Санъати меъмориву шаҳрсозии Тоҷикистон дар замони истиқлол

 11.09.2021

    Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон     

 

     Санъати меъмориву шаҳрсозӣ аз қадимулайём, яке аз ҷабҳаҳои муҳимтарини муаррифгари сатҳи тамаддун, маърифат ва тафаккури тарихиву ҷамъиятии ҳар як халқу миллат мебошад.  Ба  ин масъалаи ниҳояти мубраму муҳими рушди ҷомеъаи муосир, болоравии бемайлони санъати меъмории тоҷиконаи Ватани маҳбуб, ки таъриху анъанаҳои миллии ҳазорсола дорад, аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷиддӣ ва эҷодкоронае дода мешавад.

     Дар 30 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди манотиқи гуногуни кишвар садҳо биноҳо ва иншооти гуногун таъиноти муосир бунёд гардидаанд, ки чанде аз онҳо на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз нуқтаи назари меъмориву шаҳрсозӣ ниҳоят ҷолибу нодир ва нотакрор мебошанд.

     Дар қатори иморатсозии шаҳрӣ ба сохтмон ва ободонии  деҳот, ки он зиёда аз 70 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро дар бар гирифта,  аз миқдори умумии аҳолии мамлакат, 73 дарсад аҳолии деҳотро ташкил  медиҳад, аз тарафи роҳбарияти олии кишвар аҳамияти ҷиддие дода шуда истодааст.

     Барои вусъат бахшидан ба рушди инфрасохтории деҳот, иқдоми муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

     Тавассути Паёми мазкур Сарвари давлат роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро муайян сохта, барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои истиқоматӣ, марказҳои саломатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои маъмурӣ-маишӣ, роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори хоҷагидорӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ба масъулин ва мутахассисони соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

     Бояд зикр намуд, ки барои амалӣ гардонидани ҳадафи гузошташуда, яке аз вазифаҳои ниҳоят мубраму ҳалкунанда, омода намудани кадрҳои баландихтисоси ватании соҳаи меъмориву сохтмонӣ, ки бевосита дар сохтмони биноҳо ва иншоот дар мамлакат фаъолият менамоянд ба ҳисоб меравад.

     Ташаккули шахсият ҳамчун мутахассис - меъмори оянда бевосита аз  истифодаи васеъи воситаҳои муосири технологӣ дар раванди маълумоти олии касбӣ ва захираҳои маънавии шахсият вобастагии бузург дорад. Дар ин раванд бояд ягонагии максадҳои умумидавлатӣ ва шахсии маълумот ба пуррагӣ таъмин карда шуда, васоит ва натичаҳои тарақӣ ва рушди ҳадафҳои шахсӣ, қиммат ва манфиатҳо дар ҳамбастагӣ бо ташакулли мафҳуми масъулияти гражданӣ оиди натиҷаҳои фаъолияти ояндаи тахассусии шахсият пешбинӣ гардад.

     Ташаккулёбии бомувафақияти тахассусии шахс дар ҳолате ба даст меояд, ки дар раванди таълиму тарбия бештар ба омилҳои аҳамияти давлатӣ ва ҷамъиятии фаъолияти ояндаи тахассусӣ эътибори хоса дода шавад.

      Ҳалли масъалаҳои гузошташударо дар самтҳои зерини фаъолияти касбӣ ба даст овардан имконпазир мегардад:

  1. Омода сохтани ҷаҳонбинии фалсафавии ҷавонон, ёрӣ расонидан дар муайян намудани маъно ва арзиши ҳаёт, пеш бурдани фаъолият дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда.

     Тарзу усул, восита ва шакҳои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ инҳоянд: истифодаи методҳои интерактивӣ («Микрофони озод», «Мизҳои мубоҳисавӣ»); машваратҳои ҳуқуқӣ оиди таҳлили масъалаҳои мубрами рӯз («Иҷрои қонуният ва озодии интихоб», «Педагогикаи муносибатҳои миллӣ»); гузаронидани вохуриҳои махсус («Ман – шаҳрванди Тоҷикистон», «Шарафи сарбоз»); ташкили «мизи мудаввар» («Манбаҳои  маданияти маънавӣ», «Арзишҳои умумихалқӣ ва миллӣ»); намоиши кинофилмҳои беҳтарини таърихии тоҷикӣ.

