

Бо вуҷуди ин, барои кишвари Тоҷикистон, ки дорои релефи  куҳсор шароити вазнини истифодабарии нақлиёт мебошад, ин дастоварди хеле бузург ба ҳисоб меравад.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди роҳҳои автомобилгард, ки дар баландиҳои то 1000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, бо шиддатнокии зиёд истифода бурда  мешаванд ва самаранокии баланди истифодабарии нақлиётро таъмин менамоянд.

Новобаста аз ин, зичии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон начандон баланд аст, вале зичии роҳҳои автомобилгарди дар шароити баландкуҳ истифодашаванда яке дар ҷойҳои баландтаринро на танҳо дар минтақа, ҳатто дар ҷаҳон ишғол менамояд (ҷадв.4).

Ҷадвали 4

Тақсимоти роҳҳои автомобилгарди таъиноти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҷойгиршавӣ дар баландиҳо аз сатҳи баҳр

 

Таъиноти роҳ

Во-ҳиди ченак

Дарози роҳҳои атомобилгард

дар баландиҳо аз сатҳи баҳр

Ҳамагӣ

аз 300 то 500 м

аз 500 то 1000 м

аз 1000 то 2000 м

аз 2000 то 3000 м

аз 3000 то 4000 м

аз 4000 то 5000 м

Байналмиллалӣ  

км

582

400

1394

197

496

237

3306

%

4,1

2,8

9,8

1,4

3,5

1,7

23,3

Ҷумҳурявӣ

км

506

484

500

487

118

-

2095

%

3,6

3,4

3,5

3,4

0,8

-

14,7

Маҳаллӣ

км

1098

1970

2125

1560

952

1092

8797

%

7,7

13,9

15,0

11,0

6,7

7,7

62,0

Ҳамаги роҳҳои таъиноти умум

км

2186

2854

4019

2244

1566

1329

14198

%

15,4

20,1

28,3

15,8

11,0

9,4

100

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғарб ва шимолу ғарб бо Ҷумҳурии Узбекистон, дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин ва дар ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Бо ҳамаи мамлакатҳаои ҳамсарҳад коммуникатсияи нақлиётӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Имрузҳо кишвари мо бо Узбекистон ва Афғонистон тавассути роҳҳои автомобилгарди дар баландиҳои аз 300 то 1000 м аз сатҳи баҳр пайваст мебошад, бо Қирғистон ва Чин бошад, тавассути ағбаҳои баландкуҳи «Кизил Арт» ва «Кулма» робита дорад, ки дар баландиҳои 4282 ва 4362 м аз сатҳи баҳр қарор доранд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдтар аз 200  ағба вуҷуд дорад, ки баландии мутлақи онҳо хеле гуногун ҳастанд. Пасттарин ағба – ағбаи Дандошикан буда, баландии мутлақи он ба 384 м баробар аст. Ағбаи баландтарин Ямг ба ҳисоб меравад, ки баландии он 5376 метрро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии  ағбаҳо тахмин 20%-и онҳо ағбаҳои куҳӣ ба шумор рафта, боқӣ 80%-и онҳо ағбаҳои баландкуҳ мебошанд, ки баландии 8 - тои аз ин ағбаҳо зиёдтар аз 5000 метрро ташкил медиҳад.

Хусусияти хоси шароитҳои Чумҳурии Тоҷикистон, ки барои баланд бардоштани самаранокии коммуникатсияи нақлиётӣ монеа эҷод менамояд бо сохтори шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди дорои зичии зиёди ағбаҳои куҳӣ ва баландкуҳ вобаста мебошад.

Аз ин схема бар меояд, ки пойтахти Чумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ҳамаи минтақаҳои кишвар ва мамалакатҳои ҳамсарҳад, инчунин минтақаҳои Ҷумҳурӣ байни ҳам тавассути ағбаҳои куҳӣ ва баландкух пайваст мебошанд.

Аз таҳлилҳои овардашуда маълум мегадад, ки Чумҳурии Тоҷикистон дорои шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди душворгузар буда, зиёда аз 15%-и роҳҳои автомобилгард дар ҳамвориҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Тахмин 50%-и роҳҳои автомобилгард дар шароити куҳсор  ҷойгир мебошанд.  Боқимонда 35% -и роҳҳои автомобилгард дар шароити баландкуҳ қарор дорад.

Бо вуҷуди ин, бояд қайд намуд, ки дар шароити рушди иқтисодиёт ва тағйирёбии мавқеи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самарнокии истифодабарии нақлиёт сиёсати дурандешона ва аз нуқтаи назари консептуалӣ асосноккардашуда дар соҳаҳои гуногуни нақлиёт бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии Ҷумҳурӣ ва нақши он дар низоми нақлиётӣ зарур мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ҷойгиршавии роҳҳои автомобилгард барои тавсиф додани шароити мураккаби истифодабарии роҳу  нақлиёт ва аниқ намудани меъёрҳои энергетикӣ, моддӣ, иқтисодӣ ва дигар хароҷотҳо мусоидат менамояд.

Бо вуҷуди душвор будани шароитҳо барои тадбиқи ҳадафи стратегӣ- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз омилҳои муҳимтарини рушди устувор ба шумор меравад, дар 30 соли истиқлолият корҳои бузурги аҳамияти таърихӣ дошта иҷро шудаанд, ки ин ҳама аз шарофати истиқлолият, аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдилии мардуми кишвар ба даст омадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи сиёсии худ да ҷаҳон имкониятҳои энергетикӣ, моддӣ ва ақлонию фарҳангии беназир дорад ва бо боварии комил метавон гуфт, ки дар солҳои наздик ба яке аз мамлакатҳои пешрафта ва мутараққӣ мубаддал мегардад.

 

Давлатшоев Рашид Асанхонович - декани факултети нақлиёт, номзади илмҳои техникӣ, дотсент.


Ба рӯйхат