БАРОМАДАН АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ

 19.04.2022

e07d4c45       

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори  ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021  баён доштанд, ки ...”Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”.

Дар солҳои  аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо сабабҳои ноустувории сиёсӣ ва иктисодӣ 80 фоизи инфрасохтори системаи нақлиётӣ корношоям гардида буд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва танзиму назорат бо қарори Ҳукумати кишвар 27 июли соли 1998 дар назди Вазорати нақлиёт Инспексияи нақлиётӣ (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт) таъсис дода шуд. Дар самти амалигардонии сиёсати созандагии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат аз соли 2000 cap карда стратегияи махсуси рушдии комплекси нақлиёт то соли 2025 қабул гардид, ки натиҷаҳои ин стратегия имрӯз баръало дида мешаванд.

Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо мардуми сарбаланди кишвар ба ин ҳадафи стратегӣ ноил шудем. Боиси тазаккур аст, ки ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ барои маҷмааи нақлиётӣ дар амалисозии ин ҳадаф нақши назарраси худро тавассути хатмкардагони ин даргоҳи илму техника гузошта истодааст.

Иддае аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.

        Ба кишвари транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти  иқтидорҳои транзитгузаронии он чун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳадафҳои рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. 

Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди кишвар ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд. 

Дар бобати таҷдиди фурудгоҳҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳоло Тоҷикистон дорои чор фурудгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд) мебошад.

Масъалаи дигар – беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин хотир дар сохторҳои марбута (нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан) дигаргуниҳо сурат гирифтанд, назди онҳо вазифаҳои нав гузошта шудаанд.

     Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба рушди шабакаи роҳҳо тақвият бахшида, ҷиҳати амалӣ шудани ин  ҳадафи стратегии кишвар мусоидат менамояд.          Вобаста ба рушду равнақи сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, маблағҷудокунии буҷавӣ барои нигоҳдории роҳҳо, ҷиҳати таъмини ҳаракати пайваста ва бехатари воситаҳои нақлиёт низ дар ин давра тамоюли пайвастаи рушдро касб намудааст.

       Тайи ин солҳо бо дастгирӣ ва ғамхории ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ намудани лоиҳаҳои  инвеститсионӣ ва инчунин маблағгузориҳои буҷавӣ, иқтидорҳои техникии соҳаи нигоҳдорӣ мустаҳкам гардида, арсаи техникии  муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо куллан нав шуданд. Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард зиёда аз 60 адад техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардидаанд, ки зиёда аз 37,3% техникаю таҷҳизоти дар мувозинаи муассисаҳо қарордоштаро ташкил медиҳад.

        Дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали ҳадафи стратегии рушди кишвар, яъне раҳоӣ додани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар мамлакат бунёд гардидани шабакоти воҳид ва таъминкунандаи равобити нақлиёти дохилӣ ва баромадан ба кишварҳои ҳаммарз, нишондиҳандаҳои асосии  хизматрасониҳои нақлиётӣ тадриҷан рушд ёфта, тамоюли пайвастаи рушдро касб намудаанд.

Маълумот оид ба ҳаҷми мусофирбарӣ (млн. мусофир) тавассути ҳама намуди нақлиёт дар солҳои 1991-2019 ва нимсолаи якуми соли 2020[1]

Нишондодҳо

СОЛҲО

1991

1995

2000

2005

2010

2015

2016

2017

2018

2019

6 моҳаи

якуми 2020

-автомобилӣ

398,2

89,5

122,8

380,5

527,2

553,1

560,7

582,2

602,5

648,9

287,2

-барқӣ

63,2

28,3

27,4

16,5

10,9

10,2

10,9

11,1

10,6

21,4

8,4

-роҳи оҳан

1,1

0,6

1,0

0,7

0,6

0,4

0,5

0,5

0,5

0,5

0,2

-ҳавоӣ

2,1

0,3

0,2

0,5

0,8

0,8

0,8

0,9

0,8

0,7

0,1

ҲАМАГӢ:

464,6

118,7

151,4

398,2

539,5

564,5

572,9

594,7

614,5

671,5

296,0

 

Дар шароити ҷойгиршавии ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% -и масоҳати онро куҳҳо ташкил медиҳад, истифода ва рушди нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт афзалият дорад.