  1. Ташаккули маданияти сиёсӣ, малакаи муқобилият намудан нисбати ҳаракатҳои номатлуби сиёсӣ, диннӣ ва экстремистӣ дар байни ҷавонон. Шакл ва воситаҳои асосӣ: гузаронидани сӯҳбату вохурӣ ва музокираҳо бо донишҷӯён («Дастовардҳои миллӣ», «Меҳанпарастӣ», «Бойгарии мадании Тоҷикистон» ва диг.), шиносоӣ бо фаъолияти макомотҳои маҳаллӣ ва олии давлатӣ.
  2. Баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён нисбат ба худмуккамал гардонии сатҳу сифати тафаккури шаҳрванд, интихоби роҳи дурусти фаъолияти инфиродии касбӣ. Инкишофи шахсӣ бо роҳи ҷалб намудани донишҷӯён барои иштирок дар машваратҳои илмию оммавӣ дар мавзуъҳои шаҳрвандӣ, дар озмӯнҳои тахассусӣ ба воситаи гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар рафти иҷрои кору лоиҳаҳои курсию дипломӣ. Таҳияи маводҳои методӣ бо ҷалби донишҷӯён барои амалӣ намудани корҳои тарбиявӣ доир ба масъалаҳои тарбияи шаҳрвандӣ.

   Омӯзиши таҷрибаи ватанию ҷаҳонии тарбияи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки дар шахсияти донишҷӯён ҳисси хештаншиносию ватанпарварӣ, ташаккули тафакури миллӣ ва байналмиллӣ, муносибатҳои байналмиллӣ ва тарзи самарабахши ягонаи тарбияи ҷавононро таъмин намояд.

      Масъалаҳои тарбияи худогоҳии шаҳрвандии меъморони оянда низ, дар чорчӯбаи сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

    Яке аз равияҳои аввалиндараҷа дар тарбияи  хештаншиносии шаҳрвандии ҷавонон дар макотиби олӣ, ташаккули маданияти ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин амал дар натиҷаи  кори ҷиддию мунтазам метавонад ба даст ояд, чунки шаҳрванди содиқи Ватан бояд қонунҳои давлатро муккамал донад, таъриху газаштаи ватанро эҳтиром карда, масъалаҳои сиёсию иқтисодиро дар сатҳи зарурӣ дарк намояд.

    Дигаргуниҳое, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳони муосир ва Тоҷикистон ба назар мерасад, моро водор менамояд, раванди таълиму тарбияи ҷавононро дар сатҳи нави сифатан баланд ба роҳ гузорем.

    Вазифаи аввалиндараҷаи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи меъморӣ бунёди маҷмӯъи шароитҳои беҳтари омӯзиши донишҷуёнро дар бар мегирад, ки онҳо  дар оянда барои бомувафақият дар ҷаҳони арзишҳои олӣ дошта фаъолияти тахассусӣ карда тавонанд. Дастпарвари мактаби олии муосири меъморӣ бояд на танҳо дониши муккамал ва тафаккури  баланди  касбӣ дошта бошад, балки дорои хуссусиятҳои дигар, фикрронии мунақидона,   истеъдоди баланди фаъолият наму-дан дар шароити воқеии иҷтимоӣ, амалӣ сохтани фаъолияти мустаъқилона ва соҳиби ҳисси ҷавобгарии шахсӣ низ бошад.

    Дар амалӣ намудани  вазифаҳои дарпешгузошташуда, дар ташкилу мундариҷаи тарбияи шаҳрвандии чавонон ба назари мо метавонад истифодаи воситаҳои лоиҳкашии меъморӣ низ нақши арзандае дошта бошад.

    Бояд қайд намуд, ки санъати меъморию шаҳрсозӣ, дар рушди таърихии Точикистони кӯҳанбунёд нақши назаррасе бозидааст ва имрӯз низ, яке аз омилҳои асосии ташаккули шахс ҳамчун шаҳрванди ватандусту содиқ ба ҳисоб меравад. Меъморӣ ба  тафакури шаҳрвандӣ ва худшиносии чавонон бо роҳҳои гуногун метавонад таъсир расонад. Аз ҷумла: бо анъанаҳои бисёрасраи меъмориву сохтмонӣ дар ороиши биноҳо, меросиҳои меъмории таърихӣ, дар тарҳрезии маҳалҳои аҳолинишин, ҳудудҳои саноатию рекреатсионӣ; ба воситаи дар лоиҳаҳои меъморӣ таҷҷасум ёфтани анъана ва унсурҳои миллӣ ва ниҳоят дар муносибати одамон ба санъати меъморию шаҳрсозӣ (тачдиду барқарорсозии бино, иншоот ва ёдгориҳо, бунёди биноҳои таъиноти гуогун дошта бо фармоиши давлату ҷамъият ва диг.).

