АКСИЯҲОИ ЭҶОДӢ – ҲАМЧУН ОМИЛИ МУАРРИФКУНАНДАИ ПОЙТАХТ

 20.04.2022

Имрӯзҳо, ки фасли баҳори нозанин танинандоз аст, боғҳои фарҳангии шаҳри зебою дилорои моро сар то сар гулпӯш намудааст. Ҳамаи ин зебоӣ ва гулу гулзор, иморатҳои баландошёна ва боҳашамат, муаррифгари фарҳанги миллии мо мебошанд ва Тоҷикистони азизи моро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.

Ҳамаи ин зебогии Душанбешаҳр аз нигоҳи раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ беканор намондааст. Бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар тӯли қариб ду сол мешавад, ки дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе, ба мисоли Куруши Кабир, А.Рӯдакӣ, С.Айнӣ, А.Дониш, А.Навоӣ, ки ҳамавақт зебою дилороянд, “Аксияи эҷодӣ” –ро бо иштироки  донишҷӯёни равияҳои меъморӣ ва дизайн ба  роҳ мондаанд, ки аз тасвири гулҳои тару тоза ва меъмории кишварамон донишҷӯён баҳравар шуда, ба худ ғизои маънавӣ мегиранд.

Дар аксия донишҷӯёни равияи меъморӣ ва дизайни факултети “Сохтмон ва Меъморӣ”-и донишгоҳи мазкур фаъолияти босамар доранд. Гузаронидани чунин “Аксияҳои эҷодӣ” дар ботини ҷавонон ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ ва ба қадри зебоиҳои Ватан расиданро меомӯзонад. Мақсад аз тасвири табиати зинда, яъне гузаронидани дарсҳои кушод дар муҳити сабзи табиат, тасвир намудани зебогии табиат ин ба эҷодкорон пеш аз ҳама илҳоми тоза бахшида, онҳоро бо табиат наздик мекунад, ранги табиӣ ва аслии  табиатро аз нигоҳи эҷодкор мебинанд ва болои авроқи сафед тасвир менамоянд.

Ҳамзамон, ҳамаи он шаҳрвандоне, ки дар боғҳои гулпӯши Душанбешаҳр ҳамарӯза сайру сайёҳат мекунанд ва аз бӯйи муаттари гулҳо баҳравар мешаванд, онҳо низ бо дидани чунин манзараи рангини донишҷӯёни эҷодкор бо худ як кайфияти эҷодӣ гирифта, худашонро дар дунёи рангин ва афсонавӣ тасаввур мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории чунин “Аксияҳои эҷодӣ” на танҳо баланд бардоштани фарҳанги зебоипарастии ҷавонон, балки пешгирӣ кардани ҷавонон аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар ҷаҳони муосир мебошад.

Аз ин бармеояд, ки моҳияти гузаронидани чунин дарсҳо дар ҳавои кушод ва равшании табиӣ на танҳо маҳорат ва истеъдоди ҷавонони эҷодкорро зиёд мекунад, балки маҳорати касбии онҳоро сайқал медиҳад. Инчунин, таъсири он барои аз худ  намудани фанҳои тахассусӣ дар раванди таълим ва барои васеъ намудани тахаюллоти онҳо мавқеи хосса дошта, роли муҳимеро мебозанд.

Аз ин лиҳоз, ба рассомону эҷодкорон аз замонҳои қадим то инҷониб рӯзҳои махсус ва ҳафтаҳое ҷудо карда мешавад, ки онҳоро бо табиат наздик мекунад. Онҳо дар рушноии табиӣ ва дар шароити табиӣ, яъне ба кӯҳу пушта рафта ҳафтаҳо, моҳҳо бо эҷодкорӣ машғул мешаванд ва тахаюллоти эҷодии худро бою рангин мекунанд.

278077817_7702847186406943_6614462529550028181_n278116518_7702847413073587_7071626444687906996_n

Лаҳзаи корӣ бо донишҷӯёни равияи 600101-09 “Дизайни муҳити меъморӣ”

дар шаҳри Душанбе, боғи “Куруши Кабир”.

АксияАксия.jpg-1

Лаҳзаи корӣ бо донишҷӯёни равияи 600101-09 “Дизайни муҳити меъморӣ”

дар шаҳри Душанбе, боғи “Куруши Кабир” ва боғи С. Айнӣ.

Эмомова Фирӯза – и.в. мудири кафедраи “ДММваТ”, номзади меъморӣ, и.в. дотсент.


Ба рӯйхат