ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ ЗАН - МОДАР

 25.08.2025

ГАВҲАРИ ЯКТОӢ МОДАР!

Таҳти ин унвон санаи 5-уми марти соли 2025 ба ифтихори бузургдошти “Рӯзи Зан - Модар” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ Ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, раёсати донишгоҳ, фаъолзанони собиқадори донишгоҳ, кулли занону бонувон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар ифттитоҳ намуда, вобаста ба қудрату азамати Зан-модар суханронӣ намуданд.

Тавре зикр гардид ҳамасола дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор дар кишвари азизамон ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар таҷлил мегардад. Фарорасии ин ҷашни мубораку пуршукуҳро ба тамоми занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагиро орзу менамоям.

Боиси сарфарозии шумо занону бонувон аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занону модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад. Воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи Замин мебошад. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ дар фазои тантанавӣ як қатор кормандону омӯзгорон ва кормандони бахши хоҷагидорӣ ҷиҳати заҳмати содиқона ва фаъолияти садоқатмандонаи беолоиш бо ифтихоромаҳо қадрдонӣ шуданд.

Сипас баҳри болидарӯҳии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 


Ба рӯйхат