ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲ ДАР БОҒИ КУРУШИ КАБИР

 09.06.2021

Рӯзи шанбе – 5-уми июни соли 2021 дар боғи Куруши Кабири пойтахт бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барномаи фарҳангии худро баргузор намуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ ансамбли “Муҳандиси ҷавон”-и донишгоҳ бо барномаҳои ҷолиби фарҳангии худ баромад намуд.

Боиси ёдоварист, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар боғи Ирам ва боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ низ чунин барномаҳоро донишгоҳ баргузор намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат