ЭЪЛОНИ БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ – ПОЯИ РУШДИ КАСБИ МУҲАНДИСӢ

 08.04.2022

Илмҳои техникӣ қонуниятҳои равандҳо ва ҳодисаҳоеро меомӯзанд, ки барои ба даст овардан ва ё истифода бурдани захираҳои табиӣ, эҷод намудани дастгоҳҳову таҷҳизоти замонавӣ равона шудаанд. Ин илмҳо маҷмӯи донишро доир ба хусусиятҳо ва таъсири байниҳамдигарии шохаҳои дигар фанҳо, таъсири онҳо ба ҷамъият дар арсаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва муҳити зист дар бар мегиранд.

Оре, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва беҳтар намудани шароити зисти одамон асоси рушди ҷамъият ва муваффақияти он дар самти пешравии тамаддун мебошад. Пешравии илмӣ-техникӣ ва иҷтимоӣ бо аз худ намудани фанҳои физика, риёзӣ, геометрия ва амсоли инҳо алоқаманд аст.

Пешравиҳои илму техника дар натиҷаи заҳмати ҳаррӯзаи кормандони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омада, дар якҷоягӣ асоси ҷаҳиши инқилобии техникӣ мешавад, ки нишони он тағйирёбии куллии воситаҳои истеҳсолот ва технология мебошад.

Инкишофи соҳаҳои нав бо муваффақиятҳо дар илми физика, радиотехника, биологияи молекулярӣ, нанотехнология ва ҳоказо алоқаманд аст.

Пешравиҳо дар автоматикунонӣ ва электрикунонии истеҳсолоту техникаи нақлиёт, ҳамчунон барои тағйироти ҳозираву ояндаи инқилобӣ ин илмҳо ниҳоят муҳиманд, ки дар навбати худ ба раванди инқилоби илмӣ-техникӣ таъсири бузург дорад.

Инкишофи босуръати дилхоҳ мамлакат дар асоси истифодаи мошинҳои комили автоматӣ идорашаванда, ки меҳнати ҷисмонӣ ва ғайриэҷодии ақлониро иваз менамоянд ва афзудани маҳсулнокии меҳнат имконпазир мегардад.

Пойдевор ва ё таҳкурсии илмҳои техникӣ риёзиёт, физика, автоматика ва воситаҳои техникаи ҳисоббарор буда, дар пайвастагӣ бо дигар фанҳои илмӣ зич инкишоф меёбанд.

Азхуд намудани ин илмҳо ва фанҳо асоси рушди касбҳои муҳандисӣ мегарданд.

Нақши муҳандис (инженер) дар ҷомеаи тараққикарда бузург буда, пешравии тамаддун дар наздашон масъалаҳои наверо мегузорад, ки сатҳи донишу малакаи баланди ихтисосиро талабад менамояд. Барои ҳамин ҳам бо мурури вақт муҳандисон на фақат дар пайи иҷрои барномаҳои рӯз, ҳамчунин бояд ба касбу меҳнаташон эҷодкорона муносибат дошта бошанд, чунки боз ҳам баландтар шудани нақши онҳо пешбинӣ шудааст (масалан, дар ҷумҳуриамон эълон намудани соли 2010 чун Соли илму фарҳанги техникӣ), ки ин тасдиқ исботро тақозо надорад.

Дар шароити муосир, ки мамлакатҳои дорои иқтисодиёти пешрафта нақшаи истифодаи васеи нанотехнологияро дар истеҳсолот доранд, нақши муҳандис масъулиятноктар ва эҷодкоронатар шуда, маънои ибтидоиашро соҳиб мешавад (яъне эҷодкор, ихтирокор).

Дар оянда, ки ба ӯҳдаи воситаҳои электронии ҳисоббарорӣ – компютерҳо корҳои бисёртарро мегузоранд, имкони боз ҳам васеътари кори эҷодии муҳандисон ба вуҷуд меояд.

Ин имкон медиҳад, ки муҳандисон дастовардҳои илмиро дар муддатҳои кӯтоҳтарин дар истеҳсолот татбиқ намуда, маҳсулнокии меҳнатро афзун намоянд ва он омили баланд шудани некуаҳволии халқ мегардад. Муҳандисон бояд мутахассисе бошанд, ки эҷодкорона, ба дараҷаи баланди илмӣ ва техникӣ масъалаҳои дар пешашон гузоштаро ҳал намоянд.

Муҳандиси ҳозиразамон бояд дорои малакаи ташаккулёфтаи эҷодии мустақили техникӣ гашта, ҳалли масъалаҳои техникию иқтисодиро ҳамаҷониба таҳлил карда, ба назар гирифта тавонад.

Ҳамин тавр пояи асосии касбҳои муҳандисӣ дуруст ба роҳ монии омӯзиш ва азхуд намудани фанҳои табиӣ ва риёзист. Дарки дурусти омӯзиш ва дар сатҳи зарурӣ донистан ва истифода бурдани ин фанҳо ба шахс, имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими муҳандисиро ба таври умум барои ояндаи  наздику дур ҳаллу фасл намоянд.

Нуқтаи назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди 20-солаи омӯзиши фанҳои табиӣ ва риёзӣ саривақтӣ буда, он ба пешрафти соҳаҳои муҳандисӣ такони ҷиддие хоҳад бахшид. Ҳамзамон дар баробари рушди фанҳои муҳандисӣ Ҳукумати кишвар ба ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ноил хоҳад гардид, чунки гузариш аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ маҳз талаби муҳандисони баландкасбро тақозо менамояд.

Ин иқдом ва ин амал на фақат ба пешрафти соҳаҳои муҳандисӣ таъсири мусбӣ мерасонад, балки ба бахши саноати иқтисодиёт таҳким бахшида, дар навбати худ кишвари моро ҷиҳати аз худ намудани захираҳои табиӣ бо дастрасии технологияи навин ҳидоят менамояд ва ба рушди иқтисодиёти миллӣ роҳнамо месозад. Ин ҳадаф рушди чандин солаи илмҳои муҳандисиро таъмин мекунад.

Вобаста аз бедор шудани шавқу рағбати хонанда нисбат ба омӯзиши фанҳо ва интихоби касбу ҳунар фаъолияти ӯ дар мактаб дар аз худ намудани фанҳои риёзӣ ва табиӣ ва истифодаи донишҳои андӯхта дар оянда дар кори муҳандисӣ низ мақсадноктару маҳсулноктар мегардад.

Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи омӯзгорӣ таваҷҷуҳи беназир зоҳир гардида, ҳамзамон бо назардошти рушди иқтисодиёти миллӣ ва имкониятҳои давлат маоши кормандони соҳаи маориф рӯ ба афзоиш дорад. Умед ба он дорем, ки ин иқдомҳои Пешвои миллат рӯз аз рӯз афзун гардида, нуфузи омӯзгор дар ҷомеа аз ин ҳам боло хоҳад рафт.

Дар бисёр мавридҳо мушоҳида мегардад, ки барои интихоби касб ба хонандагон падару модар кӯмак мерасонанд ё дар ҳолатҳои дигар худи волидайн маҷбуран ба фарзандон касб интихоб менамоянд. Дар интихоби касб бояд шавқу рағбати хонанда ба назар гирифта шуда, ба мустақилияти интихоби он монеъ эҷод карда нашавад. Эҷоди монеа ба фарзанд таъсири манфӣ расонида, истеъдоди воқеии он пурсамар инкишоф намеёбад.

Ҳамзамон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри устод – омӯзгор расида, дар тарбияи насли наврас, ба хусус фарзандони худ бетарафӣ зоҳир нанамуда, ҷиҳати омӯзиши онҳо барои касбу ҳунар беъэтиборӣ накарда, ба исрофи вақти ҷавонии онҳо роҳ надиҳанд.

Вақти он расидааст, ки омӯзгор рисолати пуршарафи худро дар назди ҷомеа аз рӯйи дарку масъулият иҷро намояд ва дар баробари ин сегонаи ба ҳам пайвастаи аз ҳамдигар бевосита алоқаманд, яъне мактаб – волидайн – ҷомеа қарзи худро дар назди давлату Ватан адо намоянд.

Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми январи соли 2021 шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Гузашта аз ин, аз шумораи умумии Стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад.

Ин муҳаррикест барои рӯ овардани хонандагон ба омӯзиши ин фанҳо.

Умед ба он дорем, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ як нақшаи мукаммали корӣ дар самти омӯзиши ин фанҳо бо назардошти бароҳмонии озмуну олимпиадаҳои гуногун таҳия гардида, дар амалишавии рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ ҳар як фарди тоҷикистонӣ саҳми худро хоҳад гузошт, ки ин боиси пешравии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон гашта, инъикосгари муҳандисони эҷодкор ва шахсиятҳои навовари миллати мо дар арсаи ҷаҳон хоҳад шуд.

Қасобов Л.С. – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Ба рӯйхат