МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ

 30.10.2025

 СОЛИМИИ ТАН — ТАВОНОИИ ЗЕҲН

 
Иштироки дастаҷамъонаи садорат ва омӯзгорони факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора ва факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо дар машқи пагоҳирӯзӣ.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 байн гардидааст, ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи варзиш” эълон гардидааст.
Субҳи имрӯз, 25 октябри соли 2025 кормандону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ дар саҳни факултет ҷалб карда шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба варзиш ташкил шуда, барои оғоз кардани рӯз бо нерӯ ва рӯҳбаландӣ мусоидат менамояд. Тамринҳо зери роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он баргузор гардида, иштирокчиён машқҳои гуногуни баданиро иҷро намуданд.

Ба рӯйхат