Бо мақсади ҳимояи бозори нақлиёти ватанӣ, соддагардонии амалиётҳои гумрукӣ, инчунин барои баланд бардоштани иқтидори транзитии  воситаҳои нақлиёт оғоз аз соли 2007 ба бунёди терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ ва сохтмонҳои марказҳои логистикӣ  диққати махсус дода шуда, дар ин давра 9 адад терминали замонавии байналмилалии боркашонӣ, ки аз онҳо 3 адад терминалҳои фосилавӣ ва 6 адад терминалҳои наздисарҳадӣ дар гузаргозҳҳои Сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя бунёд гардидаанд. Ҳамзамон, дар самти хизматрасонии мусофирбарӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар 5  адад терминали ҳозиразамони мусофирбарӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар самти ҳамлу нақли байналмилалии бор зиёда аз 25 адад ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳамкорӣ бо 3 Ассотсиатсияҳои байналмилалии автомобилии боркашонӣ (АВВАТ, АIATT ва ЛТ) дар асоси созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаю бисёрҷониба бо 40 кишвари хориҷи дуру наздик ҳамлу нақлро амалӣ карда истодаанд.

Мақом ва ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан, дар интиқоли байналмилалӣ  бору мусофирон зиёд мебошад ва боиси қайд аст, ки соҳа дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли рушди пайвастаро касб намудааст.

Дар даврони Истиклолият роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб соли 1999 ба истифода дода шуд. Дарозии умумии роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб               132 километр буда, дар ин масир 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал сохта шудааст.

Шурӯъ аз соли  2018, пас аз тафоҳумҳои  бо ҷониби кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бадастомада, тамоюли коҳишёбии нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бору мусофирон тавассути роҳи оҳан боздошта шуда, натиҷаҳои тамоюли рушдро касб намудаанд. Нишондиҳандаҳои соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 24,6% гардиши бор 39,3% мусофирбарӣ 10,1% ва гардиши мусофирон 9,4% зиёд гардиданд.

Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар дар ин давра дар самти нақлиёти роҳи оҳан сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ сохта шудааст, аз ҷумла ба муносибати ҷаншни 25 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар (соли 2016) қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб бо дарозии  умумии  40,7 км (3 нақб бо дарозии 3643 метр, 8 пул бо дарозии 683,2 метр)  сохта ба истифода дода шуд.

Дар умум дар даврони Истиқлолият зиёда аз 200 км хати роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳими донишгоҳ аз давраи арзи ҳастияш то кунун ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлол мувофиқ кунонидани фаъолияти илмию таълимӣ ва омодакунии мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони соҳаи коплекси нақлиёт ба шумор меравад.

Бо мақсади амалӣ намудани ин масъалаи басо муҳим айни ҳол дар донишгоҳ факултети “Нақлиёт” ва факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” фаъолият мекунанд. Дар факултетҳои мазкур кафедраҳои “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт”, “Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ”, “Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ”, “Сохтмони роҳ, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ”, “Истифодабарии нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти ҳавоӣ” фаъолият доранд, ки мутахассисони соҳаи нақлиётро омода мекунанд. Олимон ва пажуҳишгарони соҳаи нақлиёти донишгоҳ саҳми худро дар рушди маҷмааи нақлиётии кишвар тавассути иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва тадқиқоти илмӣ гузошта истодаанд.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки олимон ва пажуҳишгарони соҳаи нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати ояндабинонаву бунёдкорона ва ҳидояту сарпарастии пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи худро тавассути тадқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои муҳандисӣ дар оянда низ хоҳанд гузошт.

 

[1] Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба рӯйхат