АКСИЯИ ТАБРИКОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

 25.08.2025

ФАЙЗИ ҲАСТӢ АЗ ВУҶУДИ МЕҲРУБОНИ МОДАР АСТ
 
Таҳти ин унвон субҳи 5-уми марти соли 2025 бо ташаббуси бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Аксияи табрикотӣ ба муносибати бузургдошти "РӮЗИ МОДАР" баргузор гардид.
 
Дар ҷараёни аксия кормандони бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарон ва аҳли раёсати Донишгоҳ бонувони муассисаро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, барояшон дар кору фаъолият муваффақияту сарбаландӣ ва дар зиндагӣ хушбахтиву хушрӯзгорӣ таманно намуданд.

Ба рӯйхат