МЕҲРГОН – РАМЗИ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУ МУҲАББАТ

 17.10.2025

МЕҲРГОН – РАМЗИ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУ МУҲАББАТ

 
Нимаи дуюми рӯзи 17 октябри соли равон дар факултети механикӣ ва технологӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бо иштироки мудири кафедра Шарофзода Э.У., муовини декани факултети механикӣ ва технологӣ Саидзода Б.С., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯёни курсҳои аввал семинари илмӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Меҳргон – рамзи фаровонӣ ва меҳру муҳаббат” баргузор гардид.
 
Баҳриддин Саидзода семинарро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арқи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Дар идома Эраҷ Шарофзода вобаста ба шукуҳу шаҳомати ҷашни Меҳргон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу бракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳи шаҳомати хоса инъикос менамояд. Маҳз бо талошу заҳмати ин марди нексиришт, имрӯзҳо тамоми расму оинҳои аҷдодиамон умри дубораро ба худ гирифта, мардуми сарбаланди тоҷикро бори дигар ба иттиҳоду якдилӣ даъват намудааст.
 
Дар баробари ин, Меҳргон ҳамчун як ҷашни маънавӣ, дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим мебозад. Он ба ҷавонон ғизои маънавӣ мебахшад, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба замин ва арҷгузорӣ ба заҳмати мардум ҳидоят менамояд. Арҷгузорӣ ба чунин ҷашнҳо маънои пос доштани фарҳанги ниёгон, эҳёи ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳоро дорад.
Дар охир байни донишҷӯён саволу ҷавобҳои ҷолиб оид ба пайдоиш ва хусусятҳои ин ҷашни миллӣ баргузор гардид.

Ба рӯйхат