ҶИЛВАИ ҲУНАР ДАР ЛИБОСИ МИЛЛӢ

 22.10.2025

ҶИЛВАИ ҲУНАР ДАР ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Бо мақсади гиромидошти фарҳангӣ миллӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо ташаббуси бахши кор бо занони раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақша – чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, маърифат ва фарҳанги либоспӯшӣ миёни донишҷӯдухтарон, ин навбат бо иштироки донишҷӯдухтарони факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора дар фазои тараннуми ватандӯстиву таҷассуми фарҳангӣ миллӣ баргузор гардид.
 

Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишонаи зебопарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Ҳар як миллат ва давлат либоси миллии худро дошта бо он ифтихор менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда сокинони саодатманди кишварро ба ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

 
Таърих гувоҳ аст, ки занону модарони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат, ҳифз ва нигоҳдорандаи фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доштанд ва доранд. Имрӯз низ занону модарони саодатманди кишвар дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ нақши калидиро мебозанд. Албатта ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллии тоҷикона, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, барои ҳар зан, бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.

Ба рӯйхат