АКСИЯИ ЭКОЛОГӢ

 30.10.2025

САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

 

Дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ, санаи 25 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандон, омӯзгорон, донишҷӯён ва истиқоматкунандагони хобгоҳ шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.

Аҳли колективии меҳнатии муассиса бо мақсади сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф, ободу зебо гардонидани муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии гирду атроф ва дохили бинои муассиса ва ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд.
 

Ба рӯйхат