    Меъмор намояндаи соҳаи эҷодию бадеъӣ ба ҳисоб рафта, бо муносибати худ нисбати муҳит ва санъат, бо шавқу рағбати хеш одамони дар гирду атроф бударо тарбия менамояд, мафҳумҳои зебоипарастиро ба онҳо мефаҳмонад. Аз нуқтаи назари меъмор, мафҳуми зебогӣ ҳиссиёти одамизод мебошад ва ӯ ҳамоҳангии муҳити берунаро дарк намуда ҳамзамон қонунҳои ҷаҳони вокеъиро инъикос менамояд. Ӯ дар вақти эҷод намудани асари меъмории худ ба як ҳиссаи ҷудонашавандаи маданияти давраи муайян ва ё ягон халкият мубадал гашта, дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмон манфиати шахсро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷамъият муаррифӣ менамояд (бо талаботи психологӣ ва эстетикӣ). Ҳамин тариқ фаъолияти меъмор аз чорчӯбаи сатҳи лоиҳакшию сохтмон берун наомада, аслан ба фаъолияти гуманитарӣ табдил меёбад.

     Миқёси воридшавии меъмор ба ҳаёт метавонад гуногунҷабҳа бошад, масалан аз ороиши дохилии бинои истиқоматии инфиродӣ то як ҳудуди беандоза калони манзилии минтақа. Дар ҳама ҳолат   нақши иҷтимоию мадании ӯ ҳамавақт якранг муҳим боқӣ монда, моҳияти камолоти ҷаҳонбинӣ ва ҳиссиёти тахассусии меъмор аз арзишҳои олии иҷтимоию тамаддунӣ ба ҳисоб меравад.

     Ҳамзамон, санъати меъморӣ на фақат бо ҷаҳони тамаддун алоқаманд мебошад, балки худ як порчае аз он аст. Меъмор дар раванди бунёд намудани муҳити моддию фазогӣ, ба воситаи он метавонад ба тафаккури одамон ва муносибати онҳо таъсири ҷиддӣ расонад. Ин вазифаи меъмор, ӯро аз дараҷаи намудҳои санъати амалии эҷодӣ берун меорад ва чунин таъиноти санъати меъмориро санъати созандагӣ номидан аз эҳтимол дур намебошад. Меъморӣ дорои қонуният ва хуссусиятяҳои худӣ мебошад, ки он дар доираи тамаддуни таърихии махсус, аз давраҳои қадим сар карда то имрӯз пешрав ва воқеъӣ аст.

     Масъалаи номбурда, яке аз масъалаҳои ниҳоят ҷиддӣ ва ҳалталаби имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, барои ҳаллу фасли дурусти он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хоса дода мешавад.

   Натиҷаи ҳамин ғамхориву фидокориҳо буд, ки ҳоло бо сайъу кӯшиш ва талоши меҳанпарастонаи меъморону мутахассисони соҳа, дар давраи на чандон калони таърихӣ, санъати меъмориву шаҳрсозии таърихан куҳану мазмунан муосири  тоҷик ба дастовардҳои назаррасу муҳим соҳиб гашта, дар арсаи байналмилалӣ як мавқеъи назаррасеро ишғол менамояд.

   Меъросиҳои таърихии меъмории чандинасра ва биноҳову иншооту муосиру ҳозиразамони дар ҳудуди мамлакат бунёдшуда маҳз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз назари ҷаҳониёнро ҳарчи бештару бештар ба худ ҷалб менамоянд.

    Дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳазорҳо иншооти гуногунтаъйинотаи муосир бунёд гардидаанд, ки чанде аз онҳо на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз нуқтаи назари меъмориву шаҳрсозӣ ниҳоят ҷолибу нодир ба ҳисоб мераванд. Чунончи, маҷмаъаи меъмории “Исмоили Сомонӣ”, боғи Парчам ва Нишони миллӣ, Кохи Миллат, силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ дар хиёбони А. Рӯдакӣ ва С. Айнии шаҳри Душанбе ва даҳҳо дигарон таҷассумгари навгониҳои илмиву амалии соҳаи меъмории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, онҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои бунёдгаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи рушди меъмориву  шаҳрсозии миллии тоҷик бунёду роҳандозӣ гардидаанд. Ҳоло бошад, бахшида ба ҷашни ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли оянда баргузор мегардад, дар сарораси мамлакат садҳо бинову иншооти замонавию тозабунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд.

    Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба меъморону бинокорони кишвар имкон додаст, ки онҳо ғояҳои шаклан ва мазмунан миллии тоҷиконаи худро дар асарҳои меъмории ҷавобгӯ ба талаботи сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ роҳандозӣ намоянд.

      Яке аз дастовардҳои назарраси саъати меъмории даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бунёд гардидани бузургтарин маҷмааи ҳукуматии  Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.  Дар тарҳрезӣ ва бунёди он беҳтарин анъанаҳои меъморӣ-бадеӣ ва таърихии санъати меъмории тоҷикон бо дарназардошти талаботи муосири раванди шаҳрсозӣ гирд оварда шудааст. Кохи Миллат аз ҷиҳати аниқии бастакории меъмориву бадеӣ, таносуби ҳаҷму андозаҳо, мавҷудияти толорҳои хурду калони барҳаво, осорхонаву китобхона ва дигар ҳуҷраҳои гуногунтаъинота  аз нуқтаи назари меъмориву шаҳрсозӣ ва функсионалӣ воқеан, ҷолибу фарқкунанда мебошад.

     Кохи Миллат маркази бастакории маҷмааи бузурги меъмории шаҳри Душанбе буда, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҷмааи меъмории мазкур аз Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами Миллӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое иборат мебошанд, ки симои меъмории пойтахти Тоҷикистонро боз ҳам зебову дилрабо гардонидаанд.

     Бе сабаб нест, ки  бинои Кохи Миллат дар рӯйхати "10 қасри бошукӯҳи президентӣ" дар веб-сайти англисизабони "TheeStle" ворид гардида, аз нуқтаи назари нафосати меъморӣ дар ҷойи дуюм, танҳо баъд аз Қасри сафеди шаҳри Вашингтон меистад.

      Бояд қайд намуд, ки дар симои меъморӣ-бадеии Кохи Миллат ғояи ягонагии анъанаҳои меъмориву шаҳрсозии Шарқу Ғарб моҳирона мавриди амал қарор дода шудааст. Аз ин ҷо, ҳар як шаҳрванди ватандусти  Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад дар симои Кохи Миллат, шахсан хусусиятҳои маданияти волои меъмориву шаҳрсозии миллати тоҷик ва дастоварҳои назарраси соҳаро дар асри 21 эҳсос намояд.

      Моҳи сентябри соли 2018 дар пойтахти ватани маҳбубамон ш. Душанбе вохурии сарони давлатҳо, аъзоёни Иттиҳоди давлатҳои мустаъқил (ИДМ) баргузор гардид, ки раисии онро Раиси Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба душ доштанд.

     Дар қатори  17 қарори дар ҷаласа қабулгардида, оиди 2 лоиҳаи гуманитарӣ, яке оиди дар соли 2021 амалисозии Барномаи байнидавлатии “Пойтахти маърифатии Иттиҳод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре эълон гардидани соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ”  қарорҳои ҷаласа ба имзо расиданд. Дар натиҷа маркази маърифати Иттиҳод, шаҳри Душанбе ва соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ”  эълон карда шуда, ба ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчиёни ИДМ баҳри амалисозии онҳо дастур пешниҳод гардид.

     Қабул гардидани ин  қарорҳои ниҳоят мубраму саривақтӣ дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ меъморону бинокорон ва мутахассисони соҳаро бетараф гузошта наметавонад. Мо  бояд баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинҳои пешбинишуда саъйю кӯшиш ба харҷ дода, тамоми неруву малакаи худро ҷиҳати амалисозии нақшаҳои дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат дар рушду нумуъи соҳаи меъмориву шаҳрсозии Ватани маҳбубамон равона созем.

Мудири кафедраи “МБваИ”-и

ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ,

доктори меъморӣ, и.в.проф.                                                  Н. Ҳасанов 


Ба рӯйхат