ЧОРАБИНИИ ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН БА ҶОЙҲОИ КОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 11.06.2021

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чорабинии тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойҳои кории ояндаи онҳо доир гардид.

Субҳи барвақт дар ҳавлии бинои донишгоҳ бо ташаббус ва дастгирии раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Дар ин ярмарка корхонаву муассисаҳои ҳудуди чор ноҳияи пойтахт ширкат карда, ба корҷӯён беш аз 2500 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуданд, ки маоши миёна онҳо аз 900 сомонӣ бештар буд.

Дар ин қатор аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ низ маҳсули дасти донишҷӯён ва ихтирооти навоварон ба намоиш гузошта шуд.

Баъдан дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ намояндагони муассисаву ташкилоти корфармо – Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе (намоянда – сардори раёсат – Баротзода Б.Х.), ҶДММ “Ваҳдат-текстайл (намоянда – сардори шуъбаи кадрҳо – Юсупова М.), ”ҶСК “Тоҷик-Эйр” (намоянда – сардори хадамот – Хоркашев Д.Х.), Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (намояндагон – муовини директор оид ба таълим – Қиматбӣ Элназар, муовини директор – Азимов Х.Ҳ., сардори шуъбаи кадрҳо – Сангов С.А.), мактаби №75-и ноҳияи Фирдавсӣ (намоянда – омӯзгор – Асророва Қ.А.), “Роҳи оҳани Тоҷикистон” (намоянда – муҳандис – Аҳмадбеков Ф.Ш.), Тоҷикгидроэлектромонтаж (намоянда – сардори раёсати кадрҳо – Бӯрибоев Б.), ККВД “Троллейбус” (намоянда – сардори шуъбаи кадрҳо – Рашидова Н.К.) бо донишҷӯёни хатмкунандаи имсолаи донишгоҳ вохӯрӣ доир намуданд.

Маҳмадизода М.М. – муовини аввали ректори донишгоҳ, муовин оид ба таълим дар рафти ҷаласа доир ба хусусиятҳои хоси раванди таълим ва пайвастагии он бо истеҳсолот сухан ронда, нақши робитаи зичи раванди таълим дар донишгоҳ ва истеҳсолотро зарурӣ шуморид. Инчунин аз корхонаҳои истеҳсолӣ хоҳиш намуд, ки дар доираи имкониятҳо дар такмили ихтисоси устодони таълимдиҳандаи тахассусҳои донишгоҳ мусоидат намоянд.

Меҳмонон ҳар яке доир ба фаъолияти муассисаву корхонаи худ маълумот дода, хатмкунандагонро ба кори доимӣ даъват намуданд.

Рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндагони васеи ВАО ба навор гирифта шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат